Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > «АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ» ОИНАИ МАКТАБИ ДАВЛАТСОЗИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ
single-product

«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ» ОИНАИ МАКТАБИ ДАВЛАТСОЗИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ

2025-10-21 12:23:08

Китоби «Абармарди таърихсоз» асари пурмазмун, таҳлилӣ ва арзишманде аст, ки чеҳраи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун роҳбари бузурги таърихсоз, меъмори сулҳ, ва бунёдгузори давлати навини тоҷикон бо нигоҳи илмӣ ва зебоии сухан тасвир менамояд.

Муаллиф, академик Фарҳод Раҳимӣ бо дақиқу фарохназарии баланди илмиву маънавӣ ва забони равону дилчасп тавонистааст, ки дар ду ҷилд роҳи пурифтихору пурмашаққати давлатдории навини тоҷиконро аз миёни туфону печидагии солҳои душвор ба сӯйи субот ва рушди устувор инъикос кунад.

Ҷилди аввал ба давраҳои ибтидоии фаъолияти Пешвои миллат аз рӯзҳои фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ то расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва бунёди пояҳои давлатдорӣ бахшида шудааст. Ин бахш бо далелҳои мустанад ва таҳлили илмӣ нишон медиҳад, ки чӣ гуна иродаи оҳанин, хиради сиёсӣ ва ҷавонмардии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонро муттаҳид намуда, Тоҷикистонро ба сӯйи ҳаёти осоишта раҳнамоӣ карданд.

Ҷилди дуюм бошад, идомаи мантиқии он сафарномаи таърихист. Дар он Пешвои миллат ҳамчун меъмори рушди устувор, ташаббускори сиёсати хориҷӣ ва рамзи инсонгароии умумибашарӣ муаррифӣ мегарданд. Муаллиф бо забони пурэҳсос ва сабки лирикӣ симои инсоне аз оҳан ва меҳр меофарад, инсоне, ки ҳамчун раҳбар ва устоди хирад, намунаи сабр, таҳаммул ва меҳри инсонӣ аст. Дар «Абармарди таърихсоз» Пешвои миллат ҳамчун шахсияти фаротар аз сиёсати муосир ва муаллими ахлоқиву фарҳангӣ тасвир ёфтааст. Сарвари давлат дар саҳифаҳои ин китоб на чун меъмори сулҳу ваҳдат, балки нигаҳбони маънавиёт, пуштибони ҷавонон ва бунёдкори ҷомеаи нав мебошанд.

Хусусияти муҳимми ин ду ҷилд дар он аст, ки муаллиф ҳодисаву воқеаҳои таърихиро танҳо нақл намекунад, балки ҳар рӯйдодро бо назари фалсафӣ, забони адабӣ ва диди таҳлилӣ меомӯзад. Дар байни сатрҳо хонанда таърихи як давлат ва руҳи бедори як миллатро эҳсос мекунад. Китоб хонандаро водор месозад, ки аз мактаби давлатдориву давлатсозии Пешвои миллат таҷрибаи роҳбарӣ, дарси ватандӯстӣ, ахлоқ ва масъулиятшиносӣ омӯзад. Ин асар барои ҷавонон, яъне насли ояндасоз ҳамчун дастури ҳаётӣ ва барои олимону омӯзгорон ҳамчун сарчашмаи илмӣ хизмат мекунад.

Бо нашри ҷилди дуюм, «Абармарди таърихсоз» на ҳамчун як китоб, балки қомуси мактаби давлатсозии тоҷикон гардид. Он руҳи замонро бо чеҳраи Пешвои миллат ҳамнафас мекунад ва исбот менамояд, ки таърихро ҳамеша инсонҳои дорои ирода, имон ва хирад месозанд. Ҳамин тавр, ин ду ҷилд якҷо таърихи муосири Тоҷикистонро ба қалам оварда, руҳи миллатро дар чеҳраи Пешвои худ таҷассум намудаанд.

«Абармарди таърихсоз» - ин таърихи як абармард набуда, балки таърихи эҳё, худшиносӣ ва пояндагии миллати тоҷик аст. Аз ин рӯ, ҳамчун як омӯзгор тавсия медиҳам, ки наврасону ҷавонон асари мазкурро ба пуррагӣ мутолиа намуда, барои комил ва дурахшон сохтани ояндаи худ замина гузоранд.

ҒАФУРӢ Зоир Саъдулло,

директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова