
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
2025-06-18 20:04:30
Санаи 18.06.2025 дар доираи
Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе 28 - умин
солгарди “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ-василаи осоиши
миллат” дар фазои тантанавӣ таҷлил карда шуд. Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Ҷурабек Муродзода, роҳбарият, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи
таълимӣ фаъолона иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Суруди
миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун муқаддасоти миллӣ эътироф карда шудааст
аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ бо як ҳиссиёти самимона сароида шуд.
Директори
муассисаи таълимӣ номзади илмҳои техникӣ муҳтарам Рабизода Наҷибулло бо иқтибос
аз суханҳои тиллоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста қайд менамоянд: “Дӯст
бошед!, Иттифоқ бошед!, Шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед!, Шукронаи он кунед,
ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред”, ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Зимни
суханрониҳои хеш роҳбари муассиса аҳли толор ва дар шахсияти онҳо кулли мардуми
шарафманди Тоҷикистонро ба муносибати ин ҷашни фархундаи миллат шодбош гуфта,
ба ҳамагон саломатии бенуқсон, дар кору афкорашон муваффақиятҳои беназир ва ба
Тоҷикистони азиз сулҳу ваҳдати абадиро таманно намуданд.
Мавсуф қайд намуданд, ки Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро
дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул -
гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз
ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул
шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ
падидор аст.
Сипас Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Ҷурабек Муродзода, ба сухан баромада бо
ифтихору эҳтироми самимӣ аз заҳмату талошҳои пайвастаи Пешвои миллат дар роҳи
пойдории сулҳу ваҳдати комил дар кишвар ҳарф зад. Ҷурабек Муродзода, иброз
намуд, ки Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик дастоварди
арзишмандтарин мебошад, зеро барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо
қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буд, заминаи
воқеӣ гузошт. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа оғози
гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Ин сулҳ
боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро,
ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Ин сулҳу ваҳдат
маҳз бо кӯшишу заҳматҳои фидокоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон ба даст оварда шуд ва ин неъмати бебаҳоро ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд
ба монанди гавҳараки чашм нигоҳ дорад.
Дар рафти чорабинӣ як қатор кормандони Коллеҷ ҷиҳати қадрдонӣ барои хизматҳои бенуқсон дар таълиму тарбияи насли наврас бо унвони Аълочии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кормандону донишҷӯён барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангию варзишӣ бо “Сипоснома” ва “Ифтихорнома” – и Коллеҷ қадрдонӣ карда шуданд. Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ барномаи фарҳангии омоданамудаи дастаи “Ваҳдатсаро” – и Коллеҷ бо сурудҳои ватандӯстона ва рақсҳои ҷаззоби тоҷикона хотири иштирокчиёнро болида гардониданд. Чорабинӣ дар сатҳи баланд ва хотирмон ташкил ва баргузор карда шуд.
