
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ РАВОБИТИ НАВИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
2025-07-29 20:39:31
Асри XXI асри иттилоот ва технологияҳои
коммуникатсионӣ эътироф гардидааст. Рушди ҷомеаи инсониро дар шароити муосир бе
истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои гуногун тасаввур кардан ғайриимкон
аст.
Зеҳни сунъӣ технологияест, ки ба
компютерҳо ва системаҳо қобилияти иҷро кардани вазифаҳое медиҳад, ки қаблан
танҳо инсонҳо метавонистанд онҳоро иҷро кунанд. Ба ин вазифаҳо шомиланд:
шинохтани садо, акс, матн, қабули қарорҳо ва ҳатто пешгӯии рӯйдодҳо. Ҳадафи
асосии зеҳни сунъӣ ин ба системаҳо омӯзонидани қобилиятҳои “фикр кардан” ва
“омӯхтан” аст. Аслан, зеҳни сунъӣ ба кам кардани истифодаи қувваи меҳнат
тавассути технология оварда мерасонад. Яъне, меҳнат ҳамчун раванд бештар
тавассути технологияи рақамӣ ва компютер идора ва амалӣ мегардад.
Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин
кишварест, ки Стратегияи рушди зеҳни сунъиро қабул кардааст. Ин Стратегия то
соли 2040-ро дарбар мегирад. Коршиносони соҳа аз ин иқдоми Ҳукумати кишвар
ҷонибдорӣ намуда, бовар доранд, ки акнун Тоҷикистон қадами асосиро ҷиҳати рушди
рақамикунонии иқтисод мегузорад. Ҳоло дар Душанбе марказҳои таҳияи барнома ва
кор дар самти зеҳни сунъӣ аллакай амал мекунанд.
Истифода аз нерӯи зеҳнии олимону
пажуҳишгарон ҳамеша натиҷаи баланд медиҳад. Зеҳни сунъӣ низ як навъ ихтирои
инсон аст, ки бо тақлид ба зеҳни инсоният фаъолият менамояд ва имрӯз барои
кулли башар чизи хеле муҳим ва зарурӣ гардидааст. Олимону муҳаққиқон истифода
аз зеҳни сунъиро дар тамоми соҳаҳо хеле зарур ва муҳим меҳисобанд. Дар аксарияти
кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон татбиқи он ба ин ё он соҳа натиҷаи хуб додааст.
Дар бозори меҳнат ба зарфияти зеҳнии
инсонҳо, ки бо илмҳои муосир шакл гирифтааст, эҳтиёҷ бештар мегардад. Зеро
имрӯз бо истифода аз зеҳни сунъӣ, компютер зарфияти коркарди миллионҳо мегабайт
иттилоотро дар як сония дорад, ки инсон дори чунин зарфият нест. Аз ин рӯ дар
раванди ташаккули технология ба инсонҳои донишманд бештар такя карда мешавад,
аммо дар ҳама давлатҳо дар самти омода намудани мутахасисони сатҳи баланд
мушкилоти ҷиддӣ вуҷуд дорад.
Тамоми таҳқиқот ва омӯзишу пажӯҳишҳое,
ки олимону муҳақиқон онро анҷом медиҳанд, дар оянда имкон медиҳад то зеҳни
сунъӣ бо истифода аз онҳо аз ҳар ҷиҳат аз инсон бартарӣ бошад. Зеро зеҳни сунъӣ
бо истифода аз ин дастовардҳои илмӣ ва қобилияти ҳифзу таҳлили миқдори зиёди
иттилооту маълумот зарфияти анҷом додани амалҳое, ки инсон дар амалӣ намудани
он оҷиз аст, соҳиб мегардад. Чунин як зарфият имкон медиҳад, то дар бисёр
соҳаҳо зеҳни сунъӣ инсонро иваз намояд.
Мақсади зеҳни сунъӣ таҳияи алгоритмҳо ва
амсилаҳое мебошад, ки метавонанд зеҳни инсонро тақлид кунанд ва вазифаҳои
гуногунро ҳал кунанд. Ба вуҷуд овардани системаҳои зеҳни сунъӣ барои иҷрои
вазифаҳое, ки ҳарчанд барои инсонҳо осон ва табиӣ мебошанд, барои мошинҳо ва
алгоритмҳо бо истифода аз усулҳои дарёфт ва таҳлил маълумот, омӯзиш ва
истилоҳот, қароргирӣ ва дигар вазифаҳои иншоотӣ имконпазир аст.
Зеҳни сунъӣ ва технологияҳои марбут ба
он дар ҷаҳони муосир як қисми ҷудонашавандаи рушди илмӣ ва технологӣ мебошанд.
Ин технологияҳо дар ҳолати кунунӣ бо суръат рушд мекунанд ва таъсири амиқе ба
ҳамаи соҳаҳои ҳаёти инсонӣ доранд. Истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун на
танҳо барои пешрафти технологӣ, балки барои рушди иқтисоди рақамӣ ва таъмини
рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Дар соҳаи тиҷорат ва молия, истифодаи
зеҳни сунъӣ дар таҳлили рафтори истеъмолкунандагон ва пешгӯии раванди бозор, он
метавонад шароити беҳтаре барои фаъолиятҳои тиҷоратӣ ва стратегияи иқтисодӣ
муҳайё кунад, ки дар натиҷа ин ҳолат ба суръат ва самаранокии рушди иқтисодӣ
мусоидат кунад. Технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи нақлиёт ва инфрасохтор ҳам
бо истифода аз нақлиёти худидорашаванда ва системаҳои интеллектуалӣ барои
идоракунии роҳҳо ва ҳаракати одамон ва борҳо, қобилиятҳои зеҳни сунъӣ дар бораи
таҳлили маълумотҳои нақлиётӣ барои беҳтар кардани системаи нақлиёт таъсири амиқ
хоҳанд дошт.
Ҳамин тариқ, зеҳни сунъӣ боиси пешрафти
иқтисодӣ гардида, дар баробари ин омодасозии кадрҳо, таъмини амнияти иттилоотӣ
ва ҷустани роҳҳои хавфи онро тақозо менамояд.
Зайнура ШОДИЕВА,
директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри
Панҷакент