Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ВОХӮРИИ ФАРҲОД РАҲИМӢ БО МИССИЯИ БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД
single-product

ВОХӮРИИ ФАРҲОД РАҲИМӢ БО МИССИЯИ БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД

2025-10-07 17:15:05

Имрӯз, 7 октябри соли 2025, дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии расмии Раиси Кумита, академик Фарҳод Раҳимӣ, бо ҳайати Миссияи Бонки Исломии Рушд баргузор гардид.

Ҳайати мазкур аз коршиносони варзидаи Департаменти арзёбии мустақими Бонки Исломии Рушд иборат буда, он таҳти роҳбарии доктор Мусо Ҷега Иброҳим, Амин Абдуллоҳӣ - мудири бахши арзёбии корпоративӣ, кишварӣ ва мавзӯӣ бо мақсади гузаронидани санҷиши амиқ ва ҳамаҷонибаи раванди иҷрои лоиҳаҳои Бонки Исломии Рушд дар соҳаи маориф, аз ҷумла Лоиҳаи “Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои куҳистони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Тоҷикистон ташриф овардааст.

Дар мулоқот намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Исломии Рушд Исмоил Ғаффоров, аъзои ҳайати роҳбарии Кумита ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳа иштирок намуданд. Суҳбат дар фазои ҳамкории созанда ва ҳамдигарфаҳмии комил баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии ҳамаҷонибаи худро барои идомаи татбиқи босифати лоиҳа, анҷоми саривақтии корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимӣ, оғози фаъолияти ширкати консалтингӣ ва ҳамоҳангсозии кори мушовирони миллӣ ва байналмилалӣ баён намуданд.

Миссияи Бонки Исломии Рушд дар асоси Барномаи арзёбии стратегӣ ва соҳаи маориф барои солҳои 2015–2024 амал менамояд, ки тибқи он Бонк чор кишвари аъзоро, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таҳлили таъсири фаъолиятҳои худ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ ва техникӣ интихоб кардааст. Арзёбӣ ба таҳлили сифати татбиқи сиёсати Бонк, натиҷаҳои рушди инсонӣ ва самаранокии фаъолияти он дар баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти касбӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир равона гардидааст.

Лоиҳаи “Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои куҳистони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз соли 2022 татбиқ мешавад, яке аз лоиҳаҳои намунавии ҳамкории стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд мебошад. Лоиҳа бо маблағгузории БИР ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, ҳадаф аз он такмили инфрасохтори таълимӣ, тавсеаи имкониятҳои шуғл, рушди қобилияти касбии ҷавонон ва занон, баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ ва коҳиши сатҳи бекорӣ дар минтақаҳои кӯҳистон мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими марбут ба татбиқи амалии лоиҳа, аз ҷумла таъмини саривақтии анҷоми сохтмони 9 маркази таълимӣ ва хобгоҳҳои донишҷӯён, ба роҳ мондани фаъолияти мушовирони миллӣ ва байналмилалӣ, баргузор намудани омӯзишҳои амалӣ барои устоҳо ва омӯзгорон, таҳкими низоми иттилоотии идоракунӣ барои назорат ва арзёбии самаранокии бозори меҳнат, инчунин ҷалби духтарон ва ҷавонони кӯҳистон ба таҳсилоти касбӣ ва касбомӯзӣ бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи шуғл дар миёни гурӯҳҳои осебпазирро баррасӣ карданд.

Миссияи арзёбии мустақими Бонки Исломии Рушд аз 6 то 12 октябри соли 2025 дар Тоҷикистон фаъолият хоҳад дошт. Дар ин давра ҳайати миссия бо истифода аз саволномаи арзёбии махсус бо намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, гурӯҳҳои татбиқи лоиҳа ва бенефитсиарҳо мулоқот намуда, ҷараёни иҷрои амалии лоиҳаро мавриди омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷониба қарор медиҳад. Дар поёни миссия гузориши таҳлилии муфассал оид ба сифати татбиқи лоиҳа, натиҷаҳои бадастомада ва мушкилоти эҳтимолӣ таҳия шуда, ба роҳбарияти Бонки Исломии Рушд пешниҳод мегардад. Дар гузориш тавсияҳои мушаххас ҷиҳати беҳтарсозии идоракунӣ, баланд бардоштани самаранокии татбиқ ва таъмини устувории натиҷаҳои бадастомада пешниҳод хоҳанд шуд.

Лоиҳаи мазкур ҳамчун яке аз ташаббусҳои калидии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд арзёбӣ гардида, ба татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030 ва Барномаи рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2026–2030 мусоидат хоҳад намуд. Татбиқи он заминаи устувор барои рушди таҳсилоти касбӣ, ҷалби ҷавонон ба омӯзиш ва кори босамар, инчунин тақвияти ҳамкории давлат бо шарикони рушд фароҳам меорад.

Дар анҷоми мулоқот академик Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, иброз намуданд, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Исломии Рушд намунаи барҷастаи шарикии стратегии самаранок буда, кишвар омода аст ин ҳамкориҳоро бо рӯҳияи масъулият, эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ идома диҳад, то таҳсилоти касбӣ ва техникии Тоҷикистон ба сатҳи нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир расад.