
ДАР НАЗДИ ҲАМАИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИЮ МИЁНАИ КАСБӢ КУРСҲОИ КӮТОҲМУДДАТИ КАСБОМӮЗӢ ТАШКИЛ ШУДАНД
2025-07-30 19:47:55
Дар нимсолаи якуми соли 2025 курсҳои
кӯтоҳмуддати касбомӯзии назди муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро 5
ҳазору 389 нафар хатм кард, ки аз ин 1007 нафарашро занону бонувон ташкил
медиҳад, ки дар қиёс ба шаш моҳи соли 2024 - 543 нафар зиёд мебошад. Дар ин
бора академик Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки дар Паёми навбатии
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардид, ки ҷиҳати ба касбу
ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани 210 ҳазор нафар шарвандон ба соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ
ва миёнаи касбӣ тадбирҳои амалӣ андешад.
Барои зиёд намудани теъдоди қабули
хонандагон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ корбарӣ бо вазорату
идораҳои дахлдор идома дошта, дар нақша гирифта шудааст, ки дар панҷ соли оянда
беш аз як милион нафар шаҳрвандон ба омухтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ
фаро гирифта шаванд.
“Кумита нақшаи ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ҷалб намудани
шаҳрвандонеро, ки касбу ҳунар надоранд, барои нимсолаи якуми соли 2025 бо
шумораи 20 ҳазор нафар тасдиқ намуда, барои иҷро ба муассисаҳои таълимии
таҳсилоти ибтидоии касбӣ ирсол намуд”, - гуфт раиси Кумита.
Қайд гардид, ки дар соли таҳсили 2024-2025 дар заминаи литсейи касбии
теҳникии ноҳияи Шуғнон, шаҳри Бохтар, алоқа ва нақлиёти автомобилии шаҳри
Душанбе марказҳои Шуғли фосилавӣ фаъолияти босамар дошта, шаҳрвандонро ба касбу
ҳунаромӯзӣ фаро мегиранд. Ба ҳолати шаш моҳи соли 2025 курсҳои кӯтоҳмуддати
назди марказҳои Шуғли фосилавии муассисаҳои болозикрро 321 нафар (114 духтар)
хатм намуда, айни замон 5 гурӯҳ бо шумораи 125 нафар шаҳрвандон таҳсил намуда
истодаанд.
Инчунин, дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти
миёнаи касбӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз рӯи ихтисосҳои дӯзанда, монтёри
барқӣ, кафшергари газию барқӣ, гулдӯз, бофанда, пардозгарӣ (сохтмончӣ), қаннод,
кандакорӣ дар чӯб, ошпаз, соҳибкор, муҳосиб бо донистани компютер,
занбӯриасалпарвар, системаи компютерӣ ва Интернет-технология ва омӯзиши
забонҳои русию англисӣ омода менамоянд. Дар шашмоҳаи аввал аз рӯи касбҳои
зикргардида 615 нафар соҳиби шаҳодатномаи касб гардида, 200 нафар дар ин курсҳо
ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Теъдоди хатмкардагони курсҳои кӯтоҳмуддат
нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 347 нафар (соли гузашта 241 нафар) зиёд
мебошад.
Дар ин давра дар ҳамаи литсейҳои касбӣ ва коллеҷҳо барои дуруст ба роҳ
мондани раванди таълим ва гузаронидани дарсҳои зергурӯҳӣ аз фанҳои забони русӣ
ва забони англисӣ синфхонаҳои омӯзишӣ бо лавҳаҳо ва маводи таълимӣ вобаста ба
ихтисос ҷиҳозонида шуда, дар назди кафедраи гуманитарӣ маҳфилҳои забондонӣ ва
курсҳои кӯтоҳмуддат таъсис дода шуданд. Дар курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши
забонҳои русӣ ва англисӣ дар ин давра беш аз 500 нафар шаҳрвандон ҷалб шудаанд.