НУРИ ДОНИШ РОҲИ ОЯНДАРО РАВШАН МЕСОЗАД
2025-10-08 16:07:09
НУРИ ДОНИШ РОҲИ ОЯНДАРО РАВШАН МЕСОЗАД
Пешаи омӯзгорӣ яке аз қадимтарин касбу шуғлҳои башарият аст, ки аз замони пайдоиши хатт, китоб ва аввалин мактабҳо ба ҷомеа хидмат мекунад. Омӯзгорон ҳамеша миёни наслҳои гузашта ва оянда робита барқарор намуда, арзишҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва илмиро интиқол додаанд. Агар давлату миллате омӯзгор надошта бошад ё ҷойгоҳи омӯзгорро қадр накунад, ояндаи он давлат зери хатар мемонад. Аз ҳамин ҷиҳат, нақши омӯзгор дар ҷомеа ҳамеша бузург ва сарнавиштсоз будааст.
Омӯзгор шахсияти ҷавонро на танҳо бо дониш, балки бо ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва арзишҳои маънавӣ муҷаҳҳаз месозад. Ӯ наслҳоро ба зиндагии фаъол, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба қонунҳои иҷтимоӣ роҳнамоӣ мекунад. Бузургтарин мутафаккирони ҷаҳон ҳамеша ба нақши омӯзгор бо эҳтироми хос нигаристаанд. Онҳо дар суханони пурҳикмати худ заҳмати муаллимро на танҳо ҳамчун касбу кори одӣ, балки ҳамчун рисолати муқаддас тасвир намудаанд.
Ян Амос Коменский (1592–1670), ки ӯро «падари педагогикаи умумиҷаҳонӣ» мешиносанд, менавишт: «Касби омӯзгорӣ бузургтарин зери офтоб аст». Ин ҷумла баёнгари он аст, ки ҳеҷ касбу коре ба андозаи омӯзгорӣ ба тақдири башар таъсиргузор нест. Зеро муаллим на танҳо дониш меомӯзонад, балки инсонро меофарад, ҷаҳонбинии ӯро шакл медиҳад ва роҳи зиндагиро равшан месозад.
Педагоги маъруф К.Д. Ушинский (1823–1870), яке аз асосгузорони илми педагогикаи муосир, таъкид мекард, ки муаллим ҳалқаи зинда миёни гузашта ва оянда мебошад. Яъне, ҳар омӯзгор арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва ахлоқиро аз гузашта гирифта, онҳоро ба ҷавонон месупорад, то ҷомеа бо такя ба ин ганҷинаи маънавӣ ба сӯи фардои рушан қадам гузорад. Ба андешаи Ушинский, муаллим бо ҳақиқат ва некӣ ҷомеаро пеш мебарад, зеро бе инсофу виҷдони омӯзгор наметавон пойдории маънавии миллатро таъмин кард.
Агар аз сари таърих назар андозем, мебинем, ки ҳар даврае, ки ба омӯзгор арҷ гузошта шуд, ҳамон замон миллат ба авҷи маърифат ва тамаддун расид. Ва баръакс, ҳар вақте, ки омӯзгор аз арҷу эҳтиром дур монд, ҷомеа ба ҷаҳолат ва таназзул рӯ овард. Ин ҳама андешаҳо нишон медиҳанд, ки омӯзгор — созандаи фардо ва меъмори пешрафти миллат аст.
Нақши иҷтимоии омӯзгор дар ҳар давраи таърихӣ тағйир ёфтааст. Агар дар даврони қадим ӯ ҳамчун мураббии шахсӣ ё «усто» дар назди хонадони ашрофон фаъолият мекард, дар давраи миёна мақоми омӯзгор бо дини ислом ва фаъолияти мадрасаҳо васеъ гардид. Дар давраи нав ва навтарин, омӯзгор мақоми давлатӣ пайдо кард ва ба ҳайси шахсияти калидии сиёсати маориф ва фарҳанг шинохта шуд.
Имрӯз омӯзгор дигар танҳо шахсе нест, ки дар паси мизу тахта меистад ва дарс мегӯяд. Вай ба ҳайси як шахсияти пурнуфузи ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ амал мекунад, ки метавонад ба равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа таъсири амиқ расонад. Ҳар қадами ӯ, ҳар калимаи гуфтааш ва ҳар тарзи рафтораш мисли донаҳои пурқиматеанд, ки дар замири шогирдон сабзонида мешаванд ва дер ё зуд мева медиҳанд.
Аввалан, омӯзгор катализатори пешрафти ҷомеа аст. Ӯ ҷавононро бо донишҳои замонавӣ, технологияи муосир ва ҷаҳонбинии пешқадам мусаллаҳ месозад. Дар дасти муаллим китобу қалам на танҳо василаи таълим, балки асбоби пешбурди ҷомеа ба сӯи тараққӣ мебошад.
Сониян, омӯзгор пайвандгари ҳақиқии наслҳо аст. Ӯ таҷрибаи гузашта, арзишҳои таърихӣ ва донишҳои падару бобоёнро ба ҷавонон мерос медиҳад. Агар ин занҷир канда шавад, ҷомеа решаҳои худро аз даст медиҳад ва роҳ ба оянда торик мегардад. Аз сӯи дигар, омӯзгор аккумулятор ва интиқолдиҳандаи фарҳанг мебошад. Ӯ арзишҳои ахлоқӣ, илмӣ ва маънавиро дар худ ҷамъ мекунад ва мисли як ганҷинаи зинда онҳоро ба насли оянда месупорад.
Нақши дигари омӯзгор арзёбӣ ва танзимгари фарҳанг будани ӯст. Муаллим таҷрибаи ҷамъиятро таҳлил мекунад, аз миёни ҳодисаҳо ва андешаҳо танҳо он чизеро интихоб менамояд, ки барои ташаккули шахсияти солиму созанда муҳим аст.
Ҳамзамон, омӯзгор намояндаи ҷавонон дар ҷомеа мебошад. Бо донишу таҷрибаи равонӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худ ӯ метавонад эҳтиёҷоти насли ҷавонро дуруст бифаҳмад ва онро ба ҷомеа расонад.
Ниҳоят, нақши аз ҳама пурмуҳим ва таъсирбахши омӯзгор — шаклдиҳандаи ҷаҳонбинии маънавӣ будани ӯст. Муаллим на танҳо хондану навиштан меомӯзонад, балки ба дили ҷавонон арзишҳои инсонгароӣ, адолат, поквиҷдонӣ ва эҳтиром ба дигаронро ҷо мекунад. Бо ҳамин роҳ ӯ на танҳо донишманд, балки инсони комил ба ҷомеа ҳадя менамояд.
Дар фарҳанги тоҷик низ ба омӯзгор ҷойгоҳи баланд дода шудааст. Садриддин Айнӣ таъкид дошт: «Маориф чароғи зеҳн ва рӯҳи инсон аст ва бе он миллат наметавонад зинда бимонад». Мирзо Турсунзода менавишт: «Муаллим рӯҳи кӯдакро бо муҳаббат парвариш мекунад». Лоиқ Шералӣ бо таассуф гуфтааст: «Касе, ки омӯзгорро фаромӯш кунад, решаи зиндагии худро мебурад». Бобоҷон Ғафуров низ бо далели таърихӣ ишора кардааст: «Миллате, ки омӯзгорро қадр мекунад, ояндаи худро таъмин месозад».
Дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Давлат барои фаъолияти омӯзгорон шароити мусоид фароҳам меорад ва мақоми иҷтимоии онҳо баланд бардошта мешавад. Истиқрори Рӯзи омӯзгор дар ҳафтаи аввали моҳи октябр нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба заҳмати муаллимон мебошад.
Нақши омӯзгор танҳо ба синфхона маҳдуд намешавад. Ӯ бо ташаккули арзишҳои баробарӣ, адолат ва инсондӯстӣ ҷомеаро ба сӯи демократия ва озодӣ мебарад. Нелсон Мандела гуфта буд: «Маориф пурқувваттарин силоҳест, ки бо он метавон ҷаҳонро дигар кард». Шамсиддин Шоҳин низ таъкид карда буд: «Ҷомеа бе дониш монанди боғест бе об». Ин андешаҳо нишон медиҳанд, ки омӯзгор пешбарандаи воқеии ҷомеа ва сармояи маънавии миллат аст.
Омӯзгор виҷдон, шараф ва зеҳни ҷомеа мебошад. Ӯ шахсияти ояндаро тарбия мекунад, робитаи гузашта ва ояндаро таъмин месозад ва ҷомеаро ба сӯи пешрафт роҳнамоӣ мекунад. Ба қавли Садриддин Айнӣ: «Аз тарбия ва худтакмилёбӣ беҳтар чизе нест».
Ҷомеае, ки омӯзгоронро эҳтиром мекунад, ба асл дар ояндаи худ сармоягузорӣ менамояд. Муаллимон ҳамеша ҳамчун сутуни асосӣ ва такягоҳи ҷомеа боқӣ мемонанд, ки бар онҳо ҷомеаи устувор ва шукуфон бунёд меёбад.
Муҳаббат ХОЛОВА,
мудири шуьбаи таьлими
Литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор