Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > САФАРИ КОРИИ РАИСИ КУМИТА БА ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН
single-product

САФАРИ КОРИИ РАИСИ КУМИТА БА ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН

2025-07-14 18:42:34

13 июли соли равон раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълим ва фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар музофоти федеролии Баварияи Ҷумҳурии Федеративии Олмон сафар карданд.

Сафари мазкур дар доираи лоиҳаи Кӯмаки техникии Иттиҳоди Аврупо оид ба Барномаи дастгирии рушди нерӯи инсон сурат гирифта, мақсади асосии сафар шиносоӣ бо низоми дуалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон мебошад.

Дар доираи ин сафар академик Фарҳод Раҳимӣ бо вазъи таълим ва фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар шаҳрҳои Ротенбург ва Хами Олмон шинос шуданд.

Мақсади асосии сафари мазкур ба роҳ мондани таҳсили шаҳрвандони кишвари мо дар муассисаҳои таҳсилоти касбию техникии Олмон буда, дар доираи ин сафар дар мавриди роҳандозӣ намудани табодули хонандагону донишҷӯёни тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Бавария вохӯриҳо сурат гирифтанд.

Тавре ки ба раиси Кумита иттилоъ доданд, дар музофоти Бавария норасоии мутахассисони коргарӣ, аз ҷумла аз рӯи касбҳои ҳамшираи тиббӣ, электротехника, челонгар, харрот, кафгшергари газию барқӣ ва дигар касбҳои бозори меҳнат мавҷуд аст. Хонандагони тоҷик дар муассисаҳои таълимии мазкур давоми 3 сол таҳсил карда, соҳиби дипломи касбӣ мегарданд. Онҳо метавонанд бо ҳуҷҷати мазкур ҳам дар ин кишвар ба фаъолият машғул шавад ё ба Ватан баргашта, аз рӯи ихтисоси омӯхтаашон кор кунанд кунанд.

Қайд гардид, ки дар доираи низоми таълими дуалӣ хонандагон дар қисмати аввал дар муассисаи таълимӣ таҳсил карда, дар қисмати дуюми рӯз дар коргоҳҳои мувофиқ ба касбашон аз рӯи ҳамон ихтисос фаъолият мекунанд. Онҳо ҳам аз муассисаи таълимӣ идрорпулӣ ва ҳам аз коргоҳе, ки дар он ҷо ба кор фиристода мешаванд, маош мегиранд. Талаботи асосӣ донистани забони олмонӣ аст. Аз ин рӯ, бо ташаббуси Кумита шуруъ аз моҳи сентябр омӯзиши ин забон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад.

Сафари мазкур то 20 июл идома ёфта, дар назар аст, ки дар доираи он бо якчанд муассисаҳои Бавария созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расанд.

single