ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ОМӮЗГОР
2025-10-02 12:50:55
Муҳтарам омӯзгорон, устодон, ҳамкасбон ва хизматчиёни содиқи соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ!
Бо эҳтироми беандоза ва самимияти амиқ, ҳамаи
шуморо ба ифтихори Рӯзи омӯзгор — иди касбии шахсиятҳое, ки меҳвари маърифат,
поягузори рушду пешрафт ва тарбиятгари насли навини кишваранд, табрик гуфта,
барои Шумо рӯзгори обод, файзи маънавӣ ва дастовардҳои бузурги илмиро таманно менамоям.
Шахсияти омӯзгор дар ҳама давру замон, дар
ҳама ҷомеа ва дар ҳама миллат мақому манзалати воло доштааст. Омӯзгор инсони
оддӣ нест. Ӯ роҳбалади фардои миллат, тарбиятгари шуури
инсон ва парчамбардори арзишҳои маънавист. Ӯ шахсиятест, ки шабҳо бо андешаи пешрафти шогирд бедорхобӣ мекашад ва рӯзҳоро дар роҳи тақдири дигарон масраф месозад.
Маҳз заҳмати омӯзгор аст, ки духтур табобат мекунад, муҳандис меофарад, олим
кашф мекунад, овозхон месарояд ва кишвар рушд мекунад.
Имрӯз омӯзгор будан танҳо доштани касб нест. Ин эътиқод, масъулият ва садоқати комил ба
миллат аст. Омӯзгори асил, новобаста ба шароит, вазъ ва душвориҳои замон,
вазифаи муқаддаси хеш - омӯзондан ва тарбият карданро бо дилу ҷон анҷом медиҳад. Ӯ на танҳо дониш меомӯзонад,
балки хислат, ахлоқ, ифтихори миллӣ ва меҳри Ватанро дар қалби шогирд мекорад.
Дар партави сиёсати
хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, бо қадамҳои устувор рушд
намуда истодааст. Дастгирии ҳамешагии омӯзгорон, баланд бардоштани мақому
мартабаи касбии онҳо, таъсиси муассисаҳои нави таълимӣ, таҷдиду таъмири коллеҷу
литсейҳои касбии техникӣ, тасвиби санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ ва баланд
бардоштани музди маош аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҳукумати кишвар ба соҳаи мазкур
ҳамчун пойдевори давлат ва сутуни асосии рушди ҷомеа менигарад.
Мо бо ифтихор изҳор медорем, ки имрӯз дар
муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ ҳазорҳо омӯзгори
соҳибкасбу ватандӯст фаъолият доранд. Онҳо бо садоқати том, дониши муосир ва
таҷрибаи баланди касбӣ мутахассисонеро омода месозанд, ки дар бозори меҳнати
дохиливу хориҷӣ рақобатпазиранд ва дар пешрафти бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ
саҳми назаррас мегузоранд.
Заҳмати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ танҳо ба дониши фаннӣ маҳдуд намешавад. Онҳо шахсият
мепарваранд, ҷавонмардиро меомӯзонанд, ҳисси худшиносиву худогоҳиро дар ниҳоди онҳо бедор мекунанд ва ба шогирдон фарҳанги кору зиндагии
солимро меомӯзанд. Ҳар як муваффақияти хатмкунанда самараи меҳру заҳмати
омӯзгор аст.
Ҳамзамон, бо итминони комил гуфта метавонем,
ки омӯзгорони мо имрӯз бо истифода аз усулҳои замонавии таълим, таҷрибаи бой ва
муносибати инфиродӣ ба шогирдон, дар ташаккули ҷомеаи дорои дониши муосир,
фарҳанги баланди меҳнат ва ахлоқи шоиста саҳми бузург мегузоранд. Шумо —
омӯзгорони муҳтарам, бо заҳмати хеш бунёдгузорони фардо ва кафили бақои давлат
ҳастед.
Бори дигар, Шумо шахсиятҳои хоксор, вале
таъсиргузор, мураббиёни роҳбалади миллат ва роҳнамоёни насли ҷавонро ба
муносибати Рӯзи омӯзгорон сидқан табрик мегӯям. Ба Шумо саломатии бардавом, хонаи обод,
рӯҳу илҳоми тоза, шогирдони боистеъдод ва дастовардҳои арзандаи касбиро таманно
дорам.