Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > “ҶАҲОНИ ҲУНАР” - ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО ВА МИНБАРИ СОҲИБҚАЛАМОН
single-product

“ҶАҲОНИ ҲУНАР” - ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО ВА МИНБАРИ СОҲИБҚАЛАМОН

2025-07-29 20:38:18

Ҷаҳони ҳунар” нашрияи расмии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда бо сарварии рӯзноманигори соҳибқалам Раҳматулло Каримов моҳе ду маротиба дастраси хонанда ва ҳаводоронаш мегардад.

Ин нашрия минбари роз, суҳбатҳои тахассусӣ, маводи тарбиявию таълимӣ ва таҳлилӣ буда, ҳамчунин мусоҳибаҳои муфидро бо шахсони таъсиргузори ҷомеа ба нашр мерасонад, ки барои баланд бардоштани савияи ҷаҳонбинии насли наварас мусоидат мекунад. Кормандони ҳафтаномаи «Ҷаҳони ҳунар» дар якҷоягӣ бо муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша аз манфиатҳои миллию давлатӣ пуштибонӣ намуда, дар муқобили таҳоҷуми иттилоотии ҳаракату гурӯҳҳои иртиҷоӣ муқовимати устувор нишон медиҳанд, ки барои навсли ҷавон басо саривақтӣ ва муҳим аст.

Рӯзномаи “Ҷаҳони ҳунар” ба таври мураттаб ва муназзам таҳия, чоп ва бидуни маҳдудият дастраси мардуми ҳама қишри ҷомеа - омӯзгорон, толибилмон, донишҷӯён ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ мегардад. Ҳадафи нашрия чопи ахбор ва иттилоот дар соҳаҳои гуногун, ифшои камбудиҳои ҷойдошта ва дастовардаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аст, ки ин амал боиси беҳтар шудани вазъи соҳа мегардад.

Пӯшида нест, ки имрӯз фазои иттилоотии ҷомеаи моро интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва васоити дигари ахбори омма бо сурати бемайлон гирифта истодааст, аммо ҳанӯз мақом ва манзалати нашрияҳо, махсусан ҳафтаномаи “Ҷаҳони ҳунар” побарҷост. Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук низ масъулинни рӯзномаи «Ҷаҳони ҳунар» гуруҳи Кумитаро таъсис дода, фаъолона дар он матлабҳо нашр мекунад. Ин гуруҳ ҳамчун василаи муҳими иттилоотӣ хизмат намуда, хонандагонро бо хабарҳо, мақолаҳо ва навгониҳои соҳаи таҳсилоти касбӣ ошно месозад. Дар ин гуруҳ тамоми хабарҳои муҳим сари вақт ба хонандагон пешниҳод мегардад.

Табиист, ки имрӯз дар дунёи зудтағйирпазиру пуртазод дучори буҳрони шадиди маънавӣ гардида истода бошад ҳам, вале иттилоот чун манбаи асосии ташаккули тафаккур ва инкишофи ҷомеа қимати худро аз пештара дида бештар афзун намудааст. Даргириҳои минтақавӣ, авҷи ҷудоихоҳӣ, гурӯҳҳои ифротгаро, бадалшавии идеологияҳо, таҳоҷуми иттилоотӣ ва таҳдидҳои дигари ҷаҳони муосир аз намояндагони васоити ахбори умум ҳушёрии бештареро тақозо мекунад. Ин равандҳо аз кормандони расонаҳои хабарӣ ваҳдати касбӣ, ҳамраъйӣ, ҷасорату шуҷоат, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти баланди касбиро тақозо менамоянд.

Аҳлиэҷоди рӯзномаи «Ҷаҳони ҳунар» барои муарифии муассисаҳои нази Кумита ба дастовардҳои зиёд ноил гашт. Ҳамкории густурдаву пурсамар бо муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи пешравии фаъолияти омӯзгорон аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба мақоми воситаҳои ахбори омма хеле бамаврид таъкид намудаанд, ки «Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд».

Хулоса, рӯзномаи «Ҷаҳони ҳунар» ба унвони минбари расмии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъсис ёфтааст ва бо мақсади инъикоси фаъолияти ҳунармандӣ, ҳифзи дастовардҳои касбомӯзӣ, тарбияи ҷавонон ва дастгирии касбомӯзӣ фаъолият мекунад. Рӯзномаи мазкур минбарест барҳаво барои ҳунармандону касбомӯзони тоҷик, тарғиби таҷрубаҳои амалӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои ҳунарсоз ва касбомӯзӣ.

Тоҳир ОДИЛОВ,

мудири кафедраи техникӣ-технологии

Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ