МЕҲРГОН – ОИНАИ ФАРҲАНГИ ВОЛОИ НИЁГОН ВА ПАДИДАИ ЭҲЁИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
2025-10-20 09:13:34
Ҷашнҳои миллӣ ҳамчун оинаи тамаддуну
худшиносии ҳар як миллат, манбаи руҳбаландӣ, ваҳдатофарӣ ва пайванди наслҳо
маҳсуб меёбанд. Яке аз чунин суннатҳои дерина, ки реша дар умқи таъриху фарҳанги ориёӣ дорад, ҷашни Меҳргон аст.
Имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
суннатҳои фарҳангии мо, ки гоҳе дар канори фаромӯшӣ қарор гирифта буданд, рӯ ба
эҳё овардаанд ва ба масири арҷгузорӣ ба мероси миллӣ ворид шудаанд.
Ҷашни Меҳргон аз зумраи чунин суннатҳои
бостонӣ буда, бо ташаббуси Пешвои миллат расман дар кишвар ҳамчун иди миллӣ таҷлил
мегардад. Ин иқдоми муҳиму дурбинона на танҳо эҳтиром ба анъанаҳои таърихист,
балки ба худшиносиву ифтихори миллии ҳар як тоҷик заминаи қавӣ мегузорад.
Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки дар
фарҳанги мардуми ориёинажод ҳамагӣ ду фасл вуҷуд дошт – “hama” (тобистон) ва “zayana”
(зимистон). Наврӯз оғози “тобистон” ва Меҳргон оғози
“зимистон” ба ҳисоб мерафт. Ба ин маънӣ, Меҳргон на танҳо ҷашни як
фасл, балки рамзи гузариш аз гармӣ ба сардӣ, аз мавсими ҳосилғундорӣ ба давраи
захираву омодагӣ ба зимистон аст.
Меҳргон иди табииву заминдор, деҳқонӣ, мардумӣ,
меҳнатписандӣ ва файзу баракат мебошад. Ин ҷашн на танҳо рамзи эҳтиром ба
замину меҳнати деҳқон аст, балки навъе аз ташаккур ба табиат ва гиромидошти
муваффақиятҳои яксолаи мардум аст. Аз нигоҳи ниёгони донишманди мо, Меҳргон на
фақат ид, балки замони таҷдиди назар дар фаъолияти кишоварзӣ, муайян кардани
натиҷаҳои меҳнати солона, ва омодагӣ ба шароити зимистон аст.
Имрӯз, ки дар партави сиёсати
фарҳангпарваронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Меҳргон дар
саросари кишвар бо шаҳомат таҷлил мегардад, мо бояд дарк намоем, ки эҳёи
Меҳргон танҳо эҳёи як ҷашн нест, балки эҳёи рӯҳи миллӣ ва асолати фарҳангии
мост.
Фарҳанг ва суннатҳои миллӣ ҳувият месозанд.
Ҳувият аст, ки миллатро пойдор медорад. Ва ҳамин ҳувияти фарҳангӣ аст, ки моро
бо гузашта мепайвандад ва ба сӯи оянда роҳнамоӣ мекунад. Дар чунин замина,
Меҳргон бояд ба як мактаби маърифатӣ барои насли нав табдил ёбад, то онҳо
омӯзанд, ки мо чӣ гуна гузаштае доштем, ва имрӯз дар кадом заминаи худшиносӣ
бояд қарор дошта бошем.
Ҳар як муассиса
таълимӣ бояд таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргонро қисме аз раванди таълиму
тарбия қарор диҳад. Зеро тавассути чунин ҷашнҳо ба шогирдон на танҳо дониш,
балки арзиш, ифтихор, ватандӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ омӯхта мешавад. Мо бояд талош
кунем, ки наслҳои оянда ба арзишҳои миллӣ арҷ гузоранд ва посдори суннату
фарҳанги ниёгон бошанд.
Имрӯз мо, фарзандони содиқи миллати тоҷик, ки
ворисони тамаддуни куҳанем, бояд масъулияти бузургеро эҳсос намоем: пос доштан
ва зинда нигоҳ доштани Меҳргон ҳамчун рамзи худшиносии миллӣ, ваҳдат ва
дастовардҳои меҳнатӣ. Меҳргон на танҳо иди деҳқон, балки иди ҳар он касест, ки
заҳмат мекашад, созанда аст ва аз файзи меҳнати ҳалол ҳаёти пурбаракатеро бунёд
мекунад.
Дар ин росто, Литсейи касбии техникии
нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе низ бо дарки муҳимияти чунин ҷашн ҳамасола
дар сатҳи зарурӣ чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ доир намуда, дар руҳияи
эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ хонандагони худро тарбия мекунад.
ИМАТЧОЕВ Зинатшо Хизматшоевич,
директори Литсейи касбии техникии нақлиёти
автомобилии шаҳри Душанбе