
ФАРҲОД РАҲИМӢ: ИХТИСОСҲОИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ, ТАЪМИРГАРИ НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ ВА ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТАШКИЛ ШУДАНД
2025-07-30 19:46:29
Бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ ва омода
намудани мутахассисони баландихтисос вобаста ба талаботи бозори меҳнати дохил
ва хориҷи кишвар Кумита ихтисосҳои нави самти иқтисодиёти сабз, мошинҳои барқӣ,
зеҳни сунъӣ, дастгоҳҳои парвозкунандаи беҳавонавард ва манбаъҳои ғайрианъанавӣ
ва барқароршавандаи энергияро муайян намуда, ба лоиҳаи Таснифоти давлатии
равияҳо ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намуд.
Дар ин бора имрӯз Фарҳод Раҳимӣ, раиси
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Гуфта шуд, ки дар замони имрӯза
технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ нақши муҳим ва муассирро дар фароҳамсозии
имкониятҳои нав барои рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мебозанд.
Омӯзиши технологияҳои рақамӣ имконият
медиҳанд, ки дар равандҳои истеҳсолот, тиҷорат, таҳсилот, тиб ва дигар соҳаҳо
тағйироти назаррас ба амал оянд. Зеҳни сунъӣ, ки аз алгоритмҳои пешрафта ва
қароргирии автономӣ барои ҳалли мушкилот истифода мебарад, қобилияти омӯзиш ва
самаранокии амалиётро дар ҳар як бахш беш аз ҳар вақт беҳтар мекунад.
Зикр гардид, ки бо дарназардошти рушди
бемайлони илму техника ва технология, кишварҳои ҷаҳон барои амалигардонии
низоми рақамии фаъолияти соҳаҳои гуногун талош варзида, ҷиҳати осон намудани
кор ва сарфаи вақт, инчунин самаранок кардани фаъолияти соҳаҳо, баланд
бардоштани самаранокии меҳнат аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ васеъ
истифода намуда истодаанд.
Бояд қайд намуд, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар замони имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва зарурӣ барои соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, алалхсус соҳаҳои воқеии иқтисодиёт мубадал гардидааст, ки он метавонад ба самаранокии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат намояд.