ПАХТА - БОИГАРИИ МИЛЛИИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ
2025-10-20 09:22:25
Дар замони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ва
рақобати иқтисодӣ бо суръати баланд идома доранд, нақши соҳаи кишоварзӣ дар
таъмини рушди устувори давлатҳо беш аз пеш меафзояд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ки иқтисоди он хусусияти аграрӣ дорад, пахтакорӣ на танҳо ҷузъи муҳими
истеҳсолот, балки пояи амнияти иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад. Пахта ҳамчун «тиллои
сафед» рамзи заҳмати поки деҳқон ва нишонаи боигарии миллӣ маҳсуб меёбад.
Пахта дар иқтисодиёти Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус
дорад. Он аз зироатҳои стратегӣ ба ҳисоб меравад, ки саҳми назаррас дар
даромади умумии миллӣ дорад. Аз лиҳози иқтисодӣ, пахта яке аз маҳсулоти
содиротии асосии кишвар буда, барои садҳо ҳазор нафар шаҳрвандон манбаи кор ва
рӯзгор аст.
Тибқи маълумотҳои расмӣ, солона дар Тоҷикистон садҳо
ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол мешавад, ки қисми зиёди он ба кишварҳои хориҷӣ,
аз ҷумла Туркия, Чин, Покистон ва Ӯзбекистон содир мегардад. Ин раванд ба
беҳтар гардидани тавозуни савдо ва афзоиши даромади буҷет мусоидат менамояд.
Илова бар ин, коркарди саноатии пахта — истеҳсоли
равған, матоъ ва дигар маҳсулоти ниҳоӣ — самти муҳими баланд бардоштани арзиши
иловагии маҳсулоти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Пахтакорӣ дар баробари аҳамияти иқтисодӣ, дорои
арзишҳои иҷтимоиву сиёсӣ низ мебошад. Давлат тавассути барномаҳои миллии рушди
соҳаи кишоварзӣ ва стратегияи амнияти озуқаворӣ ба рушди соҳаи пахтакорӣ
аҳамияти хоса медиҳад.
Ин раванд боиси болоравии сатҳи зиндагии аҳолии
деҳот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ мегардад.
Ҳамзамон, пахта омили муҳими таҳкими суботи иҷтимоӣ ва сиёсати устувори
давлатдории миллӣ аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Мо бояд ҳар
ваҷаб замини обӣ ва ҳар қатра обро самаранок истифода бурда, истеҳсоли
маҳсулоти кишоварзиро зиёд кунем, зеро ин кафолати амнияти иқтисодиву иҷтимоии
кишвар аст”.
Ин суханон собит месозанд, ки пахтакорӣ танҳо як
соҳаи иқтисодӣ нест, балки унсури муҳимми сиёсати миллии Тоҷикистон ба шумор
меравад. Аз нигоҳи илмҳои географӣ ва экологии
муосир, рушди устувори пахтакорӣ ба идоракунии дурусти захираҳои табиӣ вобаста
мебошад. Тоҷикистон дорои иқлими континенталӣ
буда, захираҳои обии он маҳдуд мебошанд. Аз ин рӯ, масъалаи истифодаи оқилонаи
об ва замин дар соҳаи пахтакорӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, аз қабили обёрии
қатрагӣ, истифодаи тухмии мутобиқ ба иқлим ва воситаҳои биологӣ метавонад
ҳосилнокиро афзоиш дода, ба ҳифзи муҳити зист мусоидат намояд. Ҳамзамон,
омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳосили пахта бояд самти муҳими пажӯҳишҳои
илмӣ бошад.
Давлати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ барои
рушди соҳаи пахтакорӣ як қатор барномаҳои стратегиро роҳандозӣ кардааст. Аз
ҷумла, Барномаи давлатии рушди кишоварзӣ, Стратегияи миллии рушди устувор ва
сиёсати инноватсионии аграрӣ. Ин барномаҳо ҳадаф доранд, ки бо ҷорӣ намудани технологияи муосир,
васеъ кардани инфрасохтори коркард ва баланд бардоштани сатҳи дониши деҳқонон,
истеҳсолоти пахтаро ба сатҳи саноатии рақобатпазир бароранд.
Пахта ҳамчун маҳсулоти стратегӣ ва боигарии миллии
Тоҷикистон нақши муҳим дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва устувории сиёсӣ дорад.
Бо дарназардошти ин омилҳо, метавон гуфт, ки пахта
на танҳо зироати техникӣ, балки пояи иқтисод, омили суботи иҷтимоӣ ва нишонаи
ифтихори миллӣ мебошад.
Улуғбек РӮЗИЕВ,
омӯзгори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд