ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС ВА ОҒОЗИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ
2025-10-08 15:57:46
Дар асоси дастуру ҳидоятои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ҷиҳати ҳарчӣ бештар ба касбомӯзӣ фаро гирифтани ҷовонон бо дастгирии Ҳукумати ҷумурӣ ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим санги асоси Литсейи касбии техники гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ оғоз гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси Вилояти
Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбии Кумита оид ба тасилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон Қурбонзода Файзиддин Мурод ва директори Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Бланка Робертс иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ин замина, раиси вилоят ва намояндаи
Кумита сокинони ҷамоатро бо Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон табрик намуда, оғози корҳои сохтмонии литсейи мазкурро туҳфаи арзанда, ҷиҳати ҳарчӣ бештар ба касбомӯзӣ фаро гирифтани ҷовонони минтақа унвон карданд.
Бояд қайд намуд, ки Литсейи касбии техникӣ дар ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Литсйи мазкур аз се ошёна иборат буда,
дар синфхона, утохонаи таълимӣ истеҳсолӣ, маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир, хобгоҳ ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ «Муҳандисони ояндасоз» ба роҳ монда шуда, ба маблағи умумии 11 млн. 042 ҳазору 823 сомонӣ дар мудати 1 сол сохта ва ба истифода дода мешавад.
Сокинони ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим аз оғози корҳои сохтмонии муассисаи мазкур изори хушнӯдӣ намуда, миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон, хоса ба Пешвои муаззами миллат мутарам Эмомалӣ Рамон баён намуданд.
Дар фарҷом, директори Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Бланка Робертс аз номи Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ бо Сипоснома қадрдонӣ гардид.