РУШДИ ҲУНАРИ ЗАРДӮЗӢ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
2025-10-08 16:03:54
Дар Осиёи Марказӣ шаҳри бостонии Истаравшан бо косибию ҳунармандии воло ва савдову тиҷорат маъруфу машҳур гардидааст. Ба хотири эҳёи анъанаҳои пурарзиши таърихӣ, тарғиби фарҳангу тамаддуни қадимаи халқи тоҷик бо ташаббус ва дастгирии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2002 ҷашни 2500 солагии Истаравшан бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Ҳадафи ин ҷашни фархунда муттаҳид
намудани халқҳо таҳкими Ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи миллати
сарбаланди тоҷик дар арсаи байналхалқӣ буда, ҳисси ватандӯстию худшиносии
сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлолро боло бурд.
Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри
Истаравшан муассисаи таълимии давлатӣ буда, дар рушду эҳёи ҳунарҳои халқӣ ва
тарғибу муаррифии санъати ороиши амалии дастӣ, аз ҷумла ҳунари волои зардӯзӣ
саҳми шоиста дорад. Ҳунари зардӯзӣ дар бостоншаҳр дар баробари санъати
гулдӯзиву сӯзанидӯзӣ ва читгарӣ таърихи бою рангин дорад.
Дар гузашта сару либоси навхонадорон,
куртаву ҷома, тӯппӣ, рӯймолу поҷома ва дигар ашёи рӯзгор устокорона зардӯзӣ
карда мешуданд. Ин санъати волои миллӣ дар шаҳрҳои қадимаи Самарқанду Бухоро,
Истаравшану Панҷакент, Хуҷанду Ҳисор ривоҷу равнақ ёфта буд. Зардӯзони моҳир
миёни мардум обрӯю шӯҳрати беандоза доранд, зеро дастранҷи онҳо аз дигар намуди
ҳунарҳои зебои аҷдодӣ бо нафосату назокат ва тарҳу ҷилои дӯхт фарқ мекунад.
Санъати зардӯзӣ дар шаҳри Истаравшан
мактаби хоси худро дошта, асосан сабку услуби заминдӯзӣ ва гулдӯзӣ истифода
бурда мешаванд. Дар маҳсулоти зардӯзишуда истифодаи риштаҳои заррин ҷолиб буда,
таваҷҷӯҳи сайёҳонни хориҷиро ба худ ҷалб мекунад. Дастгирии фарҳанги миллӣ аз
ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон зардӯзони истаравшаниро рӯҳбаланд карда,
иштироки фаъолонаи кулли ҳунарварон ва устоҳои халқиро дар озмуну намоишҳои
сатҳи ҷумҳуриявию вилоятӣ ва шаҳрӣ таъмин намуд.
Ҳунармандони асилу чирадасти Истаравшан
имрӯз ҳунари зардӯзиро боз ҳам рушду такомул дода, намуду навъҳои пурмазмуну
нафиси ин санъати волоро бо нақшҳои классикии ислимӣ ва наботӣ офарида пешниҳод
намудаанд,ки аз ҷониби фарҳангшиносон баҳои баланд гирифтааст.
Бо сарварии устод Хоҷаев Насриддин
муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан- чун
кохи ҳунарҳои зебо дар самти рушду эҳё ва тарuибу муаррифии санъати ороиши
амалии дастӣ ва ҳунарҳои бадеии халқӣ фаъолияти пурсамар дорад. Зардӯзони
коллеҷи мо бо нафосату шукӯҳи бадеӣ ин ҳунари миллиро боз ҳам рушду такомул
дода, нақшҳои наву зебо ва дилписанду пурҷило меофаранд.
Таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ки он ҷузъи фарҳанги миллист, дар саҳифаҳои
таърихи навини Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол бо хатҳои заррин
сабт хоҳад шуд.
Дилфуза ДОДОЕВА,
омӯзгори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан