Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

single-product

ВАҲДАТ - БАҚОИ МИЛЛАТ

2025-06-19 15:43:54

Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаб гардид, ки имрӯз сулҳу ваҳдати сартосарӣ таъмин гардида, кишвари азизи мо қадам ба қадам ба пайроҳаи рушду инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ ва суботи сиёсӣ устуворона ҳаракат намояд. Ояндаи Тоҷикистони азиз бар пояи бовариву эътимоди аҳолӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷамъ омадан дар атрофи идеяи миллии тоҷикиву сиёсати сулҳҷӯёнаи Сарвари давлат дурахшон аст.

Барои насли имрӯз шинохти арзиш ва аҳамияти Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди беназири таърихӣ мубрамияти хоса дошта, моро мебояд сараввал худ ба қадри ин неъмат ва комёбии таърихӣ, ки бузургтарин дастоварди таърихӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбад, бирасем, баъдан онро ба насли ҷавону навраси имрӯзу ояндагон бифаҳмонем.

Мо имрӯз бояд аз таърихии гузаштагони худ сабақ бардорем, зеро:

Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ наомӯзад зи ҳеҷ омӯзгор!

Гарчанде қисме аз аҳолии имрӯзаи кишвар худ шоҳиди воқеаҳои даҳшатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буданд ва ба қадри ваҳдати миллӣ ҳамчун неъмат ва дастоварди муҳиму беназири таърихӣ ва омили муассиртарин барои рушду инкишофи миллату давлат мерасанд, вале насли наврасу ҷавон аз он сабаб, ки он ҳама душвориро надидаанд, шояд аҳамияти сулҳу ваҳдатро нодида мегиранд. Барои мисол, шахсе, ки соли баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ таваллуд шудааст, ҳоло синни 27-28 солагиро дорад ва ҳеҷ хотироте аз ҷанги шаҳрвандӣ надорад ва аз ин хотир шояд аҳамияту арзиши сулҳу ваҳдатро ба таври ҷиддӣ ва то ба охир дарк накунад. Имрӯз зиёда аз 70 % аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ё даврони ҷанги шаҳрвандиро умуман надидаанд, ё ин ки хеле хурдсол буданд ва воқеияти ҷангу аҳамияти сулҳро дуруст дарк намекарданд. Шояд даҳ сол пас ғайр аз мӯйсафедон касе хотироти худро аз даврони ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ ва зарурияту аҳамияти сулҳу ваҳдат бевосита аз забони худ қисса карда натавонад. Шояд бо гузашти чанд даҳсолаи дигар касе аз даврони таърихии ҷанг ва сулҳи тоҷикон дар қайди ҳаёт намонад, ки барои насли ҷавону наврас оид ба он қисса бикунанду ҳушдор бидиҳад. Аз ин хотир, барои тоҷикон низ ҷашне аз қабили “пурим” зарур аст, то ки ҳофизаи таърихӣ дар шакли комил аз насл ба насл бирасад ва зиракии сиёсии насли наврасу ҷавононро барои имрӯзу оянда таъмин намояд. Агар соддатар баён кунем, пас мебояд дар рӯзҳои ҷашнгирӣ аз Ваҳдати миллӣ ба ин масъала, яъне интиқоли ҳофизаи таърихӣ, диққат бидиҳем ва бузургсолон аз дидаву шунидаҳои худ ба хурдсолон қисса бикунанд, то ки онҳо низ дар оянда ба ояндагон ин донишҳоро ба мерос гузоранд ва ба ҳамин минвол нақшу ҷойгоҳи Ваҳдати миллӣ аз тарафи омма дуруст шинохта шуда, ҳимоя ва таҳкими пояҳои он ба рисолати асосии ҳар фарди бедордили кишвар табдил ёбад.

Масъалаи дигари хеле муҳим ин ташаккули ғояи ягонаи миллӣ мебошад, ки тавонад оммаи мардумро муттаҳид намуда, ба самти ободиву рушд ҳидоят намояд. Муҳаққиқони риштаҳои гуногун аз қабили сиёсатшиносон, ҳуқуқшиносон ва ҷомеашиносони кишвар ба ин масъала нигоҳи гуногун дошта, ба сифати ғояи ягонаи муттаҳидкунандаи ҷомеа – идеяи миллӣ, пешниҳодҳои гуногунро вобаста ба самти пажӯҳиши илмӣ иброз намудаанд. Гурӯҳи якум таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, гурӯҳи дигар ноилшавӣ ба муқаррароти моддаи якуми Конститутсия, яъне бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ, ва гурӯҳи сеюм ҳатто бунёди НОБ “Роғун”-ро ба сифати идеяи миллӣ ҷонибдорӣ менамоянд. Ба назари мо, бояд барои имрӯз ва оянда ғояи ягонаи муттаҳидкунанда ва пешбарандаи миллӣ барои тоҷикон ва тоҷикистониён ин таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ бошад. Маҳз ғояи таҳкими пояҳои Ваҳдати миллӣ имрӯз метавонад ҷомеаро муттаҳид намуда, барои пешрафт роҳнамун созад.

Масъалаи дигар ин нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими худшиносии миллии ҷомеа мебошад. Маҳз бо дастёбӣ ба сулҳу ваҳдати сартосарӣ дар кишвари мо шароит барои шаклгирии тафаккури миллӣ ва дар ин замина ташаккули худшиносии миллӣ дар замири ҳар як тоҷик ба вуҷуд омад. Танҳо баъди дастёбӣ ба Ваҳдати миллӣ халқи тоҷик дарк намуд, ки дар давлати миллӣ манфиатҳои миллӣ болотар аз ҳамаи манофеи шахсиву маҳаллӣ мебошад. Агар равшантар баён намоем, танҳо баъди дастёбӣ ба ваҳдати миллӣ дар замири афроди ҷомеа ҳисси худшиносии миллӣ болотар аз худшиносии маҳалливу минтақавӣ гашт. Тоҷикистони ба “се пораи алоҳида тақсимгардида” ба Тоҷикистони воҳид бадал гашта, шинохти ҳамдигарӣ ва дӯстиву ҳамдилӣ миёни минтақаҳо тақвият ёфт. Ин раванд доимӣ буда, имрӯзҳо низ раванди тақвияти ҳар чи бештари алоқаҳо миёни аҳолӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар охир барои таҳкими пояҳои Ваҳдати миллӣ, ки мо ба сифати ғояи миллӣ қабул намудаем, мехостем баъзе пешниҳодҳоро ба ҷойи хулоса иброз намоем:

Якум, ташаккули ҳофизаи таърихӣ ва интиқоли он аз насл ба насл бояд дар мисоли Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди беназири таърихии даврони соҳибистиқлолӣ дар сартосари кишвар амалӣ гардида, насли наврасу ҷавонон аз арзишу аҳамияти он огоҳонида шаванд, ки ин омил метавонад баҳри таҳкими сулҳу ваҳдат ва дар ин замина таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мусоидат намояд.

Дувум, ташкили курсҳои сайёҳии дохилӣ, ки барои шинохти беҳтари ҳамдигар аз ҷониби тамоми аҳолии минтақаҳои гуногун ва ошноиву наздикӣ намудани онҳо мусоидат менамояд.

Сеюм, ба сифати ғояи миллии муттаҳидкунандаи аҳолӣ тарғиб гардидати ғояи таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар тамоми кишвар, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва муборизаҳои иттилоотиву фарҳангӣ нақши муҳиму назаррас дорад.

Чорум, омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи илмии дастёбӣ ба сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон, дар шакли “Модели сулҳи тоҷикон”.

Панҷум, ташаккули доимӣ ва ҳамаҷонибаи худшиносии миллӣ дар замири афроди ҷомеа дар заминаи Ваҳдати миллӣ, ки метавонад барои ташаккули айнияти миллӣ ва тақвияти иттиҳоду якдилӣ мусоидат намояд.

Мавриди зикр аст, ки дар шароити муосири бархӯрди манфиатҳо ва пурпечутоб шудани фазои сиёсии ҷаҳон масъалаи нигоҳ доштани сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани худшиносию худогоҳии миллӣ ва ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон мабрамияти хоса касб мекунад. Бо сарфи заҳмату талошҳои зиёд ва таҷрибаи сулҳофарӣ Пешвои муаззами миллат ба қишри ҷавони ҷомеа борҳо муроҷиат намуда, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмию ҳамдилиро таъкид намудаанд. Чунончи, дар таълимоти Пешвои миллат худшиносии миллӣ ҳамчун мафҳуми иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангиву маънавӣ натиҷаи ташаккули ҷаҳонбиниест, ки аз маҷмӯи мураккаби мафҳум ва категорияҳои сохториву функсионалӣ иборат мебошад. Роҳбари давлат вазифагузорӣ мекунанд, ки ҳар фард ибораҳои “таърихи ташаккул ва рушди миллӣ”, “андешаи миллӣ”, “асолати миллӣ”, “ҳуввияти миллӣ”, “истиқлоли миллӣ”, “ватандориву ватанпарастӣ”, “ифтихори ватандорӣ”, “урфу одат ва анъанаҳои миллӣ”, “тафаккури таърихии миллӣ”, “таҳкими ваҳдату ягонагии миллӣ”, “бунёдкорӣ” ва монанди инҳоро бояд дарк карда, дар рафтори иҷтимоии худ амалӣ созад. Дар робита ба суханони мазкур метавон гуфт, ки бидуни ваҳдати миллӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандию ватандорӣ, бидуни арҷгузории арзишҳои умумимиллӣ сулҳу суботи ҷомеа ва устувории давлату миллат имконнопазир мегардад.

Хулоса, Ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини пойдории ҳам давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ва ҳам миллати тоҷик гардид. Зеро маҳз сулҳу ваҳдат пеши роҳи ҷанги шаҳрвандиро, ки метавонист ҳам давлат ва ҳам миллатро ба нестӣ барад, гирифта, барои рушду инкишофи минбаъдаи кишвар мусоидат намуд. Агар воқеъбинона баҳо диҳем, пас бояд иқрор шуд, ки Тоҷикистон ба тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ маҳз баъди дастёбӣ ба Ваҳдати миллӣ ноил гардид. Аз ин хотир, арҷгузорӣ ба ин сана, аҳамияти муҳими сиёсиву таърихӣ дорад.

Ҳавасхонзода Ислом, корманди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон