
САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН - ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВ ДАР РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ СТРАТЕГӢ
2025-07-09 19:55:26
Сафари давлатии
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 8 июли
соли 2025 оғоз гардид, як рӯйдоди дорои аҳаммияти баланди сиёсӣ, амниятӣ ва
иқтисодӣ арзёбӣ мегардад. Дар пасманзари муносибатҳои мураккаб ин боздид на
танҳо баёнгари талошҳои муштараки ду кишвар барои беҳбуд бахшидан ба равобити
дуҷониба мебошад, балки инчунин ҳамчун қадами муҳим барои расидан ба эътимоди
мутақобила, рушди ҳамкорӣ ва ҳалли масъалаҳои ҳассоси таърихию марзӣ арзишманд
аст.
Дар ҷараёни ин
сафари давлатӣ мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар таҳти раёсати муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими
равобити дуҷониба, аз ҷумла таъмини амният дар сарҳад, ҳамкориҳои иқтисодиву
тиҷоратӣ, ҳамгироии нақлиётӣ, энергетикӣ, обу захираҳои табиӣ ва рушди
фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ шуданд. Аз ин рӯ, вохӯрии сарони ду кишвар беш аз
ҳама на ба мубодилаи изҳороти дипломатӣ, балки ба раванди татбиқи амалии
созишномаҳое тамаркуз дошт, ки метавонанд ояндаи минтақа ва сарнавишти
мардумони сарҳаднишинро дигаргун созанд.
Як нуктаи
муҳими сафари мазкур имзои санадҳои нави ҳамкорӣ аст. Ба иттилои дафтари
матбуотии раёсати ҷумҳурӣ, дар поёни сафари расмӣ беш аз даҳ санади нави
ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, фарҳанг ва
ғараҳо ба имзо расиданд. Ин созишномаҳо метавонанд заминаи ҳуқуқӣ ва амалии
густариши равобитро фароҳам оварда, дар заминаи иқтисодиву тиҷоратӣ боиси
ташкили ширкатҳои муштарак, лоиҳаҳои зерсохторӣ ва беҳбуди дастрасӣ ба бозорҳои
ҳамдигар шаванд. Бо назардошти он ки иқтисоди ҳар ду кишвар ба рушди минтақаҳои
марзӣ сахт вобаста аст, иҷрои чунин санадҳо метавонад имкониятҳои нави рушди
иқтисодӣ ва паст кардани шиддати иҷтимоиро ба миён оварад.
Сафари
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчунин дар сатҳи рамзҳои дипломатӣ ва
фарҳангии он аҳамияти махсус дошт. Гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ
ва мулоқоти судманд бо ҷониби Тоҷикистон як паёми равшанро дар худ дошт:
эҳтиром ба таърихи якдигар ва эҳёи ҳамзистии фарҳангӣ метавонад асоси суботи
доимӣ гардад. Дарвоқеъ, решаҳои фарҳангиву тамаддунии муштарак, забон ва
суннатҳои ҳамсон бояд на ҳамчун баҳонаи ихтилоф, балки ҳамчун муҳаррики дӯстӣ
ва наздикӣ дар заминаи равобити байнидавлатӣ истифода шаванд.
Аз нигоҳи
геополитикӣ низ ин сафари давлатӣ дар фазои таҳаввулоти босуръати минтақавӣ ва
ҷаҳонӣ ба вуқуъ пайваст. Бо дарназардошти фаъолнокии афзояндаи кишварҳои хориҷӣ
дар минтақаи Осиёи Марказӣ давлатҳои минтақа талош доранд муносибатҳои
байниҳамдигариро бар асоси усулҳои нави сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла ҳамгироии
амниятӣ ва иқтисодии минтақавӣ таҳким бахшанд. Ҳамин аст, ки ташреҳи
таҳлилгарон аз ин дидор ҳамчун як талош барои ба ҳам овардани иқтидорҳои дохилӣ
ва коҳиши вобастагии геополитикӣ низ қобили таваҷҷуҳ мебошад.
Сафари муҳтарам
Садир Жапаров бешубҳа на як ҳодисаи расмӣ, балки оғози марҳилаи нав дар
равобити ду кишвари дӯст ва ҳамсоя ба ҳисоб меравад. Он метавонад на танҳо
барои Тоҷикистону Қирғизистон, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ як
намунаи ҳамкорӣ, субот, рушди мутаносиб ва ҳалли осоиштаи мушкилоти мавҷуда
гардад. Бартарӣ додан ба манфиатҳои умумӣ, эҳтиром ба истиқлолият ва ҳувияти
миллӣ, риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва эҷоди фазои эътимод унсурҳоеанд,
ки метавонанд робитаҳои Тоҷикистону Қирғизистонро ба сатҳи шарикии стратегӣ
бароранд.
Ҷамила ДАВЛАТЗОДА,
директори Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳринав