
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - БАҚОИ МИЛЛАТ
2025-06-18 20:06:04
Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду
ягонагӣ ва Ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими
миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад.
Эмомалӣ
РАҲМОН
Ваҳдати
миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда,
дар таърихи мо тоҷикон, барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани
истиқлолияти комили давлат, таҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти
миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму
маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад. Барои мо мардуми шарифи
Тоҷикистони соҳибистиқлол 27-уми соли 1997 аз шумори ҳамин санаҳои тиллоии
тақдир мебошад ва дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории миллати кӯҳанбунёди
дорои фарҳанги ғаниву маърифати баланд бо ҳарфҳҳои заррин навишта шудааст. Дар
ин рӯзи мубораку саид паз аз талошу қаҳрамониҳо ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо
расид. Имрӯз кишвари мо аз файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ
дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату
ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанони мо торафт таҳким
меёбад. Пешвои муаззами миллат доимо таъкид менамояд, ки “ мо бояд кӯшиш
намоем, ки амалҳои солеҳ, аз ҷумла бо инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ, саховатпешагӣ ва
ҳимматбаландӣ умр ба сар барем, кӯмаки худро аз дигарон дареғ надорем, аз
дилозорӣ парҳез кунем, накӯкориро шиори зиндагӣ қарор дода, якҷоя барои рӯзгори
босаодат талош намоем ва суннатҳои неки фарҳанги миллӣ ва урфу одатҳои
писандидаи халқамонро бо сифатҳои боз ҳам баланди инсонӣ ба ояндагон ба мерос
гузорем”. Ваҳдати миллии мо ба хотири рафъи таҳдидҳои муосир ва таъмини сулҳу
суботи пойдор равона гардидааст ва мо ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки мушкилоту
хатарҳои муосир амнияту оромию осоиштагии ватани азизамонро парешон намояд. Мо
итминони комил дорем, ки пирӯзиҳои мардуми шарифу сарбаланду ваҳдатофари тоҷик
бо талошҳои Роҳбари сулҳофарину мардумсолору адолатпешаи мо дар масири рушди
устувор ва мавқеи қотеъонаи он дар арсаи мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб абадӣ
ва ҷовидона мебошад.
Вахдати
миллӣ хамчун омили муттаҳидсозанда ба тамоми мардуми Точикистон шароит фарохам
овард, ки бо истифодаи арзишхои аз ҷониби чомеаи чахонӣ эътирофшуда дар
ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шахрванди гузошта шавад ва барои андаке
бошад хам бехтар гардидани сатхи зиндагии мардум, ободи ва ояндаи давлати
сохибистиклоламон заминаи мусоид мухайё гардад.
Аз
таърихи инсоният мо медонем, ки дар мархалахои гуногуни зиндаги бинобар сабабхо
ва омилхои айни ва зехни унсурхои таъминкунандаи вахдат халалдор шуда, боиси
парокандаги ва хатто нобудшавии кавмхо, миллатхо ва давлатхо шудаанд.
Воқеаҳои
мудҳише, ки солҳои 90-уми асри XX ба сари мардуми мо омад, барои миллати
ҷафодидаи мо, ки аз имтиҳонҳои бузурги таърихӣ гузаштааст, боз як имтиҳони
ҷиддиеро дар пеш гузошт: давлати навакак тозаистиқлол ва миллатро нигоҳ доштан
ва ё парокандагии ҳам ину ҳам он.
Дар
он рӯзҳои барои миллат пурдаҳшат қариб, ки ба ояндаи нек боварии касе намонда
буд. Хушбахтона, дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва
баруманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва дар назди халқу миллат
бо дилу пур ваъда доданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ва ба иқболи баланди халқи
мутамаддини мо ҳамин хел ҳам шуд.
Кӯшишу
ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати бофарҳангу
тамаддунсози мо, ки парешону сарсон шуда буд, сарҷамъ шуд. Пеши роҳи ҷанги
бародаркуш баста шуд. Миллат ба ваҳдат омад. Ваҳдати миллӣ дастоварди
бузургест, ки решаҳои таърихӣ дорад. Дар ҳар давру замон фарзандони бузурги
миллат онро пойдор нигоҳ дошта, қиммату бузургии онро афзун гардонидаанд. Дар
замони Каёниён Ҷамшед, дар замони Сомониён Исмоили Сомонӣ чунин ашхосе буданд,
ки Ваҳдатро пойдору барқарор нигаҳ доштанд. Дар замони мо чунин бахти бузург
насиби фарзанди бузурги миллат Эмомалӣ Раҳмон гашт.
Аз
тарафи дигар, дарк кард, ки ҳудуду қаламрави зӯру зар маҳдуд аст, зеро
миллатеро метавон ба василаи зӯрӣ мутеъ кард, аммо бо зӯрӣ наметавон ихлосу
имон, бовариву эътиқод, андешаву ҷаҳонбинӣ ва дигар эҳсосоти ғоявии ӯро дар як
муддати кӯтоҳ мусаххару побанди идеологияи худ гардонид.
Барои
ҳамин ҳам мағлубият ва шикасти низомӣ ин шикаст ё мағлубияти ниҳоӣ нест,
шикасти ниҳоӣ шикасти унсурҳои ғоявӣ, миллӣ ва фарҳангии ҳар як миллат аст, ки
баробари аз байн рафтан ва бегона гаштани онҳо миллат тадриҷан аз байн меравад.
Агар
чунин намебуд, номи миллати тоҷик дар тӯли қарнҳои гузашта, ки зери низоми
идораи сиёсии дигар ақвом қарор дошт, кайҳо ба корзинаи таърихӣ фиристода
мешуд. Хушбахтона, миллати тоҷик бо назардошти устувор будан дар ақида, андеша,
забон, расму ойин, илму фарҳанг ва дигар арзишҳои ғоявӣ на ин ки аз байн
нарафт, балки рушду такомул ёфта, худро ба оламиён ҳамчун як миллати бофарҳангу
башардӯст, сулҳпарвару озодихоҳ, некандешу мутамаддин муаррифӣ карда тавонист.
Дар
чунин рӯзи барои миллат муқаддас ва тақдирсоз як лаҳза ҳам бошад, биёед рӯ ба
таърих биёрем. Салтанати бузурги Сосониён, то замоне ки ваҳдат асоси сиёсати
онро ташкил медод, қарнҳо пойдору устувор буд. Замоне ки ваҳдат дар он халалдор
шуд, он империяи бузург мувоҷеҳ ба шикаст шуд. Ё мисоли дигар, Давлати
Сомониён. То замоне ки фарҳанги ваҳдатсози асосгузори ин давлати бузурги
аҷдодии мо Исмоили Сомонӣ ҳукмрон буд, Давлати Сомониён ҳам пойдор буд. Ва
таърих гувоҳ аст, ки дар замони ин ду империяи бузург аҷдодони мо ба чӣ
дастовардҳои бузурги илмию эҷодӣ муваффақ гаштаанд.
Агар
мо хоҳони онем, ки дар ҷомеаи мутамаддин ҷойи сазовори худро дарёбем ва
ҷаҳониён моро ҳамчун миллати бофарҳангу тамаддуни бузург бишносанд, пас биёед
иттиҳоду ваҳдати миллатро пешаи худ қарор диҳем ва сулҳу оштиро пойдор нигаҳ
дорем. Зеро асоси ҳама пирӯзиҳо дар иттиҳоду ваҳдат аст. Бузурге фармудааст:
Пирузӣ
аз иттиҳод хезад,
Парокандагӣ
аз нифоқ хезад.
Дар
охир тамоми ҳамватанони азизро бо фарорасии иди муқаддаси миллат 28-солагии
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод гуфта, хоҳони онам, ки сулҳу оштӣ ва Ваҳдати
миллӣ дар сарзамини мо ҷовидон бошад!
Рустамова
Гулҷамол, асисстенти кафедраи тибби оилавии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ