Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > МАҚОМИ ОМӮЗГОР ИН МАҚОМИ МИЛЛАТ ДАР ҶАҲОН АСТ
single-product

МАҚОМИ ОМӮЗГОР ИН МАҚОМИ МИЛЛАТ ДАР ҶАҲОН АСТ

2025-10-21 12:52:17

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» аз ҷониби Маҷлиси намояндагон яке аз рӯйдодҳои муҳим ва таърихӣ дар ҳаёти маънавию иҷтимоии кишвар аст. Ин санади меъёрӣ на танҳо як қонун, балки эъломияи эҳтиром ба заҳмати устодон ва қадами устувор ба сӯи эҳёи мақому манзалати ҳақиқии омӯзгор дар ҷомеа мебошад.

Солҳои охир дар тамоми гӯшаҳои кишвар зиёд гуфта мешуд, ки рисолати омӯзгор дар таҳаввули ҷомеа, бедории фикрии насл ва рушду пойдории давлат ниҳоят бузург аст, вале шароити ҳуқуқиву иҷтимоии онҳо ба он дараҷае, ки сазовори ин ном аст, мутобиқат намекунад. Қабули ин қонун ҷавоби амалӣ ба чунин ниёз ва арзи эҳтироми давлат ба инсонест, ки меъмори маънавият ва тарбиятгари насли оянда мебошад. Ин қонун, ки бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва пас аз баррасии ҳамаҷониба аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардид, дар худ арзишҳои волои иҷтимоӣ ва маънавиро таҷассум мекунад.

Дар муҳтавои он тамоми паҳлӯҳои ҳаёт ва фаъолияти омӯзгор аз ҳуқуқ ва уҳдадориҳо то кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳимояи шаъну шараф ба таври возеҳ муайян шудаанд.

Мақсад ин аст, ки омӯзгор на танҳо дар ҷои кор, балки дар тамоми паҳлуҳои зиндагӣ эҳсос намояд, ки давлат ва ҷомеа пуштибони ӯянд. Дар моддаҳои қонун масъалаи муҳимтарини соҳаи маориф, аз ҷумла баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ба таври воқеӣ ва асоснок ҳал шудааст.

Зеро вақте устод худро соҳибэҳтиром ва ҳифзшуда ҳис мекунад, ба шогирд низ бо меҳр, масъулият ва садоқати бештар назар хоҳад кард. Қабули ин қонун бозгӯи он аст, ки сиёсати иҷтимоии давлати мо рӯ ба сӯи қадрдонии ҳақиқии заҳмати омӯзгорон равона шудааст. Ин иқдом на танҳо рамзи эҳтиром, балки амали воқеии дастгирӣ мебошад. Мувофиқи қонун, омӯзгорон соҳиби як қатор кафолатҳо ва имтиёзҳои нав мегарданд, ки аз беҳсозии шароити моддию маишӣ то дастгирии касбӣ ва ҳуқуқии онҳо фаро мегирад. Ба хусус, барои омӯзгороне, ки дар деҳот фаъолият мекунанд, имтиёзҳои иловагӣ пешбинӣ шудааст аз ҷумла шароити зист, кӯмаки моддӣ ва дастгирии давлат барои боло бурдани сатҳи зиндагӣ. Ин иқдом ба таври мустақим ба баланд шудани сифати таълим дар минтақаҳои дурдаст мусоидат хоҳад кард.

Дар қонун ҳамчунин масъалаи “даҳлу нотаксирии касбӣ ба таври ҷиддӣ зикр гардидааст. Ин маънои онро дорад, ки фаъолияти омӯзгор бояд аз дахолати омилҳои сиёсӣ, маъмурӣ ва дигар таъсирҳои беруна озод бошад. Ин принсип барои таҳкими эҷодкорӣ ва ташаккули навоварии омӯзгор дар раванди таълим хеле муҳим аст.

Устод бояд озодона андеша кунад, нав биомӯзад ва нав биомӯзонад. Ҳамин озодии фикр ва эҳтироми касбӣ ба рушди воқеии маориф замина мегузорад. Қонуни нав омӯзгорро на танҳо чун муаллим, балки чун шахсияти калидии иҷтимоӣ мешиносад. Ӯ дар ин санад ҳамчун шахсе муайян шудааст, ки нақши ҳалкунанда дар ташаккули маърифат, ахлоқ ва ватандӯстии насл дорад. Аз ин рӯ, давлат уҳдадор мешавад, ки барои рушди зеҳнӣ ва маънавии омӯзгор, барои баланд бардоштани савияи донишу малакаи ӯ шароити мусоид фароҳам оварад. Ин як навъ эъломияи эътимоди давлатӣ ба устодон аст, ки онҳо дар сиёсати миллии Тоҷикистон ҷойгоҳи арзанда доранд. Натиҷаҳои мусбати қабули чунин қонун хеле зиёданд.

Пеш аз ҳама, он мақоми иҷтимоии омӯзгорро боло мебарад. Дар ҷомеае, ки омӯзгор арзишманд аст, илму маърифат гул мекунад, ахлоқ ва фарҳанг пурқувват мемонад. Бо қабул шудани ин қонун эҳтироми умумӣ ба устодон афзоиш меёбад, ҷомеа нисбат ба онҳо масъулият эҳсос мекунад ва ҷавонон низ ба касби омӯзгорӣ бо чашми дигар менигаранд. Ин метавонад ба баланд шудани сатҳи донишҷӯёни ихтисоси омӯзгорӣ ва ба беҳтар шудани сифати кадрҳои соҳаи маориф оварда расонад.

Аз ҷиҳати дигар, қонун кафолати иҷтимоии омӯзгоронро устувор мекунад. То имрӯз бисёр омӯзгорон аз сабаби маоши кам, набудани шароити муносиб ва беэътиноӣ ба ҳуқуқҳои худ ноумед мешуданд. Акнун онҳо метавонанд бо итминон фаъолият кунанд, зеро пушти онҳо қонуни давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқӣ меистад. Ин боис мешавад, ки устодон бо ҳавасмандии бештар, бо ҳисси ифтихор ва масъулият ба кори худ назар кунанд. Ҳамзамон, ин қонун барои баланд бардоштани обрӯи байналмилалии Тоҷикистон низ аҳамияти хоса дорад.

Кишварҳое, ки ба омӯзгор арзиш медиҳанд, дар арсаи ҷаҳонӣ бо нишондиҳандаҳои баланди маърифатӣ ва фарҳангӣ шинохта мешаванд. Тоҷикистон бо қабули чунин қонун нишон дод, ки сиёсати миллии он ба сӯи эҷоди ҷомеаи донишманд, бофарҳанг ва худшинос равона шудааст. Қонуни «Дар бораи мақоми омӯзгор» бо тамоми аҳамият ва мундариҷаи худ як навъ посух ба талаботи замон аст. Замоне ки илму технология рӯ ба рушд дорад, танҳо омӯзгор метавонад роҳи дурусти истифодаи донишро ба насли ҷавон нишон диҳад.

Бо қабули ин қонун, Тоҷикистон боз як қадами муҳим дар роҳи эҳёи арзишҳои маънавии худ гузошт. Омӯзгор, ки то имрӯз бо меҳру муҳаббат, вале бе дастгирии кофии ҳуқуқӣ фаъолият мекард, акнун соҳиби санаде гардид, ки арзиш, шаъну шараф ва заҳмати ӯро қонунӣ эътироф мекунад. Ин иқдоми бузург на танҳо қонуни давлат, балки қонуни дилу виҷдони ҷомеаи мо мебошад.

 

Заррина ЁҚУБОВА,

сардори маркази иттилотӣ ва рақамикунонии

Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Хуҷанд