
ҲАМБАСТАГИИ ТИБ БО ФИЗИКА
2025-07-10 21:35:13
Дар ҷаҳони
муосир, илму техника бо суръати бесобиқа рушд мекунад ва соҳаҳои мухталифи
илмӣ,ки пештар алоҳида ба назар мерасиданд, имрӯз ба як низоми ягонаи дониш
мубаддал гардидаанд. Яке аз чунин равандҳои муҳими замони мо – ҳамбастагии
илмҳои табиӣ, бахусус физика бо соҳаи тиб мебошад.
Мардум одатан
тибро ҳамчун фанни мустақил, ки бо саломатии инсон машғул аст, медонад. Аммо
дар асл, тиб бе дастовардҳои физика наметавонад рушд кунад. Имрӯз таҷҳизоте чун
аппарати рентген, томографияи компютерӣ (КТ), томографияи резонанси магнитӣ
(МРТ), лазерҳо, ултрасадо(УЗИ) ва ҳатто роботҳои ҷарроҳӣ, ҳаама маҳсули кори
физикҳо мебошанд.
Физика – чашми
дувуи духтур. Физика ба табибон имкон медиҳад, ки бидуни буридани ҷисм, ҳолати
даруни баданро бубинанд. Масалан, рентген – ин як навъи шуоъест, ки тавассути
он метавон устухонҳоро дид ва шикастаҳоро муайян кард. Дар гузашта, муайян
кардани чунин мушкило танҳо тавассути ҷарроҳӣ имкон дошт.
Муолиҷаи табибон ва истифодаи он бо қувваи табиат. Яке
аз соҳаҳои муҳим- физиотерапия мебошад, ки дар он аз майдонҳои магнитӣ, гармӣ,
рӯшноӣ,ҷараёнҳои электрикӣ ва садо барои табобат истифода мебаранд. Ҳатто дар
табобати саратон аз нури радиоактив (радиотерапия) истифода мешавад – ин ҳама
бе физика ғайриимкон аст. Ояндаи тибро бе физика тасаввурнопазир аст. Бо ворид
шудани технологияҳои нав, мисли нанотехнология, физикаи квантӣ ва
биоэлектроника, равобити тиб ва физика боз ҳам амиқтар мегардад.
Дар оянда, шояд табибон бо ёрии сенсорҳои кввантӣ
бемориҳоро дар марҳилаи хеле барвақт муайян кунанд ва табобатро босамартар
гардонанд. Хамкории наздики табибон ва физикон роҳи пешрафти илми тиб аст.
Ҳамбастагии тиб бо физика на танҳо ба табибон ё олимон, балки ба ҳар як инсон
фоида меорад. Зеро дар замоне зиндагӣ мекунем, ки илму техника ҳаёти маро на танҳо
осонтар, балки тӯлонитар ва солимтар месозанд.
Раҳмонов Алиҷон Зайнидинович, омӯзгори коллеҷи тиббӣ шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р. А