
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ТАТБИҚИ ОН КИШВАРИ ПЕШСАФ АСТ
2025-08-06 08:43:14
Дар асоси пешниҳоди Сарвари давлат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июли соли равон Маҷмаи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи
махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин
барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон
пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд.
Иқдоми мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар
Мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии СММ 24 сентябри соли 2024
пешниҳод гардида буд.
Бояд гуфт, ки дар ин самт айни ҳол дар мамлакат «Стратегияи рушди зеҳни
сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» қабул гардидааст, ки татбиқи пурра
ва саривақтии он ба рушди босуръати иқтисоди миллӣ заминаҳои устувор мегузорад.
Имрӯз воқеан ҳам истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф,
нақлиёт ва тиб зарурӣ буда, ба рушди ин соҳаҳо ва муосир шудани онҳо мусоидат
менамояд.
Дар воқеъ, ҷомеа рӯз аз рӯз пешрафт менамояд ва натиҷаҳои илмии олимону
пажуҳишгарон бештар дар ҳаёт татбиқ мешаванд. Мо ҳоло мушоҳида менамоем, ки
илму техника бо суръати баланд рушд менамояд ва инсон бештар талош мекунад, то
зиндагии хешро бо истифода аз илму технология осонтар созад. Ҳамин аст, ки ҳар
кишвари пешрафта барои иҷрои ин миссия мусобиқа мекунад ва мо мебинем, ки
аксарияти кишварҳои ҷаҳон дар ин масъала муваффақ низ ҳастанд.
Истифода аз неруи зеҳнии олимону
пажуҳишгарон ҳамеша натиҷаи баланд медиҳад. Зеҳни сунъӣ низ як навъ ихтирои
инсон аст, ки бо тақлид ба зеҳни инсоният фаъолият менамояд ва имрӯз барои
кулли башар чизи хеле муҳим ва зарурӣ гардидааст. Олимону андешаварон истифода
аз зеҳни сунъиро дар тамоми соҳаҳо хеле зарур ва муҳим меҳисобанд.
Дар аксарияти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон татбиқи он ба ин ё он соҳа натиҷа
додааст ва он ҳам натиҷаи хуб. Яъне, инсоният ҳамеша талош менамояд, то дар
умри хеш аз воситаҳои ёрирасон ва ба зиндагӣ мусоидаткунанда истифода барад ва
ҳар ихтирои ӯ дар ин самт хуш пазируфта мешавад. Зеро ба чизи нав ҳамеша ниёз
ҳаст.
Президенти кишвар дар Паём ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба зеҳни сунъӣ ва
истифодаи он дар иқтисодиёту дигар соҳаҳо борҳо гуфта гузаштанд, и ин зарурати
ҳаётӣ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи самараноки зеҳни
сунъӣ ва татбиқи он «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои
давраи то соли 2040»-ро қабул намудааст, ки дар ин замина аллакай якчанд корҳо
ба анҷом расонида шуданд. Албатта, ин ҳама аз дастгирию ғамхориҳои Роҳбари
давлат дарак медиҳад.
Қобили зикр аст, ки барои рушди зеҳни
сунъӣ дар мамлакат бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» номинатсияи «зеҳни сунъӣ ва
барномасозӣ» илова карда шуда, 24 ҷой барои ғолибон муайян карда шуд, ки ин ҳам
ба рушди соҳа мусоидат менамояд.
Воқеан, рушди зеҳни сунъӣ дар мамлакат ба беҳтар гардидани шароити иқтисодӣ
ва пешрафти ҳамаи соҳаҳо мусоидат менамояд. Татбиқи ташаббусҳо дар самти зеҳни
сунъӣ дар мамлакат маърифати рақамии ҷомеаро баланд бардошта, ҳамаи соҳаҳоро як
зина баландтар рушд медиҳад. Истифода аз имконияти зеҳни сунъӣ саҳмгузорӣ дар
рушди технологияи муосир мебошад.
ШАРИФЗОДА Шамъигул Гадомад,
директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар