
ВАҲДАТИ МИЛЛАТ - БАҚОИ МИЛЛАТ
2025-06-18 20:07:18
Ваҳдати
миллӣ пурарзиштарин дастоварди таърихи соҳибистиқлолии кишварамон маҳсуб
меёбад. Мардуми бо хиради кишварамон Ваҳдати миллиро ҳамчун рамзи иттиҳод,
сулҳу субот, оромию осоиштагӣ, ҳамбастагию ҳамдилӣ ва ҳувияту худогоҳӣ ба
дараҷаи бузургтарин рукни давлатдорӣ расонида, онро муқаддасу гиромӣ
мешуморанд. Халқи сулҳхоҳу сулҳофари Тоҷикистон азамату бузургӣ ва зарурати
мавҷудияти Ваҳдати миллиро ба назар гирифта, ба он чун арзиши олӣ эътирофу
эҳтиромро қоил ҳастанд. Дарвоқеъ, имрӯз Ваҳдати миллӣ фаротар аз мафҳуму маънои
хеш вусъат пайдо кардааст. Яъне, ҳоло Ваҳдати миллӣ на фақат сулҳу суботу
оромию ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ, балки худшиносиву ҳувиятгароӣ ва қудрату тавоноии
миллатро таҷассум мекунад.
Мо набояд имтиҳон
ва сабақи таърихие, ки аввали солҳои 90-уми асри гузашта бар сарамон омада буд,
фаромӯш созем. Барои бохабар шудан аз арзиши воқеии Ваҳдати миллӣ он рӯзҳои
сахту сиёҳро, ки кишвар дар оташи ҷанги даҳшатбори шаҳрвандӣ месӯхт ва миллат
дар вартаи нестшавӣ қарор дошт, бояд ба ёд биёрем. Ҳанӯз даҳшату ваҳшати ҷанги
шаҳрвандӣ, ки харобӣ, вайрону валангор шудани шаҳру деҳот, марги одамон, ятим
мондани кӯдакон, гуреза шудани мардум, фақр, нодорӣ, қаҳтӣ, таназзули иқтисодӣ,
иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавӣ ва дар умум фоҷиаи ҳаёти инсониро дар пай дошт, аз
хотираву зеҳни мову шумо зудуда нагардидааст. Ҷанги таҳмилии хонумонсӯз, ки бо
таъсири қувваҳои бадхоҳ ва гумроҳии як иддаи хиёнаткору ҳувиятбохта сар зад,
рушду ташаккули миллат ва пешрафти соҳаҳои муҳими давлатро солҳо ба қафо
партофт. Ана дар ҳамон шароити душвор ва хатарбори ҷанги шаҳрвандӣ аҳаммият ва
зарурати мавҷудияти Ваҳдати миллӣ барои халқ орзуву ормони асосӣ маҳсуб меёфт.
Агарчи таъмини
Ваҳдати миллӣ дар он вазъият кори бисёр душвор ва ҳатто ғайриимкон ба назар
мерасид, вале он ягона роҳи бақои давлат ва умед ба ояндаи нек арзёбӣ мегардид.
Ҳарчанд ки ба истиснои чанд гурӯҳи харобкор ва чанд ҳувиятбохтаи пастфитрат
аксарияти кулли мардум ҷонибдори сулҳу субот ва таъмини Ваҳдати миллӣ буданд,
аммо масиру самт ва тай кардани роҳ барои расидан ба ин ҳадаф бисёр хатарбор
шуда буд. Ба ҳам овардани тарафҳои даргир, маълуму маҳв кардани неруҳои
пасипардагии бегона ва таъмин намудани Ваҳдати миллӣ дар кишвар амал ва
корнамоиву шуҷоати рустамонаро талаб мекард. Бо лутфу инояти Худованд ва
талошҳо, ҷонбозиҳо, қаҳрамониву фидокорӣ, мардонагию ҷасорат ва иродаву
матонати абармарди замон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орзуву ормонҳои халқ ҷомаи амал пӯшид ва бо имзои
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ
хотима ёфта, Ваҳдати миллӣ таъмин гардид.
Халқи тоҷик аз
умқи таърих то ба имрӯз дар роҳи таъмини саодату хушбахтии инсоният кӯшида,
рисолати сулҳофарӣ ва ба ваҳдати саросарӣ овардани тамоми халқу миллатҳои
дунёро иҷро карда истодааст. Сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар таълимот ва
осори нобиғаҳои илму адаби тоҷик ситоиш шуда, ин арзишҳои нек бо суннату анъана
ва фарҳанги волои миллӣ омезиш ёфтаанд. Аз ин рӯ, таҷрибаи расидан ба сулҳ ва
сазовор шудан ба неъмати волои Ваҳдати миллиро метавон таҷассуми хиради азалӣ
ва шарофати ормонгароии миллат унвон дод.
Қобили зикри
махсус аст, ки имрӯз таҷрибаи сулҳи мо аз ҷониби тамоми созмонҳои бонуфузи
байналмилалӣ ва доираҳои коршиносӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифта, ҳамчун
нодиртарин таҷрибаи сулҳ дар амалия барои ҳалли муноқишаҳои дохилии кишварҳои
алоҳида истифода бурда мешавад.
Дар шароити
имрӯза қадру манзалати Ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат бояд дарк намояд ва
баҳри пойдории он талош варзад. Дар ин хусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон дар яке Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд карда
буданд: “Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои
миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва
суботи сиёсӣ мебошад”. Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ дастоварди муқаддас аст ва
мову шумо фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз
намоем. Нагузорем, ки зуҳуроте ё нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад.
Тазодҳои замони муосир, тазоҳури ғояҳои хатарбор, ҳуҷуми фарҳангиву идеологӣ,
рақобатҳои иттилоотӣ ва даҳҳо хатарҳое, ки туфони ҷаҳонишавӣ бо худ меорад,
моро водор ва вазифадор месозанд, ки ғояи муқаддаси Ваҳдати миллиро дар
муқобили амвоҷи ин тӯфон барои саодати миллат ва бақои давлат чатр созем ва
Ваҳдатро ғояи меҳварии хеш интихоб намоем.
Рисолати аввалини
мо ин аст, ки барои эмин мондан аз таъсири манфии раванди фарогири ҷаҳонишавӣ,
ки хоҳу нохоҳ ба асолати фарҳангӣ ва давлатдории миллӣ таъсир расонидан
мехоҳад, тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонон инкишоф дода, арзишҳои
миллии худро аз тахрибкориву тундравӣ ҳифз намоем. Зеро ин роҳи пурсамари
таҳкиму тақвияти Ваҳдати миллӣ ва таъмини фазои созгори сулҳу суботи сиёсӣ ба
шумор меравад. Бо иҷрои ин рисолат бовар ва яқини комил аз ҷовидонагӣ ва
абадияти Ваҳдати миллӣ барои миллат ҳосил мегардад.
Агар мо хоҳем, ки
дар ҷомеаи мутамаддин ҷойи сазовори хешро тақвият диҳем ва ҷаҳониён моро ҳамчун
миллати бофарҳангу мутамаддин шиносанд, пас мебояд иттиҳоду Ваҳдати миллиро
гиромӣ донем ва сулҳу оштиро пойдор нигаҳ дорем. Зеро асоси ҳама пирӯзиҳо дар
иттиҳоду ваҳдат аст.
Имрӯз нақши
ҷавонони ватандӯсти Тоҷикистонро дар дастовардҳои Истиқлол, пешрафти тамоми
соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва сарзамини аҷдодӣ дидан мумкин аст. Тоҷикистон яке аз
кишварҳои аҳолияш ҷавонтарини дунё ба ҳисоб рафта, саҳми ҷавонон ҳамчун неруи
созанда дар пешрафту ободии мамлакат ниҳоят арзишманд мебошад
Давлати мо ба
хотири тарбияи кадрҳои замони нав аз байни наврасону ҷавонон рушди илму маориф,
бахусус, илмҳои табиӣ ва риёзиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон
кардааст, чунки ояндаву ободии Тоҷикистон аз рушди илмҳои зикргардида вобаста
буда, пешрафти кишвар ба зиммаи кадрҳои замони нав ва мутахассисони ҳирфаӣ
мебошад.
Тобонбӣ ШАФИЕВА, мудири кафедраи забон ва адабиёти руси Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе