ШИНОСИИ РАИСИ КУМИТА БО ФАЪОЛИЯТИ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ САНОАТИ НАССОҶИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
2025-10-22 13:20:52
Имрӯз
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълим ва
имкониятҳои моддию техникӣ ба Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии
техникии саноати нассоҷии шаҳри Душанбе” ташриф овард.
Директори
муассиса иттилоъ дод, ки дар оғози соли нави хониш бомпӯши бинои таълимӣ ва
толори варзишӣ иваз гардида, таъмири толор идома дорад, то хонандагон дар
шароити муосиру барҳаво таҳсилу варзиш кунанд. Роҳраву даҳлез ва синфхонаҳо низ
пурра таъмир ва рангубор шуданд, ки фазои муассисаро бароҳат намудааст.
Зикр
гардид, ки ҳамаи синфхонаҳо ва устохонаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ва
замонавӣ таъмин гардида, дар ҳар як синфхонаи тахассусӣ барои омӯзиши назариявӣ
ва амалӣ имконият муҳайё шудааст, то хонандагон малакаҳои касбии худро бо
истифода аз таҷҳизоти замонавӣ таҳким бахшанд. Ин тадбирҳо на танҳо замини
таъмини сифати таҳсил аст, балки ба хонандагон имкони пайдо кардани таҷрибаи
амалии зарурӣ барои кор дар саноати нассоҷиро низ медиҳад.
«Толори
варзишӣ, ки бом ва дохилу таҷҳизоти он пурра навсозӣ мешавад, имкон медиҳад, ки
хонандагон ба фаъолияти ҷисмонӣ ва варзиши, чун боскетболу волейбол машғул
шаванд. Ин тадбирҳо барои таъмини солии хонандагон аҳамияти калон доранд.
Ҳадафи мо фароҳам овардани муҳити бароҳат ва муосир барои хонандагон ва устодон
мебошад. Мо тамоми ҷузъҳои муассисаро навсозӣ кардем, шуруъ аз дарвоза ва
навиштаҷоти болои он то синфхонаҳо, устохонаҳо ва толори варзишӣ. Мақсад он
аст, ки хонандагон дар шароити замонавӣ таҳсил кунанд ва малакаҳои касбиро бо
таҷриба ва технологияҳои муосири таълимӣ омӯзанд», - зикр кард директори
муассиса Рухшона Давлатшоева.
Гуфта
шуд, ки дар доираи Ёддошти тафоҳум миёни Кумита ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии
СММ дар Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ ва татбиқи Барномаи давлатии рушди устувори
ғизои мактабӣ барои солҳои 2022-2027 аз ҷониби Барнома дар якҷоягӣ бо
Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Федератсияи Русия дар заминаи Литсейи касбии техникии
саноати нассоҷии шаҳри Душанбе ошхона ва лабораторияҳои намунавии ихтисосҳои
ошпазию қанодӣ барои омода кардани ошпазҳо бунёд шуда истодааст. Дар ин замина,
дар муассиса аз рӯи 4 ихтисос – ошпаз, қаннод, ошпази таомҳои миллӣ ва ошпази
таомҳои хориҷӣ минбаъд мутахассисон омода мегарданд.
Зимни
суҳбат бо омӯзгорону хонандагон академик Фарҳод Раҳимӣ таъкид кард, ки
роҳбарияти Кумита ба ҷараёни таълими амалии касбомӯзон аҳамияти махсус медиҳад.
Аз ин рӯ, ҳамаи синфхонаҳои тахассусӣ ва устохонаҳои таълимии ҳамаи муассисаҳои
таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ минбаъд низ бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои
техникӣ таъмин гардида, барои омӯзиш ва таҷрибаҳои амалии хонандагону донишҷӯён
шароити арзандаи таҳсил муҳайё гардонида мешавад.
Баъди
боздид ва шиносоӣ раиси Кумита барои суръат бахшидан ба раванди корҳои сохтмонӣ
дар толори варзишӣ ва лабараторияи таълимӣ дастур дод.