ХУШХАБАР
2025-10-09 16:30:09
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, таҳсилоти иловагии касбии дахлдор ва таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Ёддошти
тафоҳуми мазкур имрӯз дар доираи сафари давлати Президенти Федератсяи Россия
Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумита оид ба таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон акадмик Фарҳод
Раҳимӣ ва вазири маорифи Федератсияи Россия Кравцов Сергей Сергеевич ба имро
расид.
Ёддошти
тафоҳум бо мақсади густариши ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ,
таҳсилоти иловагии касбии дахлдор ва таҳсилоти касбӣ аз рӯйи касбу ихтисосҳои
серталаб, нав ва ояндадор равона шуда, инчунин таҳкими замина барои мустаҳкам
намудани муносибатҳои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни мардумони ҳар ду кишвар
мебошад.
Дар доираи Ёддошти тафоҳум ҷонибҳо дар таҳия ва амалӣ намудани барномаҳо, лоиҳаҳо ва чорабиниҳои муштарак бо мақсади мусоидат ба ҳамкорӣ, ҳамчунин табодули таҷриба ва маълумотҳо оид ба масъалаҳое, ки ба танзими ҳуқуқӣ ва меъёрии таҳсилоти касбӣ марбут ҳамкори менамоянд.
Ҳамзамон, дар доираи ин созишнома ҷонибҳо имкон доранд дар барномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи мубодилаи таълимгирандагон, кадрҳои омӯзгории соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, таҳсилоти иловагии касбии дахлдор ва таҳсилоти касбӣ, гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ бо шарикони хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, инчунин баргузор намудани чорабиниҳои муштарак (олимпиадаҳо, форумҳо, симпозиумҳо, конфронсҳо, семинарҳо, мастер-классҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо дар асоси қонунгузории амалкунандаи давлатҳои тарафҳо), ки дар онҳо масъалаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.