
ЗЕҲНИ СУНЪӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ҶОРИСОЗИИ ОН КИШВАРИ ТАШАББУСКОР АСТ
2025-07-29 20:33:00
Рушду пешрафти бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва
технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи
Ҳукумати мамлакат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии Пешвои
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва
асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд.
Бо дарки
муҳимияти соҳа дар шароити муосири рушд ва ҷиҳати амалисозии ҳадафи чоруми
стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 30-юми сентябри соли 2022, № 483 Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қабул гардид. Дар стратегия бо
назардошти талаботи ҷаҳони муосир ҳадафу афзалиятҳо ва вазифаҳои минбаъдаи
рушди зеҳни сунъӣ дар кишвар муаяйн шудаанд, ки амалӣ гардидани онҳо барои
пешрафти неруи зеҳнӣ, истифодаи беҳтару бештари дастовардҳои илм дар истеҳсолот
ва иҷрои ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Айни замон
Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳоро дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ
фаъолона инкишоф дода, аз муколамаи созанда ва шарикии стратегӣ дар ин соҳаи
муҳим дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдорӣ мекунад. Далели ин гуфтаҳост, ки 7-уми
марти соли равон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид – шаҳри Ню-Йорки ИМА бо
ибтикори Тоҷикистон чорабинӣ оид ба зеҳни сунъӣ таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ дар
Осиёи Марказӣ: Эҷоди имкониятҳо барои рушди устувор – таҷрибаи Тоҷикистон»
баргузор гардид.
Доир гардидани
ин ҳамоиш бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳим дар муҳокимаи ҷаҳонии
зеҳни сунъӣ барои минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Намояндагони
Тоҷикистон, аз ҷумла вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ва
директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Хуршед Мирзо дастовардҳо ва кӯшишҳои Тоҷикистонро дар пешбурди технологияҳои
зеҳни сунъӣ муаррифӣ намуда, аҳамияти онро дар рушди устувори Осиёи Марказӣ
таъкид карданд.
Дар чорабинӣ бо ташаббуси Тоҷикистон қатънома оид ба рушди зеҳни сунъӣ
пешниҳод шуд. Ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони доимии як қатор
давлатҳо дастгирӣ ёфт, ки аҳамияти он барои пешрафти технологии ҷаҳонӣ муҳим
арзёбӣ мегардад. Қатъномаи Тоҷикистон якчанд ташаббусҳои муҳимро дар бар
мегирад, ки ба рушди зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ нигаронда шудааст.
Таъсиси маркази
минтақавии зеҳни сунъӣ, ки платформаи ягона барои муттаҳид намудани захираҳои
ҳисоббарорӣ (AI compute), мубодилаи маълумот (data-sharing) ва лоиҳаҳои
муштараки илмӣ-тадқиқотӣ (R&D) хоҳад буд. Инчунин, дастгирии стартапҳо дар
соҳаи зеҳни сунъӣ тавассути механизмҳои худтанзимкунии уфуқӣ, ки ба инноватсия
ва рушди пешрафта дар минтақа мусоидат мекунад. Ташаккули фазои умумии худтанзимкунии
зеҳни сунъӣ, ки ба рушди бехатар ва самараноки технология равона гардидааст.
Қатъномаи
пешниҳодшуда хоҳиши кишварро ҷиҳати эҷоди экосистемаи устувори AI таъкид
мекунад, ки на танҳо ба рушди минтақавӣ, балки ба пешрафти технологии ҷаҳонӣ
низ мусоидат менамояд. Ташаббуси Тоҷикистон қадами муҳим дар таҳкими муколама
миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соҳаи технологияҳои олӣ
мебошад.
Гуфта мешавад,
ки то соли 2030 зеҳни сунъӣ қисми ҷудонашавандаи ҳаёти рӯзмарра мешавад. Ин
омил водор месозад, ки ба масъалаи омода намудани барномасозон ва дигар
мутахассисони зарурӣ дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти
касбӣ тавассути ҳавасмандгардонӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ
таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Ирода ИГАМОВА,
директори Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод,
номзади илмҳои филологӣ