Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > Иштирок дар маросими истиқболи расмии роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ
single-product

Иштирок дар маросими истиқболи расмии роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ

2025-08-06 08:47:32

05.08.2025

5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими истиқболи расмии роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ, ки бо иштироки Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Раиси Маҷмаи Умумии СММ Филемон Ян, роҳбарони давлатҳову ҳукуматҳо ва ҳайатҳои воломақом баргузор гардид, иштирок намуданд.

Зимнан масоили вобаста ба мушкилоти кишварҳои рушдёбандаи маҳсур дар хушкӣ, ки ба роҳҳои баҳрӣ дастрасӣ надоранд, баррасӣ гардид.

Зимни суханрониҳо ва ба миён гузоштани пешниҳодҳо, аз ҷумла таъкид гардид, ки дар сурати роҳандозии ҳамкории судманд ва истифодаи босамар ва бемонеа аз имкониятҳои мавҷуда мешавад, ки ин мушкилот ба фурсату тавонмандиҳои хуб табдил дода шаванд.