
ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
2025-07-30 19:45:01
Имрӯз дар Кумита оид ба таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи ташкил
ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо,
мактабҳои олӣ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти
нимсолаи якуми соли 2025 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4
марти соли 2005, №АП-1677 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ, Мудири бахши
маориф ва илмИ Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Сайдулло Зувайд, муовинони Раиси Кумита,
Давлатзода Баҳрулло, Ализода Алишер, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои
дастгоҳи марказии Кумита ва 35 нафар намояндагони воситаи ахбори омма иштирок
намуданд.
Дар нишасти матбуотии Кумита рӯзноманигорон аз расонаҳои хабарии АМИТ
“Ховар”, “Ҷумҳурият”, “Минбари халқ”, “Народная газета”, “Ҷавонони Тоҷикистон”,
“Бонувони Тоҷикистон”, “Радиои Тоҷикистон”, “Радиои Садои Душанбе”, “Радиои
овози Тоҷик”,”Радиои Фарҳанг” телевизионҳои “Тоҷикистон”, “Сафина”,
”Ҷаҳоннамо”, “Душанбе HD”, “Синамо”, “Илм ва табиат”, “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои
мардумӣ”, “Баҳористон” ва дигар навъи ВАО иштирок намуданд.
Дар оғози нишасти хабарӣ раиси Кумита гуфт, вакилони Парлумони Тоҷикистон
лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»-ро баррасӣ
ва қабул карданд. Тибқи муқаррароти қонуни нав муҳлати таҳсил дар коллеҷҳо то 1
сол кам карда мешавад. Минбаъд тибқи он барои шахсоне, ки таҳсилоти асосӣ
(синфи 9) доранд, муҳлати таҳсил дар коллеҷҳо аз то 4 сол ба то 3 сол расонида
шуда, барои шахсоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) доранд, муҳлати
таҳсил аз 3 сол то 2 сол кам карда шуд.
“Бо мақсади иҷрои талаботи қарорҳои
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, №656 «Дар бораи Стандарти
давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз 26 декабри соли
2024, №654 «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи
касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи қарори протоколи ҷаласаи назоратии назди
расиси Кумита аз 10 июни соли 2025, №01/21 ба таври пилотӣ муҳлати таҳсил дар
муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии равияҳои омӯзгорӣ,
муҳандисӣ-омӯзгорӣ ва варзиш кам гардида, муҳлати таҳсил дар дигар равияҳо 4
сол (дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) ва 3 сол (дар заминаи таҳсилоти миёнаи
умумӣ) ба роҳ монда шуд”, - гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.
Тавре ки раиси Кумита хабар дод, лоиҳаи нави қонун аз 7 боб ва 32 модда
иборат буда, ҳадафи он навсозӣ, дақиқсозӣ ва мутобиқгардонии меъёрҳои қонунгузорӣ
ба талаботи замони муосир ва рушди босуръати бозори меҳнат зикр мешавад. Он
қонуни аз соли 2015 амалкунандаро аз эътибор соқит менамояд.
Дар идомаи нишасти хабарӣ зикр гардид, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи
касбӣ 100 ҳазору 663 нафар донишҷӯ (77 ҳазору 510 духтар) ба таҳсил фаро
гирифта шудаанд, ки теъдоди донишҷӯён нисбат ба соли гузашта 2112 нафар (2,1
фоиз) зиёд мебошад.
Ба таъкиди раиси Кумита, имсол 24 ҳазору 547 нафар муассисаҳои таълимии
таҳсилоти миёнаи касбиро хатм карданд, ки аз онҳо 610 нафар сазовори дипломи
аъло шуданд. Аз ин теъдод 538 нафар тибқи роҳхати Кумита бо ҷойи кор таъмин
шуданд. Айни ҳол, дар ҷумҳурӣ 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (аз ин теъдод
59 муассисаи давлатӣ, 27 муассисаи хусусӣ) ва 6 филиал фаъолият менамоянд. Дар
муассисаҳои мазкур аз рӯйи самтҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ,
иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҳуқуқ, таъмини бехатарӣ ва аз
рӯйи зиёда аз 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешавад, ки нисбат
ба ҳамин давраи соли гузашта 135 адад номгӯйи ихтисос зиёд мебошад.
“Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои
таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар ташкилоту идораҳои эҳтиёҷманд бо
мутахассисони ҷавон, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 27
майи соли 2017, №262 «Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани
мутахассисони ҷавон» тибқи фармоиши раиси Кумита аз 03.04.2025, №88 бо иштироки
намояндаҳои Кумита ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои дахлдор дар 17
муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии равияи омӯзгории ҷумҳурӣ аз
29.04.2025 то 31.05.2025 тақсимоти мутахассисони ҷавон гузаронида шуд. Дар ин
муассисаҳо 538 нафар мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ аз ҳисоби маблағҳои
буҷети давлатӣ шуъбаи рӯзонаи муассисаҳои таълимиро хатм намуданд ва ҳамаи онҳо
ҳамчун мутахассиси ҷавон ҷиҳати тӯли се сол машғул гардидан ба фаъолияти
омӯзгорӣ бо роҳхати Кумита таъмин карда шуданд”, - гуфт раис.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ ва омода намудани
мутахассисони баландихтисос вобаста ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи
кишвар Кумита ихтисосҳои нави самти иқтисодиёти сабз, мошинҳои барқӣ, зеҳни
сунъӣ, дастгоҳҳои парвозкунандаи беҳавонавард ва манбаъҳои ғайрианъанавӣ ва
барқароршавандаи энергияро муайян намуда, ба лоиҳаи Таснифоти давлатии равияҳо
ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намуд.
Ҳамзамон, ба таъкиди раиси Кумита дар нимсолаи якуми соли 2025 курсҳои
кӯтоҳмуддати касбомӯзии назди муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро 5
ҳазору 389 нафар хатм карданд, ки аз ин теъдод 1007 нафарашро занону бонувон
ташкил медиҳанд.
Зикр гардид, ки дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон муваззаф гардид, ки ҷиҳати ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани 210
ҳазор нафар шарвандон ба соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тадбирҳои
амалӣ андешад. Барои зиёд намудани теъдоди қабули хонандагон ба муассисаҳои
таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ корбарӣ бо вазорату идораҳои дахлдор идома
дошта, дар нақша гирифта шудааст, ки дар панҷ соли оянда беш аз як милион нафар
шаҳрвандон ба омухтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шаванд.
“Кумита нақшаи ба курсҳои кӯтоҳмуддати
касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандонеро, ки касбу ҳунар надоранд, барои нимсолаи
якуми соли 2025 бо шумораи 20 ҳазор нафар тасдиқ намуда, барои иҷро ба
муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ирсол намуд”, - гуфт раиси
Кумита.
Қайд гардид, ки дар соли таҳсили 2024-2025 дар заминаи литсейи касбии
теҳникии ноҳияи Шуғнон, шаҳри Бохтар, алоқа ва нақлиёти автомобилии шаҳри
Душанбе марказҳои Шуғли фосилавӣ фаъолияти босамар дошта, шаҳрвандонро ба касбу
ҳунаромӯзӣ фаро мегиранд. Ба ҳолати шаш моҳи соли 2025 курсҳои кӯтоҳмуддати
назди марказҳои Шуғли фосилавии муассисаҳои болозикрро 321 нафар (114 духтар)
хатм намуда, айни замон 5 гурӯҳ бо шумораи 125 нафар шаҳрвандон таҳсил намуда
истодаанд.
Инчунин, ба таъкиди раиси Кумита, дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар назди
муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз рӯи
ихтисосҳои дӯзанда, монтёри барқӣ, кафшергари газию барқӣ, гулдӯз, бофанда,
пардозгарӣ (сохтмончӣ), қаннод, кандакорӣ дар чӯб, ошпаз, соҳибкор, муҳосиб бо
донистани компютер, занбӯриасалпарвар, системаи компютерӣ ва
Интернет-технология ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ омода менамоянд. Дар
шашмоҳаи аввал аз рӯи касбҳои зикргардида 615 нафар соҳиби шаҳодатномаи касб
гардида, 200 нафар дар ин курсҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Теъдоди
хатмкардагони курсҳои кӯтоҳмуддат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 347 нафар
(соли гузашта 241 нафар) зиёд мебошад.
Дар ин давра дар ҳамаи литсейҳои касбӣ ва коллеҷҳо барои дуруст ба роҳ
мондани раванди таълим ва гузаронидани дарсҳои зергурӯҳӣ аз фанҳои забони русӣ
ва забони англисӣ синфхонаҳои омӯзишӣ бо лавҳаҳо ва маводи таълимӣ вобаста ба
ихтисос ҷиҳозонида шуда, дар назди кафедраи гуманитарӣ маҳфилҳои забондонӣ ва
курсҳои кӯтоҳмуддат таъсис дода шуданд. Дар курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои
русӣ ва англисӣ дар ин давра беш аз 500 нафар шаҳрвандон ҷалб шудаанд.
Баъди ироаи маълумоти мушаххас роҷеъ ба фаъолият ва дастовардҳои Кумита аз ҷониби 8 нафар намояндаи ВАО 15 савол пешниҳод гардид, ки ба ҳар кадоми он раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ посухҳои мушаххас доданд. Зикр гардид, ки Кумита ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон аст.