ТАЪРИХИ ПАЙДОИШ ВА ТАШАККУЛИ ҲУНАРИ ТАРРРОҲӢ
2025-10-21 12:22:01
Дар рафти зиндагонии худ инсоният мархалаҳои зиёди
инкишофро аз сар гузаронида аст. Инкишофи ҳиссаи зебопарастии инсон дар
бозёфтҳое, ки аз тарафи бостоншиносон ёфт гардидаанд, ба монанди китобу
дастхатҳои нодир, расм ва мусаввараҳои рассомони гузашта, ки дар онҳо маданият,
меъморӣ ва маишати рўзғорӣ он давраи қадим тасвир ёфтаанд, инъикос гашатааст.
Барои наслҳои ояндаи худ инсон давраҳои гуногунро бо
равияҳо ва ҷараёнҳо мерос гузоштааст, ки дар ҳар яки он тарзи зиндагии
гузаштагон инъикос ёфтааст. Мушоҳидаҳо собит менамояд, ки дар вақти ҳукмронии
ин ё он равия ё ҷараён, онҳо таъсири худро дар ороиши ашёҳо, меъморӣ, сару
либос, ҷиҳози манзил назаррас мерасониданд.
Дизайн (англиси desighn- расм лоиҳа) фаъолияти
эҷодӣ, ки ба ташаккул ва мураттабсозии предметию фазоии муҳит, ҳосил кардани
ягонагии ҷиҳатҳои функсионалию эстетики он равона карда шудааст. Натиҷаи ин кор
низ дизайн номида мешавад.
Мафҳуми дизайн дар замони муосир қариб, ки дар кули
самтҳо паҳн шудааст: аз тарроҳии мўй то дизайни графикӣ, аз дизайн филмофарӣ то
дизайни маҳсулоти дўзандагӣ, аз фотодизайну АРТ- дизайн то дизайни ландшафт ва
инчунин дизайни синамо, компютерӣ, маҳсулоти ороишӣ ва ғайра.
Касби дизайнерӣ миқёси фаъолияи худро васеъ намуда
дар намудҳои гуногуни хоҷагии халқ мавқеи устувори худро таъмин намуда
истодааст.
Дизайн- ин намуди замонавӣ ва аз бисёр ҷиҳат
такмилёфтаи санъати ороиши амалӣ мебошад. Зеро шакли тағйирёбӣ- протсесси табии
буда, маданият дорои нақшбандӣ дар ҳама намуди фаъолиятҳои унсурҳои таҳрезӣ ва
ташкилдиҳӣ, натиҷаи корҳо дида мешавад., ки ин танҳо хоси дизайн аст.
Донистани таърихи дизайн танҳо дар дарки касбу
ихтисос, балки барои вориди усулҳои наву замонавии банақшагирӣ, моделронӣ,
навоварӣ дар соҳаи фаъолияти касбӣ боис мегардад.
Дизайн дар айни замон яке аз касби маъмул гаштааст,
як зумра шахсиятҳои эҷодкор тўли чанд солҳо онро диққатҷалбкунанда сохта, дар
ташкили ҳаёти зебо, тараққиёти маданият қудрати кори дизайнеронро нишон дода
тавонистанд.
Ба давлатҳое, ки дизайн пештар ворид гаштааст:
Олмон, Итолиё,ИМА, Япон дохил шуда, истеҳсолот ва фурўш фармоишгарони доимии
дизайн ба ҳисоб мераванд.
Ҳастанд давлатҳое, ки дизайн дар ҳамаи намудҳои
фаъолияташон ворид гаштааст- Ҷопон , Итолиё.
Ба давлатҳое, ки маданияти бой ва баланди бадеӣ,
илмӣ- техники эҷодкорӣ доранд. Бритониён, Кабир , Фаронса , Русия дохил
мешаванд.
Дизайн- намуди фаъолияти лоиҳавӣ – бадеӣ буда, бо
коркарди муҳити предметии олами иҳотакунандаи инсон алоқамандӣ дорад.
Дар иҷрои корҳои худ дизайнер аз тамоми воситаҳои л
оиҳасозӣ истифода мебаранд: аз конструксиясозии
техникӣ, ҷобаҷогузорӣ- то шаклёбии композитсионӣ (композиционное
формообразование), аз анализи функсионалӣ- то моделҳои ташкилӣ
(организационных) ва консептуалии муҳити предметӣ.
Якҷоягии ин воситаҳо бо назардошти фаҳмиши
умумимаданӣ, бадеӣ- фазовӣ, донистани олами предметӣ ва олами коммуникатсия ба
тавлиди табиати дуюм оварда мерасонад. Коркарди ин табиати навташкил як қатор
услубҳоро дар бар мегирад, яъне ташхиси функсионалӣ, ҷо ба ҷо гузорӣ, сохтани
шакли фазовӣ ё графикӣ ва тансиқгардонӣ (стилизатция).
Мақсади дизайн- қонеъ намудани талаботҳои
гуногунҷабҳаи инсонӣ, ки дар худ талабот ба маданияти монандӣ( идинтификатция),
ташки мақсадноки муҳити зисти предметиву ахборотӣ дар асосои моделҳои фазовӣ –
бадеиро дорост, ба ҳисоб меравад. Ин кори рассом бо шаклҳо буда, ба шаклдарории
асоси дизайн ба ҳисоб меравад, аз рўи шакл дизайнер бо истеъмолкунанда муомила
менамояд.
Тавлиди дизайн яке аз фаъолияти касбии мустақил бо
тараққиёти истеҳсолоти оммавӣ, технологияҳо ва илмҳои ороиши бадеӣ(прикладные
науки) вобастагӣ дорад. Гарчанде, ки таърихи он гуногунҷабҳа буда, далелҳоро
дар соҳаи меъморӣ, техника, санъати тасвирӣ, назарияи системаи нишонаҳо ,
сотсиология, културология, муаммоҳои коммуникатсионӣ, рекламаҳо, ташхиси
функсионалӣ ва эргономика дошта бошад ҳам , лекин асри ХХ ба мо маълумотҳоеро
аз тадқиқотҳои таърихие медиҳад, ки махсус ба ин касб бахшида шудаанд. Ба қатори
чунин сарчашмаҳои таърихи китоби якум «Пионерони ҳаракати муосир» (пионеры
современного движения). Пайдошавии дизайн бо тараққиёти саноат дар асри 19
вобастагии калон дорад.
Дизайн- ин зебосозӣ, сохтусоз аз рўи қоидаҳои
эстетикӣ, сохтан ва оро додани асбобу анҷом, ашёи рўзгор, хонаҳои истиқоматӣ,
ҳуҷраҳо автомашинаҳо, сару либос ва ғайра, ки муҳити ҳаёти инсонро иҳота
менамояд, мебошад.
Тўли чандин асрҳо дизайнерон аз предметҳое, ки моро
иҳота кардаанд, ҳар гунна офаридаҳоро тартиб медоданд, ки дар омода кардани он
аз ороишоти гуногун истифода мебурданд.
Дизайнерон- яъне ороишгарон дар офаридаҳои худ бояд
моҳирона тарзу услуби ба худ хос истифода баранд, ки фикри эҷодкоронаи онҳо ба
ҳама фаҳмо бошад. Дар асрҳои гузашта, яъне ки техникаву технология набуд, инсон
ҷиҳозҳои лозимаи худро ба таври дастӣ месохтанд, ки ба он низ зиёд буд.
Масалан, одами давраи ибтидоӣ маҷбур буд, ки барои дар муддати дурудароз нигоҳ
доштани об зарф дошта бошад, ў аз гили бо тасвирҳои гуногуни растанигӣ шавқ
пайдо намуд, гил дар табиат хеле зиёд буда, масолеҳи дастрас ба ҳисоб мерафт ва
сохтани ашёҳо аз он меҳнати зиёд талаб намекард.
Таърихи пайдоиши дизайн, дар асл таърихи қадимаро
дорад, одамони ҷамъияти ибтидоӣ хайма ё манзили истиқоматии худро ба расму
тасвирҳо пур мекарданд ва бехабар аз он буданд, ки ин ҳама ба дизайн дохил аст,
яъне аввалаҳо деворҳои манзили онҳо ғамангезу дилгиркунанда бошанд, баъди пайдо
шудани ороиш бо тасвирҳо завқи зиндагии одамон дигаргун гашт. Рафта- рафта
шакли умумии хаймаи онҳо дигаргун мешуд.
Дар замонҳои пеш гарчанде, ки истеҳсоли ашёи хом кам
ба назар мерасид, бо вуҷуди он маснуотро ба таври дархостӣ тайёр менамуданд, ки
он ҳам фоидабахш, зебою камхарҷ ва мувофиқи талаботи ҳамон замон буд.
Бо гузашти асрҳо, албатта ҳама ашёҳо намудҳои нав ба
нав пайдо менамуданд. Акнун, ки дар истеҳсолот мошинаву технологияи нав ба кор
бурда мешаванд, ҳама ороишот тариқи техникаву технология ё мошинҳо истеҳсол ва
ороиш дода шудаанд. Лекин, то ҳол ҳунари дастӣқиммати худро гум накардааст. Ҳар
роҳу равиш таърихи пайдоиши худро дорад ва ба зинаҳо тақсим мешавад.
Таърихи ташаккули зинаҳои шакли дизайн аз 3 давра
иборат аст:
-Истеҳсоли меҳнати дастӣ- аз пайдоиши одамият то
охири асри 18
-Истеҳсоли мошинӣ- индустриалӣ- аз асри 18 то авали
асри 20
-Зинаи дизайн аввали асри 20 то замони мо.
Истеҳсоли меҳнати дастӣ- ин офаридан бо меҳнати худи
инсон, яъне на ба тариқи ягон мошина мебошад. Истеҳсолоти мошинӣ – истеҳсоли
ашёҳо ба тариқи мошинаву технология буда, дар асри истеҳсолоти индустриалӣ ,
яъне мошинӣ, ороишгар ба тайёр намудани навъҳои гуногуни коркард ба тариқи
мошина шурўъ намуд, ин боиси он гардид , ки давраи таҷрибаомўзии ороишгарон
васеъ гардид.
Барои баровардани маҳсулот, ба сифату арзиши он
муҳандисон коркард кунанд, ороишгарон- дизайнерон ба намуди зоҳирии он эътибор
медоданд. Дар офаридани маснуот, ороишгар бояд дониши мукаммал оид ба коркарди
технологии ашёи истифодабаранда, хусусиятҳои кимёвӣ ва физики онҳоро дошта
бошад.
Албатта, намуди зоҳирии маснуот аз ҳама асосӣ дар
дизайн ба ҳисоб меравад, лекин дар баробари он ҷиҳатҳои фоидаоварӣ, зарар
нарасонидан ба саломатии инсон, дар истифодабарӣқулай будани он низ ба назар
гирифта сохта, ороиш дода мешавад.
Зинаи сеюми дизайн- ду зинаро, яъне ду навъи
истеҳсолоти қаблиро ба ҳам пайваста, доираи худро васеъ кард ва зинаи худ,
зинаи дизайнериро ба вуҷуд овард.
Акнун ороишгар, дар соҳаи истеҳсолот фаъолият
мебарад, аз ашёи хом ва технологияҳо васеъ истифода бурда , бо истеҳсолоти
гуногун алоқамандии зич дорад ва аз дастовардҳои бузурги онҳо истифода мебарад.
Таърихи дизайн, чун худи дизайн жанр ва паҳлўҳои
дарунии худро дорад. Таърихи мўди либос, дизайни графикӣ ва реклама, интереру
намоишгоҳҳо, асбобҳои рўзгору мебел, матоъҳову таҷҳизотҳои маишӣҳар яке дар
алоҳидагӣ навишта мешавад. Аммо ба ин нигоҳ накарда, гарчанду, ки ихтисоси
маҳдуд ва муаммоҳои худро дошта бошад ҳам, чизе ҳаст , ки онҳоро ба ҳам
муттаҳид месозад, он пешниҳоди лоиҳа, маданияти лоиҳасозӣ, муаммоҳои бадеӣ,
технологӣ ва зарурияти истифодабарӣ аст.
Санъат барои тавлиди дизайн роли гурўҳи махсуси
мушоҳидавиеро мебозид , кадоме ки технологияҳои нави эҷодӣ ва тасвиротро
мунтазам меомўхт.
Таърихи дизайн чун намуди фаъолияти бадеӣ-лоиҳавӣ бо
ҳамоҳангии маданияти бадеӣ, илмӣ- техникӣ, мушоҳидавӣ омехта гашта, аз ин рў
албатта навоварӣ ва ихтирооти худро дар техника,эҷодиёти бадеӣ ва муҳандисӣ
таъсир нарасонида наметавонад. Дар навбати худ дизайн- ин маводи маданият,
асбоби сохтмони маданӣ ва фактории маданиятро ба шаклдароваранда ҳисобида
мешавад.
Калимаи «дизайн» аз англисии «desighn» буда, маънои
«нақша», «расм» тарҷума гашта, «дизайнер»- шахсе, ки ба нақша дароварда
метавонад, расм ва нақша мекашад буда, маъно дигари он шахси пухтакору
боақлрогирифтааст. Ҳисобида мешавад , ки дизайнер метавонад бо ҳам намуди
услубҳои фикрронӣ машҳур гардад- яъне ҷустуҷўи зебоӣ, ҳалли фикрҳои аҷоиб дар
асоси истифодаи маводҳои каммасраф, дахолати иқтисодӣ буда, унверсал мебошад.
Барои он универсал аст, ки ў дар чизҳо ташкили
умумии шаклҳоро дида метавонад, ки он ҷобаҷосозӣ, якҷоягӣ, аз ҷой ба ҷое
кўчонидан , тағйир додан буда, услуби асосии дизайн ба ҳисоб меравад. Кори ў аз
муайян намудани хусусияти шакали предметҳои истеҳсолшуда, мувофиқ сохатан аз
нуқтаи назари барои истифода қулай будан, мувофиқатии андоза ба андоми инсон
(эргономика), коркарди намуди зоҳирии чизҳо иборат аст.
Байни худи дизайнерон чунин фикрҳо шунида мешаванд:
«Дизайн- ин нақши ҷойгиркунии ин ё он ҷузъиётҳо бо
чунин тарзе мебошад, ки онҳо барои мақсади гузошташуда бо шакли аз ҳама беҳтар
хизмат расондан » (Чарлис ИМС, ИМА).
«Техника набояд маданиятро харидори намояд, ў худ
бояд маданият шавад» (Этторе Соттсас, Итолиё).
«Байни рассом ва дизайнер ҳудуд мавҷуд нест»(Эйко
Исиока,Ҷопон).
Аз маълумотҳои дар боло ифодаёфта, хулосаи 1-ум ин,
ҳар шахси хоҳишманд метавонад дизайнер шавад. Ин монанди он, ки дўст дошта,
нафаси озод кашидан ва зиндагӣ кардан аст. Хулосаи 2-юм: фикрҳои эҷодӣ ва ҳалли
онҳо нохости аз ягон ҷои номаълум намеоянд, онҳо дар худи мо ва гирду атрофи
моянд, дизайнер- шахсест, ки хуб дида метавонад, мушоҳидаву тахмин месозад,
беҳтаринро ҷудо карда метавонад, ҷобаҷогузории зебо месозад. Хулосаи 3-юм:
Дизайн - ин фаъолияти банақшагирии универсалӣ буда, ба он маснуоти истеҳсолӣ,
мебел, либос, маснуоти нассоҷӣ (текстиль), объектҳои дизайни графикӣ, меъмории
хурд (дизайни шаҳр, истгоҳҳо, нишону овезаҳо) ва нақлиёти бо барориши зиёд ва
камбарориш дохил мешавад.
Мавзуна ХАЛИЛОВА,
омӯзгори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри
Истаравшан