ВОХӮРИИ ФАРҲОД РАҲИМӢ БО НАМОЯНДАГОНИ БУНЁДИ АВРУПОИИ МАОРИФ (ETF)
2025-10-15 10:10:06
Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумита, академик Фарҳод Раҳимӣ бо намояндагони Бунёди Аврупоии Маориф (ETF), хонум Надежда Солодянкина ва Катарина Лукачова баргузор гардид.
Нахуст академик, Фарҳод Раҳимӣ доир
ба фаъолияти Кумита, ва
муассисаҳои зертобеи он, маълумоти мушаххас дода, аз сатҳи ҳамкориҳои муштарак бо Бунёди Аврупоии Маориф изҳори қаноатмандӣ намуд. Таъкид
гардид, ки Кумита дар якҷоягӣ бо бунёди мазкур рӯзҳои 7-8 октябри соли 2025 дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и шаҳри Душанбе “Семинари муштарак вобаста тақвияти иқтидор барои татбиқи стандартҳои миллӣ оид ба салоҳиятҳо”-ро доир намуд,
ки дар он 35-нафар омӯзгорони муассисаҳои зертобеи Кумита ва кормандони дастгоҳи марказӣ иштирок намуданд.
Фарҳод Раҳимӣ таъкид намуд, ки баъд аз таъсиси Кумита нахустин иқдом ба омӯзиши ҳамаҷонибаи вазъи кунунии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ равона гардид. Ҳамзамон, консепсияи фаъолияти Кумита пурра таҳия ва муайян шуда, қабул гардидани Барномаи рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 аз дастовардҳои муҳим ва муваффақияти назарраси Кумита дар ин самт ба ҳисоб меравад.
Қайд гардид, ки аз аввали соли 2025 то кунун 37 муассиса аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ бароварда шуда, бо истифода аз маблағҳои ҷудогардидаи буҷет ва дастгирии шарикони рушд харидории таҷҳизоти зарурӣ низ шуруъ шудааст. Интизор меравад, ки то охири сол як қатор муассисаҳо бо таҷҳизоти техникӣ, аёниятҳо ва озмоишгоҳҳо таъмин карда мешаванд.
Хонум Надежда
Солодянкина зимни суханронӣ ба раиси
Кумита барои истиқболу гарму самимӣ изҳори сипос намуд.
Надежда Солодянкина ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти малакаҳои сабз, истифодаи энергияи барқароршаванда, ҷалби кормандони Кумита барои иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ ҷиҳати шиносоӣ бо таҷрибаҳои пешқадами аврупоӣ, инчунин аз такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорон изҳори умедворӣ намуд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни вохӯрӣ ҷиҳати дарёфти роҳҳои нави густариши ҳамкорӣ дар самти ҷорӣ намудани системаҳои рақамӣ дар раванди таълим ва истифодаи самараноки имконияту зарфиятҳои мавҷудаи илмию таълимӣ изҳори умедворӣ намуданд.