
РИШТАҲОИ ДӮСТӢ МИЁНИ ХАЛҚҲОИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ МУСТАҲКАМ МЕГАРДАД
2025-07-10 21:36:43
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон
муҳтарам Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 8 июли соли 2025 баргузор
гардид, ҳамчун як рӯйдоди муҳими сиёсиву таърихӣ арзёбӣ мешавад. Ин сафар
нишонаи равшани равобити самимӣ ва дӯстонаи ду кишвари ҳамсоя буда,
заминагузори марҳилаи нави ҳамкориҳои мутақобилан судманд мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки баъди истиқболи расмӣ, музокироти сатҳи олӣ миёни сарони
давлатҳо баргузор гардид. Дар натиҷа, Тоҷикистон ва Қирғизистон чандин
созишномаҳои муҳимро дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла ба соҳаҳои иқтисоду саноат,
сайёҳӣ, муҳити зист ва илм ба имзо расонида, дар густариши ҳамкориҳои дуҷониба
ва барои ояндаи неки ду кишвар созишномаҳои мазкур саҳми арзанда мегузорад.
Дар ҳамон рӯз Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории
Тоҷикистону Қирғизистон низ баргузор шуд. Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар
назди соҳибкорону сармоягузорон суханронӣ намуда, рушди муносибатҳои иқтисодӣ
ва имкониятҳои нави ҳамкориро баррасӣ карданд. Президенти Тоҷикистон таъкид
карданд, ки фазои сармоягузорӣ дар кишвар мусоид буда, қонунгузорӣ барои
пуштибонӣ аз соҳибкорон шароити хуб фароҳам овардааст.
Ҳарду ҷониб
изҳор доштанд, ки омодаанд барои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика,
кишоварзӣ, нақлиёт, логистика ва сайёҳӣ чораҷӯӣ намоянд. Ин сафари давлатӣ
саҳифаи наве дар таърихи дӯстии Тоҷикистону Қирғизистон боз кард ва ба рушди
муштараки кишварҳо заминаи нав гузошт. Албатта ин ҳама музокироти муҳими сиёсӣ
ва ҳамкориҳои судманд миёни кишварҳо дар натиҷаи сулҳу субот ва дӯстии кишварҳо
даст медиҳад.
Бешубҳа, ҳамаи
ин дастовардҳо натиҷаи сулҳу субот ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти ду
кишвар мебошанд. Миллати тоҷик аз замонҳои қадим бо фарҳанги сулҳдӯстӣ ва
бародархоҳии худ маъруф буда, имрӯз бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ
- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо
иттифоқу ягонагии мардум ба сӯи ояндаи ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад.
Аз ин ҷост, ки сулҳу дӯстии кишварҳо, бешакҳ омили асосии рушд ва зиндагии
шоистаи мардум мебошад.
Шамъигул Шарифзода, директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри
Бохтар