
ЗЕҲНИ СУНЪӢ - ТЕХНОЛОГИИ ЗАМОНИ МУОСИР
2025-07-29 20:35:27
Ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз бе иттилоот ва
технологиҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ (ТИК) тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Ҳар рӯз ба фазои маҷозӣ миллиард ва аз он ҳам зиёд иттилоот ворид шуда, коркард
мегардад. Зеҳни сунъӣ ҷолибтарин ихтирооти асри XXI ба шумор меравад. Он ҷаҳони
моро тағйир дода, усулҳои кор, омӯзиш ва ҳаёти ҳаррӯзаи моро боз ҳам муассиртар
месозад. Зеҳни сунъӣ ин фанновариест, ки ба компютерҳо ва системаҳо қобилияти
иҷро кардани вазифаҳое медиҳад, ки қаблан танҳо инсонҳо метавонистанд онҳоро
иҷро кунанд. Ба ин вазифаҳо шомиланд: шинохтани садо, акс, матн, қабули қарорҳо
ва ҳатто пешгӯии рӯйдодҳо. Ҳадафи асосии зеҳни сунъӣ ин ба системаҳо
омӯзонидани қобилиятҳои "фикр кардан" ва "омӯхтан" аст.
Аслан, зеҳни ба кам кардани қувваи меҳнат тавассути технология оварда
мерасонад. Яъне, кор бештар тавассути технологияи рақамӣ ва компютер идора ва
амалӣ мегардад.
Дар замони муосир зеҳни сунъӣ дар ҳаёти имрӯза мавқеи асосиро ишғол
мекунад. Пешрафтҳо дар технология ва таҳқиқоти давомдор ба пешрафтҳои назаррас
дар соҳаи зеҳни сунъӣ оварда, барои мо уфуқҳои нав мекушоянд ва ҳамзамон, бо
мушкилоти нав рӯ ба рӯ мешаванд.
Яке аз хусусиятҳои асосии зеҳни сунъии муосир ба модели амиқи шабакаи
нейронӣ табдил ёфтааст. Ин равишест, ки имкон медиҳад шабакаҳои нейронии
мураккаб ва миқёспазир эҷод шаванд, ки аз миқдори зиёди додаҳо омӯхта
метавонанд. Омӯзиши амиқ ба бисёр технологияҳои пешрафта, аз қабили шинохти
нутқ, коркарди забони табиӣ, биниши компютерӣ ва паймоиши мустақил табдил
ёфтааст.
Тибқи таҳқиқи олимон зеҳни сунъии муосир дар соҳаи тиб нақши муҳим мебозад.
Алгоритмҳои омӯзиши мошинсозӣ барои ташхиси бемориҳо, пешгӯйии ҷараёни бемориҳо
ва таҳияи реҷаҳои инфиродии табобат истифода мешаванд. Ба шарофати зеҳни сунъӣ
муҳаққиқон ба миқдори зиёди маълумоти беморон дастрасӣ доранд ва метавонанд
муносибатҳои байни бемориҳои гуногунро муайян кунанд.
Зеҳни сунъӣ ба соҳаи нақлиёт устуворона
ворид шуд. Мошинҳои худмухтор ва дронҳои худгардон ба шарофати рушди биниши
компютерӣ, омӯзиши амиқ ва алгоритмҳои пешрафтаи банақшагирӣ ва қабули қарорҳо
ба воқеият табдил ёфтанд. Бо вуҷуди ин, бо афзоиш ва паҳншавии зеҳни сунъӣ,
мушкилоти нав низ ба миён меоянд. Масъалаҳои махфияти маълумот ва ҷанбаҳои
ахлоқии истифодаи зеҳни сунъӣ рӯз то рӯз аҳаммияти бештар пайдо мекунанд.
Ба ҳамин тариқ, айни замон зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталифи илму маориф,
техникаю технология, тиб, нақлиёт, дастгоҳсозӣ, низомӣ ва ғайра васеъ истифода
мешавад. Мутахассисони соҳаи зеҳни сунъӣ бар он ақидаанд, ки тараққиёти зеҳни
сунъӣ дар оянда хатари аз байн бурдани инсонро дорад, шояд ин ба назар афсона
намояд. Аммо имрӯзҳо мо мебинем, ки ба истиснои майнаи сари инсон дигар увзҳоро
иваз намуда истодаанд.
Эҳтимол дар оянда наслҳои замони нав техникаю воситаҳои электрониеро
ихтироъ намоянд, ки майнаи сари инсонро аз косахонаи сар гирифта, нусхаи сунъии
онро омода карда, ба воситаҳои технологӣ насб намоянд. Дар чунин ҳолатҳо воситаҳои
технологиии фикркунанда ҷойи инсонро иваз карда метавонанд. Аммо инсон фарогири
баъзе қобилиятҳои равонӣ, шуур, тафаккур, дарк, эҳсос, кайфият, ангеза, рафтор,
хотира ва омӯзишӣ мебошад, ки онҳоро зеҳни сунъӣ ба ин қарибиҳо пурра ишғол
нахоҳад кард.
Ҳамин тавр, зеҳни сунъӣ барномаи компютериест, ки маълумотро қабул ва
таҳлил мекунад ва сипас, дар асоси он хулоса мебарорад. Ин метавонад ба як
синфи муайян додани акс, гурӯҳбандии матнҳо дар мавзуъҳои шабеҳ, пешгӯии қурби
асъор ва ҳамчунин, вазифаҳои мураккабтар бошад. Масалан, навиштани дигар
барномаҳои компютерӣ, тарҳрезии биноҳо ва ғайра.
Зарина БУРИХОНОВА,
директори Литсейи касбии техникии шаҳри
Ҳисор