
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАТБИҚИ ОН ДАР СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИЮ МИЁНАИ КАСБӢ
2025-08-06 08:41:17
Технологияи зеҳни сунъӣ имрӯз аз доираи
як навоварӣ берун рафта, ба унсури марказии рушду тағйироти башарият табдил
ёфтааст. Аз соҳаи тандурустӣ то таҳсилот ва аз иқтисод то сиёсат зеҳни сунъӣ
дар ҳоли бозсозии ҷаҳон аст.
Дар чунин шароити мураккаб иқдоми таърихии
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди қатъномаи махсуси СММ оид ба зеҳни сунъӣ ки
25 июли соли 2025 бо тарафдории ҳамаи кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид
якдилона қабул гардид, на танҳо қадаме сиёсиву башардӯстона, балки
бозгӯкунандаи диди дурбинонаи роҳбарияти кишвар ва мақоми Тоҷикистон дар сатҳи
ҷаҳонӣ мебошад.
Дар ин қатънома таъкид шудааст, ки
истифодаи зеҳни сунъӣ бояд бар асоси меъёрҳои ахлоқӣ, эҳтиром ба ҳуқуқи инсон
ва манфиатҳои умумии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шавад. Тоҷикистон ҳамчун
кишвари ташаббускор даъват ба он мекунад, ки инноватсия бояд ба нафъи ҳама
бошанд, на танҳо кишварҳои пешрафта.
Зеҳни сунъӣ ҳам имконият аст ва ҳам
санҷиши ҷиддии арзишҳои инсонӣ. Агар мо роҳбарии он равандро ба даст нагирем,
эҳтимолест, ки технология бар инсон ҳукмрон шавад. Аз ин ҷост, ки ташаббуси
Тоҷикистон на танҳо сиёсӣ, балки башарӣ аст, зеро даъват ба ҳамкории глобалӣ,
таҳияи стандартҳои ахлоқӣ ва ҳифзи арзишҳои инсонӣ дар давраи инноватсияҳои
пуршитоб аст.
Имрӯз дар ҳоле, ки давлатҳои бузурги ҷаҳон,
ба мисли Чин ва ИМА сармоягузории бузург ба зеҳни сунъӣ мекунанд, Тоҷикистон бо
пешниҳод кардани ин қатъномаи инсондӯстона худро ҳамчун давлати ташаббускори ин
самт муаррифӣ намуд. Қатънома ваъда медиҳад, ки рушди зеҳни сунъӣ набояд боиси
табъиз, нобаробарӣ ва ҷудоии технологиявӣ гардад.
Ин раванд албатта як равиши нави
дипломатияи рақамист. Тоҷикистон нишон дод, ки дар баробари мушкилоти
геополитикӣ ва иқтисодӣ, метавонад аз масоили глобалӣ сухан гӯяд ва дар
ташаккули тарҳи ояндаи инсоният саҳм гузорад. Аз ин рӯ, мо омӯзгорон бояд ин
ташаббусро дастгирӣ намоем. Зеро агар мо имрӯз барои ахлоқ, инсон ва амнияти
рақамии фардо кӯшиш накунем, фардо шояд дер шавад.
Дар заминаи ин қатънома имкон аст, ки
дар кишвар сиёсати миллии истифодаи зеҳни сунъӣ таҳия шуда, механизми танзими
он дар соҳаҳои таҳсилот, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳоро ба роҳ
монем ва ҳамзамон чашмандозҳои илмии навро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти
ибтидоию миёнаи касбӣ таҳқиқ намоем.
Бояд гуфт, ки моҳе қабл бо ташаббуси Кумита
оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Кумита курси омӯзишии “Истифодабарандаи зеҳни сунъӣ» доир гардид. Ҳадафи ин
иқдом дар он аст, ки имрӯз зеҳни сунъӣ дар раванди таълим торафт нақши муҳимтар
бозида, имкон медиҳад барномаҳои омӯзишии фардӣ эҷод карда шавад, ки ба ниёзҳои
инфиродӣ ва сатҳи дониши ҳар як истифодабаранда мутобиқ бошад.
Зеҳни сунъӣ як соҳаи муштараки илму
технолия буда, ба таҳияву истифодаи барнома ва системаҳои мушаххас равон
шудааст, ки қобилияти фикр кардан, омӯзиш, ҳал кардани масъалаҳо ва қабули
қарорҳоро дорад. Он як технология ё самти илми муосир аст, ки роҳҳои омӯзиши
компютер, технологияи роботӣ ё системаи таҳлилиро барои тафаккури оқилона мисли
инсон меомӯзад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
зеҳни сунъиро як падидаи нав дар илми муосир дониста, дар яке аз
суханрониҳояшон қайд намуданд, ки «Истифодаи «зеҳни сунъӣ» дар ҷабҳаҳои
гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт густариш пайдо карда истодааст. Ба ин
маънӣ, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад,
балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад».
Баъди роҳандозии ин курс бо ташаббуси
Кумита бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ ва омода намудани мутахассисони
баландихтисос вобаста ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар
ихтисосҳои нави самти иқтисодиёти сабз, мошинҳои барқӣ, дастгоҳҳои
парвозкунандаи беҳавонаварду манбаъҳои ғайрианъанавӣ ва барқароршавандаи
энергия ва зеҳни сунъиро ташкил намуда, ба лоиҳаи Таснифоти давлатии равияҳо ва
ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намуд.
Мақсади ташкили ин ихтисосҳо дар он аст,
ки дар замони имрӯз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ нақши муҳим ва
муассирро дар фароҳамсозии имкониятҳои нав барои рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодию
иҷтимоӣ мебозанд. Омӯзиши технологияҳои рақамӣ имконият медиҳанд, ки дар
равандҳои истеҳсолот, тиҷорат, таҳсилот, тиб ва дигар соҳаҳо тағйироти назаррас
ба амал оянд. Зеҳни сунъӣ, ки аз алгоритмҳои пешрафта ва қароргирии автономӣ
барои ҳалли мушкилот истифода мебарад, қобилияти омӯзиш ва самаранокии
амалиётро дар ҳар як бахш беш аз ҳар вақт беҳтар мекунад.
Бо дарназардошти рушди бемайлони илму
техника ва технология, кишварҳои ҷаҳон барои амалигардонии низоми рақамии
фаъолияти соҳаҳои гуногун талош варзида, ҷиҳати осон намудани кор ва сарфаи
вақт, инчунин самаранок кардани фаъолияти соҳаҳо, баланд бардоштани самаранокии
меҳнат аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ васеъ истифода намуда истодаанд.
Хулоса, истифодаи технологияҳои рақамӣ
ва зеҳни сунъӣ дар замони имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва зарурӣ барои соҳаҳои
гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, алалхсус соҳаҳои воқеии иқтисодиёт мубадал
гардидааст, ки он метавонад ба самаранокии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар
мусоидат намояд.
ДАВЛАТЗОДА Баҳрулло Раҳмон,
муовини якуми раиси Кумита оид ба
таҳсилоти ибтидоӣ
ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент