Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

single-product

МАКТАБИ МАХФИРАТ

2025-10-17 13:54:17

Ҳунар ва санъат ин нишондиҳандаи муносибати инсон ба олами бадеӣ ба ҳисоб меравад. Жанрҳои гуногуни ҳунар ба монанди санъати тасвирӣ, мусиқӣ, театр, синамо, адабиёт, рақс, ҳунари ороишиӣ- амалӣ (кулолгарӣ, кандакорӣ, дарздӯзӣ, заргарӣ, кашидадӯзӣ, наққошӣ ва гайраҳо) нишонаи онанд, ки ҳунарманд олами берунаро чӣ тавр эҳсос ва дарк карда, тасвир месозад. Ҳар як намуди ҳунар ботини ӯро тавассути ҳунараш ба атрофиён намоён мекунад ва онҳоро ба худ ҷалб месозад. Ҳунарманд, ки худ эҷодкор аст ва завқи баланди бадеӣ дорад, пайваста кӯшиш менамояд, ки дар тасвири олами зебоӣ навоварӣ дохил намояд ва маҳсули дастранҷашро аз нигоҳи худ ба мардум муаррифӣ намояд.

Тавоноии ҳунар дар он зоҳир меёбад, ки вай нерӯи такон додани эҳсосот, дарки олами эстетикӣ, рафтор ва фаъолияти инсонро дорад. Ҳунар ба инсон ғояҳои бузургро эҳдо ва ҳаёташро беҳтару рангин месозад. Талабот ба маҳсули анъанавии ҳунарҳои бадеии мардумӣ дар навбати аввал нишондиҳандаи он аст, ки инсон дар он тафаккури таърихию фарҳангии халқи худро мебинад ва дарку ифтихор мекунад. Аз тарафи дигар маҳсули ҳунарҳои зебои бостонӣ барои он диққатҷалбкунандаанд, ки онҳо то ҳол бадеият ва мазмуни дар асоси қонуниятҳои эстетикии дар худ инъикоскунандаашонро гум накарда, рушду эҳё гардида истодаанд.

Гузаштаи дури таъриху тамаддун гувоҳ бар онанд, ки воситаи аз насл ба насл гузаштани ҳунарҳои бадеии мардумӣ ин, пеш аз ҳама, вуҷуд доштани мактабҳои ҳунармандӣ мебошад, аз ҷумла мактаби “Устод ва шогирд».

Дар «Консепсияи мактаби миллӣ» омадааст, ки эҳёи минбаъдаи мактабҳои ҳунарӣ ҳамчун воситаи муҳими тарбия дар шароити соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ мақоми хоса дорад. Шогирдон бояд ворисони ҳақиқии халқу ватани худ бошанд, равшану фаҳмо бояд дарк кунанд, ки ниёгони мо офаридаанд, то ки мо баҳра барем, мо меофарем, то ки ояндагон баҳра баранд.

Имрӯз ҳунармандони зиёди шӯҳратёр дар қайди ҳаётанд, ки нозукиҳои мактабҳои анъанавии ҳунариро ҳуб медонанд. Танҳо тарғибу ташвиқи ҳунари ҳунармандон дар байни мардум, бахусус наврасону ҷавонон имконият медиҳад, ки ҳунарҳои бадеии мардумӣ дубора эҳё гардида, рушду инкишофи тоза пайдо кунад.

Яке аз ин шахсиятҳо омӯзгори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан Адҳамова Махфират Мирзорақабовна мебошад, ки ҳаёти рангину босамари хешро баҳри тарбияи насли наврас, идома додани ҳунари аҷдодӣ ва ҳиссагузорию эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ бахшида, беш аз ним аср кӯшишу заҳмат дорад, то ки меҳру муҳаббати ҳунарҳои миллиро дар дили ҷавонон ҷо созад.

Мактаби ҳунарии муахассиси кордону соҳибтаҷриба ва устои ҳунари мардумӣ Адхамова Махфират ҳанӯз аз айёми ҷавонӣ дар муҳити оила, дар канори бибиву модари ғамхораш, оғоз ёфтааст. Модаркалони ӯ дар ҳунари кашидадӯзӣ моҳир буд. Ӯ дар ҳаёти бардавоми хеш баробари тарбияи фарзандону наберагон ба онҳо ҳунари дӯзандагию буррандагӣ ва нозукиҳои гулдӯзии Истаравшанро омӯзонида, тавонистааст, ки ҳунари авлодиро ба фарзандон мерос гузорад.

Солҳои 1958-1964 набераи дӯстдоштааш Махфирати ҷавон ҳунари модаркалонро идома дода, дар як вақт ҳунари қадимаи кашидадӯзию сӯзанидӯзиро азхуд намуд. Шабҳо баъзан то субҳи содиқ сару либоси миллӣ (куртаву поҷома) ва ҷиҳози наварӯсон (зардеворӣ, борпӯш, шоҳтокпӯш ва ғайра) омода мекард. Дар тӯли фаъолияти меҳнатиаш омӯзгори собиқадор Адҳамова Махфират садҳо шогирдонро тарбия намудааст, ки онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ватани азизамон хизмат намуда истодаанд.

Омӯзгор дар эҳё, рушду такомул ва муаррифии ҳунарҳои зебои аҷдодӣ, хусусан санъати гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ ва дӯхтани сӯзаниҳои миллӣ саҳми пурарзиш дорад. Маҳсули ҳунарҳои офаридаи ин ҳунарманди хушсалиқа дар чандин намоишу озмунҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузошта шуда, сазовори баҳои баланд, ҷоизаю сипоснома ва ифтихорномаҳо гардидааст.

Соли 2003 Адҳамова Махфират дар намоиши ҳунарҳои бадеӣ-халкӣ бахшида ба Симпозиуми байналхалқии «Оби тоза» дар шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуд. Соли 2004 ӯ дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба ифтихори 80-солагии пойтахти азизамон ширкат варзид. Ҳамчун ҳунарманд аз Тожикистон Адҳамова Махфират соли 2011 дар намоиши санъати ороишӣ-амалии дастӣ дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон иштирок карда, бо диплом қадр гардонида шуд. Соли 2014 дар озмуни вилоятии Ҳунарҳои зебои мардумӣ фаъолона иштирок намуда, барои офаридани сӯзаниҳои миллӣ бо усули бухороӣ сазовори дипломи ҷои аввал ва 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гардид. Тирамоҳи ҳамон сол дар намоишгоҳи шаҳри Москва, дар доираи чорабиниҳои форуми байнипарлумонии «Русия-Тоҷикистон» фаъолона ширкат варзида, ҳунарҳои зебои миллии тоҷикиро муаррифӣ намуд.

Адҳамова Махфират дорандаи Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд, Раиси шаҳри Истаравшан, сипоснома ва ифтихорномаҳои соҳавии мактабу маориф ва фарҳанг мебошад. Ӯ соли 2003 бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2008 бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуда, аъзои Иттифоқи рассомон ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳунарманд ва омӯзгори собиқадор доимо дар хизмати халқ буда, ҳамчун соҳибкасб  ба синни 70 солаи худ нигоҳ накарда, дар рушду такомул ва тарғиби ҳунарҳои бадеии халқӣ, ҷалби духтарону бонувонба омӯзиши ҳунари кашидадӯзӣ, аз ҷумла сӯзанидӯзӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодааст. Сӯзаниҳои дӯхтаи ӯ зиннатбахши толорҳои бошукӯҳ ва манзили тоҷикон буда, дар баробари қолинҳои миллӣ арзиши маънавию эстетикӣ доранд.