
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР СММ
2025-07-28 20:13:16
(Дар ҳошияи қабули лоиҳаи қатънома
зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди
устувор дар Осиёи Марказӣ» дар Созмони Милали Муттаҳид)
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали
Муттаҳид қатъномаи муҳим ва таърихӣ оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ (AI) қабул
гардид.
25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи
махсусро таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав
барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон
пешниҳод гардида буд, бо иттифоқи оро қабул намуд.
Ин ташаббус аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун иқдоми навоварона ва дурбинона
баҳогузорӣ шуда, аҳамияти истифодаи технологияҳои муосирро дар самти таъмини
рушди устувор, амнияти иттилоотӣ ва пешбурди илмӣ-техникӣ таъкид менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки ин ташаббус аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 сентябри соли 2024 зимни
суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали
Муттаҳид пешниҳод гардида буд.
Қатъномаи мазкур нишонгари мавқеи устувори Тоҷикистон дар арсаи
байналмилалӣ ва саҳми фаъолонааш дар ташаккули ояндаи рақамии башарият мебошад.
Ин иқдом боз як шаҳодати дигарест аз сиёсатҳои хирадмандона ва дурбинонаи
Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ҷомеаи пешрафта ва рақамӣ.
Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор
дар Осиёи Марказӣ:
Дар даврони муосир, зеҳни сунъӣ ба унвони яке аз муҳаррикҳои асосии
пешрафти илмӣ ва иқтисодӣ дар саросари ҷаҳон пазируфта шудааст. Ин технология
на танҳо соҳаҳои техникӣ, балкӣ равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва
маъмуриро низ тағйир медиҳад. Хусусан дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар
ҷустуҷӯи роҳҳои инноватсионӣ барои рушди устувор қарор дорад, татбиқи босамари
зеҳни сунъӣ аҳамияти хосса пайдо мекунад.
Имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар шароити Осиёи Марказӣ:
Осиёи Марказӣ минтақаест бо хусусиятҳои гуногун — аз иқлими шадид то
захираҳои бойи табиӣ ва қобилиятҳои инсонӣ. Дар чунин муҳит, зеҳни сунъӣ
метавонад барои таҳлили омилҳои табиӣ, идораи захираҳои обӣ, беҳсозии заминдорӣ
ва ҳалли мушкилоти иҷтимоиву маъмурӣ имкониятҳои фаровон фароҳам оварад. Бо
ёрии алгоритмҳои пешрафтаи зеҳни сунъӣ, ҳукуматҳо метавонанд дар заминаи
сиёсати иҷтимоӣ, банақшагирии шаҳрҳо, идораи нақлиёт ва тандурустӣ қарори дақиқ
ва самарабахш қабул намоянд.
Рушди устувор ва нақши технология:
Рушди устувор маънои таъмини пешрафти иқтисодӣ дар ҳамоҳангӣ бо ҳифзи
муҳити зист ва баробарии иҷтимоиро дорад. Зеҳни сунъӣ метавонад бо истифода аз
шабакаҳои нейронӣ, омӯзиши мошинӣ ва таҳлили оморӣ дар пешгӯии хавфҳои иқлимӣ,
танзими истеъмоли энергия ва коҳиши партовҳои саноатӣ нақши муассир бозад.
Дар кишоварзии минтақа, истифодаи дронҳо ва системаҳои зеҳни сунъӣ
метавонад ба беҳтар шудани ҳосилнокӣ ва кам кардани талафоти захираҳо мусоидат
намояд. Ҳамзамон, дар бахши маориф ва тандурустӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ
метавонад сифати хизматрасониҳоро ба таври назаррас баланд бардорад.
Ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Бо назардошти аҳамияти рӯзафзуни зеҳни сунъӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун
кишвари ташаббускор, лоиҳаи қатъномаи махсусро таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ
дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» ба
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуд. Ин санад бо иттифоқи оро
қабул гардид ва баёнгари ҷиддияти кишвар дар мавриди истифодаи технологияҳои
муосир барои таъмини рушди устувор мебошад.
Хулоса, татбиқи оқилона ва фарогири зеҳни сунъӣ метавонад ба табдилёбии
куллии равандҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ
мусоидат намояд. Бо таъмини ҳамкории минтақавӣ, ташкили инфрасохтори рақамӣ ва
баланд бардоштани саводи рақамии аҳолӣ, кишварҳои минтақа метавонанд аз
имкониятҳои зеҳни сунъӣ самаранок истифода баранд ва роҳи рушдро бо устуворӣ
тай намоянд.
Одилов Тоҳир, вакили Маҷлиси
вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ,
мудири кафедраи техникӣ-технологии
Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ