ТАҶЛИЛИ ИДИ "МЕҲРГОН" ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ БОХТАР
2025-10-17 13:59:00
Дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи
омӯзгории шаҳри Бохтар бо иштироки Шамъигул Шарифзода, директори муассиса,
муовинони директор, мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён таҷлили иди
«Меҳргон» бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ роҳбарияти муассиса аз намоиши
маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои дастии донишҷӯён дидан намуда, иброз гардид, ки
иди Меҳргон яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик буда, бо ташаббуси Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳё гардида ва имрӯз ҳамчун рамзи
файзу баракат ва меҳнати созанда таҷлил мешавад.
Бояд қайд намуд, ки иди Меҳргон на танҳо ҷашни ҳосилу фаровонӣ, балки
таҷассумгари арзишҳои неку инсондӯстона ва ҳамоҳангии инсон бо табиат мебошад.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили чунин ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Сада,
Наврӯз ва Меҳргон ба ҳукми анъана даромада, саҳми назаррас дар эҳё ва таҳкими
худшиносии миллӣ дорад.
Дар бахши фарҳангии чорабинӣ донишҷӯён бо қироати шеъру маърӯзаҳо ва суруду
саҳнаҳои рангин рӯҳияи идонаро ғанӣ гардониданд.