Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ОҒОЗИ ЛОИҲА ДОИР БА РУШДИ МАЛАКАҲОИ РАҚАМӢ ВА ШУҒЛ БАРОИ ҚИШРИ ОСЕБПАЗИРИ АҲОЛӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
single-product

ОҒОЗИ ЛОИҲА ДОИР БА РУШДИ МАЛАКАҲОИ РАҚАМӢ ВА ШУҒЛ БАРОИ ҚИШРИ ОСЕБПАЗИРИ АҲОЛӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

2025-07-09 19:52:35

Имрӯз дар Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Бохтар як ташаббуси нав, ки ба рушди малакаҳои рақамӣ ва имкониятҳои шуғл барои қишри осебпазири аҳолии вилояти Хатлон нигаронида шудааст, расман оғоз гардид. Лоиҳаи «Мусоидат ба рушди малакаҳои рақамӣ ва шуғл барои ҷомеаҳои осебпазир» аз ҷониби Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) - Агентии муҳоҷирати СММ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ташкилоти ҷамъиятии «Илмхона» ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ ва амалӣ карда мешавад.

Ин лоиҳа дар заминаи барномаи ЮНИСЕФ «Аз таҳсил то ба даст овардани даромад», ки дар ҳамкорӣ бо шарикони миллӣ бо мақсади кӯмак ба ҷавонон, бахусус аз минтақаҳои деҳот ва камбизоат, барои аз худ кардани малакаҳои рақамӣ, соҳибкорӣ, ки барои бозори муосири меҳнат заруранд, таҳия шудааст, асос меёбад.

Қаблан, ЮНИСЕФ дар саросари кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Бохтар, дар якҷоягӣ бо Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ чаҳор Маркази шуғли фосилавӣ таъсис дода буд. Ин марказҳо ҳамчун фазои фарогире хидмат мекунанд, ки дар он ҷавонон метавонанд ба омӯзиши малакаҳои рақамӣ, мураббигӣ ва имкониятҳои шуғл дастрасӣ пайдо карда, фосилаи байни таҳсилот ва бозори меҳнатро бартараф созанд.

«Оғози лоиҳа аз комёбиҳои мо дар давоми ҳамкорӣ бо бахш ва муассисаҳои гуногун ҷиҳати дар мадди назар қарор додани ҷавонон гувоҳӣ медиҳад. Якҷоя мо ояндаи боз ҳам фарогирро бунёд мекунем, ки дар он ҳеҷ як ҷавон аз таваҷҷуҳ дур намемонад», - гуфт сардори намояндагии ЮНИСЕФ Артур ван Дизен.

Тавассути ба ҷавонон омӯзонидани малакаҳои рақамии серталаб ва васеъ намудани дастрасии онҳо ба кори фосилавӣ, лоиҳа мушкилоти маҳдудияти шуғл дар маҳалро ҳал намуда, ба баланд бардоштани устуворӣ мусоидат мекунад.

Дар доираи ин шарикӣ, СБМ таҷрибаи худро дар соҳаи таъмини воситаҳои зиндагӣ ва фарогирӣ пешниҳод мекунад, дар ҳоле ки ЮНИСЕФ дастгирии татбиқи модели Марказҳои шуғли фосилавӣ дар сарсоари кишварро идома дода, бо муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва шарикони давлатӣ барои таъмини устуворӣ ва васеъшавӣ ҳамкории зич менамояд.

«Ин лоиҳа нишондиҳандаи уҳдадории мо барои фароҳам овардани роҳҳои амалӣ барои ҷавонон аст, то онҳо малакаҳои дар бозор серталабро рушд диҳанд ва дар ҷомеаҳои худ саҳми арзанда гузоранд. Тавассути талошҳои муштарак, мо саъй дорем, ки осебпазирии ҷавононро коҳиш диҳем ва ба рушди фарогир мусоидат намоем», - гуфт Виктор Лутенко, роҳбари Намояндагии СБМ дар Тоҷикистон.