ҚАДРДОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ҶОИЗАИ ҲАМКОРИҲОИ БАШАРДӮСТОНА
2025-10-17 13:56:42
10 октябри соли 2025 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои
сарони давлатҳои аъзои ИДМ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон бо медали бонуфузи байналмилалии «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкориҳои
башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд.
Ин мукфотро намояндаи махсуси Президенти Федератсияи
Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ ва ҳамраиси Раёсати Хазинаи
байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстона (ХБҲБ) Михаил Швидкой супорида, изҳор
дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти сатҳи ҷаҳонӣ дар таҳкими дӯстӣ, фарҳанг
ва ҳамкориҳои гуманитарӣ саҳми хеле назаррас доранд.
Пас аз тақдими мукофоти мазкур Сарвари маҳбуби
тоҷикон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ин ҷоиза
эътирофи саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва
башардӯстона дар доираи ИДМ мебошад.
Дар ҳақиқат ҳам мукофоти мазкур ҳамчун қадрдонии
нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва
пешбурди сиёсати башардӯстона арзёбӣ мегардад. Зеро таҳти роҳбарии Сарвари
маҳбуби мо Тоҷикистон аз таҳмили ҷанги шаҳрвандӣ ба сулҳу субот расид, мавқеи
байналмилалии худро тақвият бахшид ва ба як кишвари ташаббускор дар масъалаҳои
ҷаҳонӣ, аз ҷумла об, иқлим ва рушди устувор табдил ёфт. Бо ифтихори бузург
метавон гуфт, ки ин мукофот нишонаи эҳтиром ва эътирофи байналмилалӣ аз хизматҳои
таърихӣ ва инсондӯстонаи Пешвои миллат маҳсуб меёбад.
Дар ҳақиқат ҳам, мукофоти байналмилалии «Барои
хизматҳо дар рушди ҳамкориҳои башардӯстона» як шаҳодати возеҳи он аст, ки
талошҳои пайгирона ва сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ ба таври сазовор эътироф гардидааст. Ин ҷоиза на
танҳо рамзи эҳтиром ба як шахсияти барҷастаи сиёсӣ, балки нишони ифтихор ва
сарбаландии миллати тоҷик мебошад.
Хайринисо ХОҶАЕВА,
саромӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷик,
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар