
ФАРҲОД РАҲИМӢ: МУТАХАССОНЕ, КИ РАВИЯҲОИ ОМӮЗГОРИРО БА ТАВРИ БУҶАВӢ ХАТМ КАРДААНД, БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ШУДАНД
2025-07-30 19:43:29
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 100 ҳазору 663
нафар донишҷӯ (77 ҳазору 510 духтар) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки теъдоди
донишҷӯён нисбат ба соли гузашта 2112 нафар (2,1 фоиз) зиёд мебошад. Дар ин
бора академик Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ
дод.
Ба таъкиди раиси Кумита, имсол 24 ҳазору 547 нафар
муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм карданд, ки аз онҳо 610
нафар сазовори дипломи аъло шуданд. Аз ин теъдод 538 нафар тибқи роҳхати Кумита
бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Гуфта шуд, ки айни ҳол, дар ҷумҳурӣ 86 муассисаи
таҳсилоти миёнаи касбӣ (аз ин теъдод 59 муассисаи давлатӣ, 27 муассисаи хусусӣ)
ва 6 филиал фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои мазкур аз рӯйи самтҳои
омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ,
муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҳуқуқ, таъмини бехатарӣ ва аз рӯйи зиёда аз 344 номгӯйи
ихтисос мутахассисон омода карда мешавад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта
135 адад номгӯйи ихтисос зиёд мебошад.
Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру
ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар ташкилоту идораҳои эҳтиёҷманд бо мутахассисони ҷавон,
ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 27 майи соли 2017, №262
«Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» тибқи
фармоиши раиси Кумита аз 03.04.2025, №88 бо иштироки намояндаҳои Кумита ва
шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои дахлдор дар 17 муассисаҳои таълимии таҳсилоти
миёнаи касбии равияи омӯзгории ҷумҳурӣ аз 29.04.2025 то 31.05.2025 тақсимоти
мутахассисони ҷавон гузаронида шуд.
Зикр гардид, ки дар ин муассисаҳо 538 нафар мутахассисони ҷавони равияи
омӯзгорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ шуъбаи рӯзонаи муассисаҳои
таълимиро хатм намуданд ва ҳамаи онҳо ҳамчун мутахассиси ҷавон ҷиҳати тӯли се
сол машғул гардидан ба фаъолияти омӯзгорӣ бо роҳхати Кумита таъмин карда
шуданд.
