Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ЗЕҲНИ СУНЪӢ – ТАҲАВВУЛОТ ДАР ТЕХНОЛОГИЯ
single-product

ЗЕҲНИ СУНЪӢ – ТАҲАВВУЛОТ ДАР ТЕХНОЛОГИЯ

2025-07-29 20:36:46

Зеҳни сунъӣ яке аз дастовардҳои муҳимтарини пешрафти технологии асри XXI ба ҳисоб меравад ва дар замони мо қариб ба ҳамаи соҳаҳои зиндагии инсонӣ ворид шудааст. Зеҳни сунъӣ аз тиб то таълим, аз саноат то технологияҳои ахбор кори инсонро осон мекунад, самаранокиро меафзояд ва дари имкониятҳои навро боз менамояд.

Дар асрҳои XIX–XX, бо мақсади осон кардани меҳнати ҷисмонии инсон ва фароҳам овардани шароити беҳтари рӯзгор, даҳҳо дастгоҳҳои маишӣ ва электронӣ ихтироъ карда шуданд. Аз ҷумла, плитаи газӣ (соли 1802), дарзмоли барқӣ (1882), чангкашак (1901), яхдон (1913), блендер (1922) ва телевизор (1927) — ҳамаи инҳо воситаҳое буданд, ки ба корҳои хонагӣ ва эҳтиёҷоти рӯзмарраи инсон кӯмак мерасониданд.

Ба Тоҷикистон ин система тақрибан панҷ сол пеш роҳ ёфт ва дар моҳҳои охир истифодаи он ба сатҳи баланд расидааст. Зеҳни сунъӣ имрӯз шаклҳои гуногунро гирифтааст ва ба таври васеъ паҳн шудааст. Аз ҷумла, шаклҳои маъруфи он ёварони овозӣ (мисли Siri, Yandex Alisa, Amazon Alexa); чат-ботҳо (масалан, ChatGPT); системаҳое, ки чеҳра (Face ID), овоз ва изи ангуштро мешиносанд; тарҷумонҳои автоматӣ (Google Translator, Yandex Translator); системаҳое, ки бемориҳоро муайян мекунанд (масалан, саратони пӯст, таҳлили рентген); мошинҳои худидорашаванда (Tesla, дронҳо) ва ғайраҳоянд.

Ин технологияҳо бо платформаҳои машҳур, аз қабили Instagram, TikTok, YouTube, Netflix, Spotify, Amazon, AliExpress ва Wildberries пайваст шудаанд ва фаъолияти онҳоро дастгирӣ менамоянд. Ин имкон медиҳад то барномаҳо ба корбарон контент ва маҳсулотеро пешниҳод кунанд, ки ба завқ ва манфиатҳои онҳо мувофиқанд.

Фаҳмидани ҷиҳатҳои мусбат ва манфии зеҳни сунъӣ (ЗС) ва истифодаи дурусти он яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати асосии мусбати истифодаи зеҳни сунъӣ дар он аст, ки шахс метавонад ба осонӣ ва зуд ба маълумот ва андешаҳои зарурӣ дастрасӣ пайдо кунад. Ин роҳ нисбат ба ҷустуҷӯ ва интихоби маълумот аз китобҳо ё сайтҳои интернетӣ хеле қулайтар аст, зеро зеҳни сунъӣ ба саволи шумо ҷавобро кӯтоҳ, дақиқ ва фаҳмо медиҳад.

Аммо бояд донем, ки ҷавобҳои он бар асоси маълумоти мавҷудаи интернетӣ дода мешаванд. Яъне, зеҳни сунъӣ ба таври оморӣ он посухеро дуруст медонад, ки бештар дар манбаъҳои гуногун такрор ёфтааст. Тарафи дуюм ва сеюми тангаро, боваринокӣ ё воқеияти маълумотро мумкин аст фарқ накунад. Аммо агар шумо бо далелҳо ва асосҳо кор карданро мехоҳед, вай сарчашмаи маълумотро низ пешниҳод мекунад. Дар ин ҳолат, корбар метавонад бо манбаи аслӣ кор кунад ва онро таҳлил намояд.

Инчунин, зеҳни сунъӣ бо суръат ва осонӣ ҳалли масъалаҳои одамонро меёбад ва онҳоро бесабру танбал месозад, дар байни онҳо оқибату самимиятро кам мекунад. Ҳатто одамоне, ки чӣ гуна гузаронидани маросимҳои тӯйро бо зеҳни сунъӣ машварат мекунанд, низ кам нестанд. Зеҳни сунъӣ на танҳо мушкилоти одамонро гӯш карда, маслиҳат ва ёрӣ медиҳад, балки дар ҳалли масъалаҳои равонӣ ва ҳатто тиббӣ-физиологӣ низ ёрӣ мерасонад.

Имрӯз зеҳни сунъӣ барои рақамӣ кардану осон намудани зиндагӣ саҳми арзанда мегузорад. Махсусан, робот-чангкашак, яхдон, кондитсионер, печ ва мошини либосшӯии боақл ихтироъ шудааст. Инчунин, тавассути зеҳни сунъӣ коғазбозӣ ва ба навбатҳои дурудароз истодан гум шуд. Ихтирои смартфонҳо баъзе одамонро аз соат, камера, ҳисобкунак ва тақвим озод кард, ҳоло зеҳни сунъӣ низ баъзе касбҳоро нодида мегирад.

Омӯзиши зеҳни сунъӣ бояд бо огоҳӣ сурат гирад, яъне аз хавфи вобастагии беҳад ба гаҷетҳо ё интернет ҳифз карда, бо мувозинат ва оқилона истифода шавад.

ОДИНАЗОДА Латофат Амиршо,

директри Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент