
МУҲЛАТИ ТАҲСИЛ ДАР КОЛЛЕҶҲО АЗ 3 СОЛ БА 2 СОЛ КАМ КАРДА ШУД
2025-07-30 19:51:03
Вакилони Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»-ро баррасӣ ва
қабул карданд. Дар ин бора раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ имрӯз зимни
нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки тибқи муқаррароти қонуни
нав муҳлати таҳсил дар коллеҷҳо то 1 сол кам карда мешавад. Минбаъд тибқи он
барои шахсоне, ки таҳсилоти асосӣ (синфи 9) доранд, муҳлати таҳсил дар коллеҷҳо
аз то 4 сол ба то 3 сол расонида шуда, барои шахсоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ
(синфи 11) доранд, муҳлати таҳсил аз 3 сол то 2 сол кам карда шуд.
Бо мақсади иҷрои талаботи қарорҳои
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, №656 «Дар бораи Стандарти
давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз 26 декабри соли
2024, №654 «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи
касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи қарори протоколи ҷаласаи назоратии назди
расиси Кумита аз 10 июни соли 2025, №01/21 ба таври пилотӣ муҳлати таҳсил дар
муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии равияҳои омӯзгорӣ,
муҳандисӣ-омӯзгорӣ ва варзиш кам гардида, муҳлати таҳсил дар дигар равияҳо 4
сол (дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) ва 3 сол (дар заминаи таҳсилоти миёнаи
умумӣ) ба роҳ монда шуд.
Тавре ки раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар дод,
лоиҳаи нави қонун аз 7 боб ва 32 модда иборат буда, ҳадафи он навсозӣ,
дақиқсозӣ ва мутобиқгардонии меъёрҳои қонунгузорӣ ба талаботи замони муосир ва
рушди босуръати бозори меҳнат зикр мешавад. Он қонуни аз соли 2015 амалкунандаро
аз эътибор соқит менамояд.
Дар тарҳи нав таҳсили “дуалӣ” ҳамчун шакли расмии таҳсил дар коллеҷҳо
муайян шудааст. Ин шакли таҳсил дар қонуни амалкунанда зикр нашуда буд. Таҳсили
дуалиро низоми таълимие арзёбӣ менамоянд, ки дар он донишҷӯён қисми назариявии
таълимро дар муассиса ва қисми амалиро дар истеҳсолот мегузаронанд. Яъне,
таҳсилоти дуалӣ имкон фароҳам меорад, ки таҳсил бо таҷрибаи амалӣ дар корхонаю
ташкилотҳо пайваст гардад. Мақсади асосии гузаштан ба таҳсилоти дуалӣ тағйир
додани шаклу усулҳои таълим ва ба талаботи давр мутобиқ намудани фаъолияти
зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошад.
Бояд гуфт, афзалияти таълими дуалӣ дар он аст, ки донишҷӯ дар давоми
таҳсил, ба раванди кор аз наздик ошноӣ пайдо намуда, касби ояндаашро ҳамаҷониба
аз худ мекунад. Ин, пеша аз ҳама, имкон фароҳам меорад, ки оянда ба ҷои кор чун
мутахассиси корозмуда ворид шавад ва корашро бо сифати баланд анҷом диҳад.
Омӯзиш нишон медиҳад, ки ин яке аз роҳҳои хуби омода намудани мутахассисони
ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар тамоми соҳаҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) амал мекунанд, ки дар онҳо мутахассисон аз рӯйи 10 равия аз ҷумла омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ омода мешаванд.