ЗАБОН - ҲАСТИИ МИЛЛАТ
2025-10-08 16:02:10
Забони мо дар зарфи таъриху тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи миллатӣ тоҷик роҳи хуршеду фарозеро тай намуда, сарнавишти пурҳаводис ва ҷахони маънавии тоҳиконро бо тамоми обу ранг ва дарахту ҷиллои худ инъикос кардааст ва барои худшиносиву худогоҳии миллии халқи тоҷик накши барҷаста бозидааст.
Бо забони тоҷикӣ, ки аз ҷумлаии
қадимтарин ва гуворотарину зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад.Таърихи
бостони ва фарҳангу тамаддуни камназири миллате иншо гардидаст, ба ҷахониён аз
ҳикмати зиндагӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсони сабакҳои мондагору омӯзанда додааст ва
ин рисолати хешро то имрӯз идома додаистодааст. Дар баробари ин, як
нуқтаи муҳимро таъкид менамоям. Рушди бесобиқаи ҷаҳони муосир, махсусан
пешрафти техника ва техналогияҳо ба ҳамаи самтҳои зиндагӣ ва фаъолияти одамон
таъсири рӯзафзун гузошта истодааст.
Муссалам аст ки чунин пешрави бо рушди
забон робитаи қавӣ дошта, ба ташаккулёбӣ ва ғановатманд гардидани таркиби
луғавии он мусоидат менамоянд. Табиист,ки баён мафҳумҳои нави дар марҳалаи
кунунии ҳаёти башар ва фарҳанги ҷахони муосир ба вуҷуд омада калимаву
истилоҳоти тоза эҷод ва мувофиқро тақозо мекнад.Дар ин ҳолат ба мо таърихи
пурғановати забони тоҷикӣ,ва усулҳои бунёдии калимасозии забонамон ёри расонида
метавонад.Барои ҳалли ин масъалаҳо олимони забоншиноси мо бояд ба омӯзиши
ҳамҷонибаи таҳқиқи таърихии забон баргардону нашр кардани осори оламшумури
давраи классикӣ аз устод Рӯдакӣ то устод Айнӣ ва муайану дақиқ сохтани усулҳои
калимасозии забони точикӣ аҳамияти аввалин дараҷа диҳанд. Дигар ин ки дар
болоравии сатҳи забон донии аҳли ҷомеа ва пойдориву рушди забонамон луғатномаҳо
нақши бузург доранд. Мо ифтихор дорем, ки осори ҷовидонаи ба забони ноби тоҷикӣ
таълиф намудаи гузаштагони мо ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашариро бо
беҳтарин намунаҳои илмию адабӣ ва ахлоқииву маънавӣ ғани гардонида аст. Ҳамчунин
моҳияи сарфарозии ҳар як фарди миллат аст, ки имрӯз забони давлатии тоҷикон аз
манбаҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо медихад. Тавассути
пайгирона амалӣ намудани сиёсати давлатии забон арзишхои забонӣ ва кудрати
вокеии забони тоҷикӣ дар таърихи навини точикон дар тафаккури ҷомеа ва
зиндагиву фаъолияти ҳаррӯзаи шаҳрвандон вусъати бесобиқа пайдо кардаанд. Бо
дарназардошти аҳамият ва зарурати эҳтирому арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва
бузургиву нерӯи вокеии он ман борҳо таъкид намудаам, ки забони модарӣ хишти
нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ
мебошад. Аз ин лиҳоз барои ҳар як фард донистани забони модарӣ маънои эҳтиром
гузоштан ба миллат, Модар, Ватан, давлати соҳибихтиёр ва воситаи пайванд бо
рисолати тамаддунсозию фарҳангсолории халқамон мебошад. Забони модариамонро мо
бояд пок нигоҳ дорем, зеро аз ниёгонамон мерос мондааст.
Рафоат НАЗАРОВА,
ассистенти кафедраи забони англисии
Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ