
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: АЗ ЗАМИНАҲОИ ТАТБИҚШАВАНДА ТО ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМА ДАР СММ
2025-07-29 20:29:58
Зеҳни сунъӣ як соҳаи технологияи муосир
мебошад, ки ҳадафи асосии он сохтани системаҳои қодир ба иҷрои вазифаҳоест, ки
барои инсонҳо зеҳни маъруфро талаб мекунанд. Бо истифода аз усулҳои алгоритмӣ
ва таҳлили маълумот зеҳни сунъӣ кӯшиш мекунад, ки қарорбарорӣ, омӯзиш, ташхис
ва таърифҳои воқеиро, ки дар мубодила ва фаҳмидани дунё кӯмак мекунад, беҳтар
таъмини кунад.
Зеҳни сунъӣ ба истифодаи алгоритмҳо амсилаҳо ва усулҳои оморӣ барои таҳияи системаҳо
ва барномаҳое ишора мекунад, ки метавонад амалҳои зеҳнии инсонро такрор кунад.
Он барои амалӣ кардани вазифаҳои гуногун, ки талабот ба фаҳмидан, таҳлил ва
муносибат бо маълумотро доранд, истифода мешавад.
Мақсади зеҳни сунъӣ таҳияи алгоритмҳо ва амсилаҳое мебошад, ки метавонанд
зеҳни инсонро тақлид кунанд ва вазифаҳои гуногунро иҷро намоянд. Имрӯз он дар
ҳама ҷо вуҷуд дорад ва дар соҳаҳои гуногун истифода мешавад. Системаҳои муосири
зеҳни сунъӣ, ба монанди (ChatGPT), ёварони овозӣ (Siri, Alexa), системаҳои
тавсиявӣ (Netflix, YouTube), худидорашавандаҳо дар мошинҳо (Tesla) ва ғайраҳо
танҳо вазифаҳои мушаххасро иҷро карда метавонанд. Ин системаҳо мафҳуми зеҳни
инсонро пурра намефаҳманд, балки барои иҷрои вазифаҳои муайян аз алгоритмҳо ва
моделҳои омӯзиши мошинӣ истифода мекунанд.
Ҳамин тавр, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои марбут ба он дар ҷаҳони муосир як
қисми ҷудонашавандаи рушди илмӣ ва технологӣ мебошанд. Ин технологияҳо дар
ҳолати кунунӣ бо суръат рушд мекунанд ва таъсири амиқе ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти
инсонӣ доранд. Аз соҳаи тиб ва саноат то маърифати инсон ва равандҳои кории
ҳаррӯза, зеҳни сунъӣ бо роҳҳои гуногун ба муваффақиятҳои бузург дар ташаккул ва
рушди соҳаҳои иқтисодӣ кӯмак мекунад.
Махсусан, агар системаҳои зеҳни сунъӣ,
ки дар боло зикр шуд, ба таври васеъ дар иқтисоди миллӣ ва соҳаҳои асосии
кишвар татбиқ шаванд, пешрафти иқтисоди рақамии кишвар бо суръат афзоиш хоҳад
ёфт. Системаҳое, ки на танҳо барои рушди фардӣ, балки барои пешрафт ва
навовариҳои иҷтимоии соҳаҳо истифода мешаванд, метавонанд дар таҳкими иқтисоди
миллӣ нақши муҳим дошта бошанд.
Бо дарки ҳамин нукта 25 июли соли равон Маҷмаи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи
махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин
барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон
пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд. Ташаббуси мазкур аз ҷониби
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 79-уми
Маҷмаи Умумии СММ 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд.
Санади мазкур бо бархурдорӣ аз пуштибонии якдилонаи кишварҳои узви СММ
қадами муҳиммеро дар роҳи бунёди ризояти ҷаҳонӣ оид ба истифодаи бехатар ва бар
ахлоқ асосёфтаи зеҳни сунъӣ, аз ҷумла рушди механизмҳои худтанзимкунӣ ва
мудирияти масъулиятноки технологияҳои зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ
ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки қатъномаи зикршуда
ҳамчунин механизмҳои асосии истифодаи муассири технологияҳои зеҳни сунъиро
барои таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ муайян мекунад. Яке аз чунин
механизмҳои пешниҳодшуда таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри
Душанбе мебошад, ки он ҷиҳати ҳамоҳангсозии раванди татбиқи барномаҳои
муштараки марбут ба зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.
Амалӣ намудани ин қатънома ба таъсиси низомҳои бехатар, боэътимод ва
боварибахши зеҳни сунъӣ мусоидат намуда, мувозинати байни танзим, навоварӣ ва
механизмҳои худидоракунии дохилиро таъмин карда, барои дигар минтақаҳои ҷаҳон
намунаи ибрат хоҳад буд.
Хулоса, қабули қатъномаи мазкур нақши муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати
пешбурди муколамаи ҷаҳонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва аҳамияти таърихии сиёсати
созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат - муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмонро таъкид мекунад.
Замира ИРМАТОВА,
директори Коллеҷи технологии шаҳри
Конибодом
ба номи Абдулаҳад Қаҳҳоров