ҚОНУНҲОИ ЗИНДАГИИ МО ДАР КОНСТИТУТСИЯ ИНЪИКОС ЁФТААНД
2025-10-21 13:00:03
Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ пояи асосии давлатдориро ташкил медиҳад, ки он на танҳо низоми идоракунии давлатро муайян месозад, балки тамоми ҷанбаҳои ҳаёти шаҳрвандонро низ танзим мекунад. Дар воқеъ, тамоми қонунҳои асосии зиндагии мо аз озодии сухан то ҳуқуқи таҳсил ва меҳнат дар моддаҳои Конститутсия таҷассум ёфтаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, ҳамчун санади сарнавиштсоз, ба мардуми тоҷик имкони зиндагии шоиста фароҳам овард. Он дар замоне қабул шуд, ки давлату миллат дар як марҳилаи ҳассоси таърихӣ қарор доштанд. Бо қабул гардидани Конститутсия, мардуми мо роҳи ҳуқуқбунёд ва давлатдории муосирро пеш гирифтанд.
Дар замони имрӯза, ки бисёр кишварҳо аз набудани суботи сиёсӣ ва ихтилофҳо ранҷ мекашанд, Тоҷикистон зери роҳбари ѓамхору сулҳпарвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї – Пешвои
миллат, Президенти Љумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалї Раҳмон ба туфайли риояи Конститутсия ва ваҳдати миллӣ тавонист осоиштагӣ, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро таъмин намояд.
Мавқеи асосиро дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳанд, зеро риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафили давлатдории ҳуқуқбунёду демократӣ мебошад. Махсусан, пас аз тағйиру иловаҳое, ки тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ворид карда шудаанд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо инобати манфиати онҳо такмил дода шудаанд.
Яке аз муҳимтарин арзишҳое, ки дар Конститутсия дарҷ гардидааст, ин кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Ҳар як шахс новобаста ба миллат, нажод, забон, ҷинс ва мазҳаб дар назди қонун баробар аст ва ҳуқуқ дорад, ки озодона фикр кунад, таълим гирад, кор кунад, зиндагии ором дошта бошад ва дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар иштирок намояд. Ин ҳама ҳуқуқҳо ва имкониятҳо дар моддаҳои гуногуни Конститутсия дарљ гардидаанд.
Имрӯзҳо бо гузашти солҳо аз қабули Конститутсия, метавон бо ифтихор гуфт, ки
он на танҳо як санади ҳуқуқӣ, балки як қитъаи роҳнамо дар роҳи зиндагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа мебошад. Ҳар як тағйирот ва пешрафт дар кишвар хоҳ дар соҳаи маориф бошад, хоҳ дар иқтисод заминаи ҳуқуқии худро аз Конститутсия мегирад.
Пас, мо шаҳрвандони Тоҷикистон бояд Конститутсияро эҳтиром намоем, онро омӯзем ва дар амал ба иҷрои талаботи он содиқ бошем. Танҳо дар чунин сурат мо метавонем ҷомеаи мутамаддин ва давлати пешрафтаро бунёд созем.
Конститутсия оинаи ҳуқуқии ҷомеаи мост. Дар он тамоми қонунҳои зиндагии мо инъикос ёфтаанд ва риояи он кафили зиндагии осуда ва орому босубот мебошад.
Конститутсия «қалби қонунҳои давлат» аст. Зеро агар қалб набошад, инсон зинда буда наметавонад. Ҳамин тавр, агар Конститутсия набошад, давлат ва ҷомеа бе низом ва бесубот мешавад.
Мо ҳам бояд масъулиятшинос бошем қонунро риоя кунем, муҳити зистро ҳифз намоем, Ватанро дӯст дорем ва ба якдигар эҳтиром гузорем. Имрӯз воќеан масъулияти ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст,
ки Конститутсияро хуб дарк мекунад ва ба он амал менамояд, ки як ҷомеаи воқеан обод, муттаҳид ва пешрафта дорем.
Мо насли љавон ва ояндасози миллат бояд Конститутсияро
на танҳо ҳамчун як китоб, балки ҳамчун дониши ҳаёт омӯзем ва ба он амал кунем. Зеро он калиди осоиштагӣ, рушди устувор ва ваҳдати миллии мост.
Дар шароити муосир, ки ҷомеа босуръат рушд мекунад ва технологияҳои нав дар ҳама ҷанбаҳои зиндагии мо ҷой мегиранд, нақши Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ боз ҳам муҳимтар мегардад. Имрӯз, мо бе Конститутсия наметавонем тартибу низом, баробарҳуқуқӣ ва оромиро дар ҷомеа нигоҳ дорем. Он ҳамчун қонунҳои асосии зиндагӣ, тамоми муносибатҳои байни шаҳрвандон ва давлатро ба танзим медарорад.
Мо уҳдадорем, ки эҳтироми қонун, ҳимояи Ватан, нигоҳдории табиат ва гиромидошти арзишҳои миллиро ба
љо орем. Дар шароити таҳдидҳои иттилоотӣ ва хатарҳои ҷаҳонӣ, танҳо давлате метавонад осудагӣ ва амниятро нигоҳ дорад, ки шаҳрвандонаш ин уҳдадориро дошта бошад ва ба Конститутсия содиқ бошанд.
Хайрулло СОДИҚЗОДА,
сармутахассиси Раёсати таҳсилоти миёнаи касбии Кумита