Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ТОҶИКИСТОН ТАШАББУСКОРИ РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ
single-product

ТОҶИКИСТОН ТАШАББУСКОРИ РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

2025-07-29 20:42:29

 (Ба ифтихори қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба зеҳни сунъӣ бо ташаббуси Тоҷикистон)

Бо суръат гирифтани ҷаҳонишавӣ ва рушди бесобиқаи инноватсия, технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба яке аз унсурҳои муҳими тағйирдиҳандаи соҳаҳои гуногуни зиндагии инсон табдил ёфтааст. Боиси сарфарозист, ки ибтикороти навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии аксарияти кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, санаи 25 июли соли 2025 дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи муҳим ва таърихӣ таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» бо иттифоқӣ қабул гардид.

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки кишварҳои он аз ҷиҳати геополитикӣ, расму оин, урфу одат, иқлим ва муносибатҳои иқтисодӣ хусусиятҳои муштарак доранд, имкониятҳои татбиқи зеҳни сунъӣ дар равандҳои рушди устувор рӯз то рӯз аҳамияти бештар касб мекунад. Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ин раванд мавқеи пешсафиро ба худ ихтисос додааст.

Мавриди зикри хос аст, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ санаи 24-уми сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд, ки дар он зарурати истифодаи оқилонаи зеҳни сунъӣ баҳри пешрафти устувор, рушди илм, ҳалли масъалаҳои муҳити зист, маориф, тандурустӣ ва инфрасохтор таъкид шудааст.

Ин аввалин қатъномаест, ки дар доираи Созмони Милали Муттаҳид зеҳни сунъиро бо тамаркуз ба минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор медиҳад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор мавқеи пешсафиро дар масоили технологияҳои муосир ва сиёсати ҷаҳонии рушди устувор нишон дод. Қатънома ҳамзамон кишварҳоро ба ҳамкорӣ дар таҳияи сиёсати умумии минтақавӣ дар бахши зеҳни сунъӣ, мубодилаи таҷриба ва маълумот, баланд бардоштани саводнокии рақамӣ ва тақвияти инфрасохторҳои рақамӣ даъват менамояд.

Фарогирии масъалаҳои зерин дар қатънома:

-Пешбурди ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ҳангоми истифодаи зеҳни сунъӣ;

-Мусоидат ба рушди баробар ва фарогири рақамӣ;

-Ташвиқи навовариҳо ва дастгирии муҳаққиқон ва ҷавонон;

-Таҳкими иқтидорҳои миллӣ дар бахши технологияи рақамӣ.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар исбот намуд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ натанҳо манфиатњои як давлат, балки манфиатҳои минтақаро пайгирӣ намудан дар рушди онҳо саҳмгузор мебошад. Сиёсати роҳандозинамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои ташаббускораш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот намуда истодааст, ки тоҷикон миллати тамаддунсозӣ, дорои таърихи бой ва созанда мебошанд.

Қабули қатъномаи мазкур саифаи тозаеро дар рушди зеҳни сунъӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ боз намуда, дар расидан ба рушди устувори минтақа саҳми беназир хоҳад гузошт.

Ҷои зикри хос аст, ки қабули қатъномаи мазкур на танҳо як санади муҳими сиёсиву илмӣ, балки як қадами бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ барои ташаккули ҷомеаи рақамии адолатпарвар ва рушди устувори минтақа ба шумор меравад.

Хоҷазода Давронҷон, директори

Муассисаи давлатии таълимии

«Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ»