ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР» – ҚАДАМИ НАВ ДАР ЭҲТИРОМ ВА ДАСТГИРИИ ОМӮЗГОР
2025-10-17 14:11:22
Дар давраи ҷаҳонишавии босуръати иттилоот ва
тағйироти иҷтимоиву иқтисодӣ нақши омӯзгор ҳамчун шахсияти калидии ҷомеаи
донишбунёд беш аз ҳар вақти дигар аҳамияти хосса пайдо кардааст.
Маҳз омӯзгор аст, ки бо донишу ҷаҳонбинӣ, фарҳанги
касбӣ ва масъулияти шаҳрвандии худ на танҳо илму маърифатро интиқол медиҳад,
балки пояҳои ахлоқӣ, ватандӯстӣ ва арзишҳои миллиро дар шуури насли ҷавон
таҳким мебахшад. Аз ин рӯ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми
омӯзгор», ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, як қадами муҳим ва саривақтӣ дар самти
баланд бардоштани мақоми иҷтимоиву ҳуқуқии омӯзгорон ба ҳисоб меравад.
Дар шароити имрӯза, вақте ки низоми таълим дар зери
таъсири омилҳои гуногуни дохилӣ ва байналмилалӣ қарор дорад, зарурати таҳкими
мавқеи ҳуқуқии омӯзгор ва кафолатҳои иҷтимоии ӯ хеле эҳсос мешавад. Қонуни нав
бо дарназардошти талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои
байналмилалӣ таҳия гардида, тамоми ҷанбаҳои асосии фаъолияти омӯзгорро фаро
мегирад. Он мақом, ҳуқуқ, уҳдадориҳо, кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқии
омӯзгоронро ба таври муфассал муайян менамояд.
Дар қонун на танҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ, балки принсипҳои
ахлоқӣ ва арзишҳои инсонпарваронаи касби омӯзгор низ ифода ёфтаанд, ки аҳамияти
он дар баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии омӯзгорон ва обрӯву нуфузи онҳо дар
ҷомеа ниҳоят калон аст.
Муҳимтарин паҳлуи ин санади меъёрӣ ин аст, ки
омӯзгор на танҳо ҳамчун шахси таълимдиҳанда, балки ҳамчун ҳомили арзишҳои
фарҳангӣ, маънавӣ ва миллии ҷомеа шинохта мешавад. Эътирофи шаъну шарафи
омӯзгор ҳамчун арзиши дахлнопазир, ки дар қонун ба таври возеҳ сабт гардидааст,
далели эҳтироми давлат ва ҷомеа нисбат ба ин касби муқаддас мебошад. Дар
даврае, ки таҳкими пояҳои ахлоқӣ ва фарҳангии ҷомеа аҳамияти махсус дорад,
ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор ба як унсури муҳими суботи маънавӣ ва сиёсӣ табдил
меёбад. Аз ҳамин ҷиҳат, қонун амалҳое, ки ба паст задани обрӯ ва нуфузи омӯзгор
равона шудаанд, манъ мекунад ва ин иқдом метавонад ба баланд гардидани сатҳи
масъулият ва эҳтироми мутақобилаи ҷомеа ва муаллим мусоидат намояд.
Мавқеи ҳуқуқии омӯзгор дар қонун бо таъмини як қатор
ҳуқуқҳои асосӣ мустаҳкам гардидааст. Омӯзгор ҳуқуқ дорад, ки дар фаъолияти
таълимӣ мустақил бошад, аз роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ шароити заруриро
талаб намояд, дар таҳияи барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ иштирок кунад, аз
технологияҳои инноватсионӣ истифода бурда, таҷрибаи пешқадамро татбиқ намояд.
Ин равиш омӯзгорро аз як иҷрокунандаи барномаҳои таълимӣ ба шахси эҷодкор ва
навовар табдил медиҳад. Ҳамчунин, ҳуқуқ ба арзёбии воқеъбинонаи дониш ва малакаи
шогирдон, озодии педагогӣ ва дахлнопазирии фаъолияти касбӣ нишон медиҳад, ки
давлат барои рушди омӯзгор ҳамчун мутахассиси соҳибистиқлол шароити мусоид
фароҳам меорад.
Қонуни нав ҳамзамон, як системаи мукаммали
кафолатҳои иҷтимоиро барои омӯзгорон пешбинӣ мекунад. Ин кафолатҳо аз таъмини
озодии касбӣ ва шароити мусоид барои фаъолияти таълимӣ то дастгирии моддӣ ва
иҷтимоии омӯзгоронро дар бар мегиранд. Хусусан, он ҷиҳате ки давлат фаъолияти
омӯзгорони деҳотро бо манзили истиқоматӣ, қитъаи замин ва имтиёзҳои андозӣ
дастгирӣ менамояд, иқдоми муҳим дар самти ҳавасмандгардонии кадрҳои соҳаи
маориф дар минтақаҳои дурдаст ба ҳисоб меравад. Зимнан, ин тадбир метавонад ба
баробарии имкониятҳои таҳсилотӣ байни шаҳр ва деҳот мусоидат кунад.
Аз нигоҳи илмии сиёсати иҷтимоӣ, механизми
ҳавасмандгардонии омӯзгорон, ки дар қонун зикр гардидааст, низ дорои аҳамияти
назаррас мебошад.
Пешбинӣ шудани иловапулӣ барои дастовардҳои таълимӣ,
мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ, ҳамчунин, пардохти ҷубронпулӣ барои
хизматрасониҳои коммуналӣ, на танҳо шакли дастгирии моддӣ, балки воситаи
эътирофи меҳнати омӯзгор дар сатҳи давлатӣ мебошад. Ин сиёсати ҳавасмандгардонӣ
дарозмуддат метавонад ба афзоиши рақобатпазирӣ дар соҳаи маориф ва баланд
гардидани сифати таълим оварда расонад.
Ҷанбаҳои ахлоқӣ ва касбии фаъолияти омӯзгор низ дар
қонун бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ пайвастаанд. Омӯзгор уҳдадор аст, ки
насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ
тарбия намояд, ба амалҳое, ки шаъну шарафи омӯзгор ва таълимгирандагонро паст
мезананд, роҳ надиҳад ва аз ҳама гуна фаъолияти сиёсӣ ва таблиғотии
ғайритаълимӣ дар муҳити мактаб худдорӣ кунад. Ин талабот нишон медиҳад, ки
қонун омӯзгорро ҳамчун нигаҳбони ахлоқ ва суботи иҷтимоӣ мебинад, ки нақши ӯ
берун аз доираи синфхона ва дар сатҳи васеи фарҳангӣ ва ҷомеавӣ густариш
меёбад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми
омӯзгор», инчунин, масъалаи дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгорро ба таври
возеҳ танзим мекунад. Маҳдуд кардани дахолати мақомоти ғайрисоҳавӣ ва падару
модарон ба фаъолияти таълимӣ яке аз шартҳои муҳими таъмини самаранокии таълим
аст. Вақте ки омӯзгор худро аз фишор, зӯроварӣ ва таҳқир эмин эҳсос мекунад,
имкони татбиқи пурраи салоҳиятҳои касбии ӯ меафзояд. Ҳамзамон, муқаррар
гардидани масъулияти мақомоти давлатӣ дар пешбурди сиёсати эҳтиром ва баланд
бардоштани мақоми омӯзгор ба ин раванд неруи ҳуқуқӣ мебахшад.
Дар муҳити илмии педагогӣ ин қонунро метавон ҳамчун
санади стратегӣ арзёбӣ намуд, ки на танҳо ба танзими равобити ҳуқуқии омӯзгор
бо давлат ва ҷомеа, балки ба ташаккули фарҳанги нави муносибат ба касби омӯзгор
равона шудааст. Дар ин самт, қонун ба омӯзгор на танҳо ҳуқуқ, балки масъулият
медиҳад - масъулияти ҳифзи арзишҳои маънавӣ, интиқоли донишҳои муосир ва
таҳкими ватандӯстӣ миёни наслҳои оянда. Ҳамин тавр, тавассути татбиқи пурраи
меъёрҳои он метавон ба баланд гардидани сатҳи сифати таълим, устувории муҳити
ахлоқии муассисаҳои таълимӣ ва таҳкими пояҳои фарҳангии ҷомеа ноил шуд.
Қонуни мазкур, дар маҷмӯъ, бозгӯйи сиёсати иҷтимоӣ
ва фарҳангии давлати тоҷикон нисбат ба омӯзгор аст. Он нишон медиҳад, ки дар
ҷомеаи муосири Тоҷикистон омӯзгор танҳо як корманди маориф нест, балки шахсияти
бунёдгузори фарҳанг, илму маърифат ва як сутуни муҳими рушди инсон ва давлат
мебошад. Аз ин рӯ, татбиқи самараноки ин қонун метавонад ба густариши фазои
эҳтиром ба илм, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва таҳкими мақоми омӯзгор
ҳамчун «меъмори рӯҳи инсон» дар ҷомеаи тоҷик мусоидат намояд.
Дар поён бояд зикр кард, ки ин санади меъёрӣ на
танҳо як ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки як омили муҳими сиёсати миллии инсонсозист.
Вақте омӯзгор эҳсос мекунад, ки давлат ва ҷомеа ба ӯ ҳамчун сутуни маърифат
эҳтиром доранд, ӯ бо неруи бештар барои тарбияи насли босавод, ватандӯст ва
инсонгаро саъй хоҳад кард. Ин аст, ки қонуни мазкур, дар асл, ба ояндаи миллат,
ба суботи фарҳангӣ ва пешрафти устувори Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Мурод ҶУРАЕВ,
муовини директор
оид ба таълими
Коллеҷи тиббии
шаҳри Ҳисор
номзади илмҳои тиб