ВОХӮРИИ ФАРҲОД РАҲИМӢ БО НАМОЯНДАГОНИ АССОТСИАТСИЯИ КУМАК ВА ЁРИИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН
2025-10-15 10:10:35
Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ бо намояндагони Ассотсиатсияи кумак ва ёрии Ҷопон дар Тоҷикистон Хонум Саяко Ногива ваХонум Канематсу Юи баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ академик Фарҳод Раҳимӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, доир ба фаъолияти Кумита, муассисаҳои зерсохтор, самтҳои афзалиятноки фаъолият ва дурнамои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маълумоти мушахас пешниҳод намуд.
Зикр гардид, ки бо вуҷуди навтаъсис будани Кумита, бо дастгири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои муҳим ба анҷом расидаанд, аз ҷумла таҳияи санадҳои танзимкунанда, бознигарии барномаҳои таълимӣ, афзоиши шумораи ихтисосҳои коргарӣ, таҳкими
робитаҳои байналмилалӣ ва ба имзо расонидани як зумра санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ бо шарикони рушд.
Зимни вохӯрӣ Фарҳод Раҳимӣ, ҳамчунин ба масъалаи рушди таҳсилоти касбӣ барои шахсони дорои имконияташон маҳдуд таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки Кумита дар сохтори худ дорои муассисаҳои махсуси таълимӣ барои ин гурӯҳи аҳолӣ мебошад. Аз ҷумла, Литсейи касбии махсуси маъюбон дар шаҳри Душанбе, ки филиали он дар ноҳияҳои Рӯшони ВМКБ амал мекунад. Дар онҳо ҷавонон пас аз хатми синфи 9 ба касбомӯзӣ ҷалб гардида,
омӯзиши касбҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ, таъмири телефонҳои мобилӣ ва таҷҳизоти техникӣ, пойафзолдӯзӣ ва дигар ихтисосҳои зарурӣ гузаронида
мешаванд.
Таъкид гардид, ки дар вилоятҳои Суғду Хатлон то кунун чунин муассисҳо мавҷуд нестанд ва Кумита тасмим гирифтааст, ки дар он минтақаҳо низ филиалҳои Литсейи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанберо таъсис диҳад.
Хонум Саяко Ногива барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуда, афзуданд, ки Ассотсиатсияи
кумак ва ёрии Ҷопон дар Тоҷикистон омода аст дар самти
рушди таҳсилоти касбӣ, бахусус барои ҷавонони дорои имконияташон
маҳдуд бо Кумита ҳамкории зич ба роҳ монад.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Ассотсиатсия лоиҳаи наверо
дар ҳамкорӣ бо
Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ
(JICA) роҳандозӣ хоҳад кард, ки ба самти дастгирии хонандагону
донишҷӯёни дорои имконоти маҳдуди ҷисмонӣ, таъмини муассисаҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, баланд бардоштани савияи дониши омӯзгорон ва ташкили курсҳои такмили ихтисос барои кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва омӯзгорони муассисаҳои
зертобеи он равона мешавад.
Ҷонибҳо масъалаи таҳияи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумита ва Ассотсиатсия-ро баррасӣ намуда, мувофиқа карданд, ки пас аз тасдиқи он татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак, бахусус дар самти таҳсилоти фарогири маъюбон оғоз мегардад.
Изҳори умед карда шуд, ки бо татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва табодули таҷрибаи омӯзгорон байни Тоҷикистону Ҷопон сатҳи таҳсилоти касбӣ ва имкониятҳои шуғли ҷавонон дар кишвар боз ҳам боло хоҳад рафт.