
СУЛҲУ ВАҲДАТ ИФТИХОРИ МИЛЛАТИ СОҲИБДИЛАМ
2025-06-16 17:14:36
Хушо, Раҳмони ваҳдатофаринам,
Ба халқу миллати тоҷик, қаринам…
Гулафшонӣ насиби кишварам бод,
Хазонатро Ватан, асло набинам!
Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон
ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ, мавқеъ ва мақоми онро дар миқёси
ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши
Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст.
Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест
аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат,
якдигарфаҳмӣ, истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор
карда метавонем. 27 – уми июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун Рӯзи
Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Ин рӯз, ки барои халқу миллати мо
азизу муқаддас гаштааст, ба осонӣ ба даст наомадааст.
Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ҷумҳурии
мо низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои Шуравӣ Истиқлоли давлатии худро ба даст
овард. Вале, мутаассифона, мо – тоҷикон, ки дар ин давраи хеле ҳассоси таърихӣ
қарор доштем, дар аввал наметавонистем, ки неъмати бузурги Истиқлолро ба
манфиати халқу давлати худ босамар истифода барем.
Воқеаҳои мудҳише, ки солҳои 90-уми асри
XX ба сари мардуми мо омаданд, барои миллати ҷафодидаи мо, ки аз имтиҳонҳои
бузурги таърихӣ гузаштааст, боз як имтиҳони ҷиддиеро дар пеш гузошт: давлати
навакак тозаистиқлол ва миллатро нигоҳ доштан ва ё парокандагии ҳам ину ҳам он.
Дар он рӯзҳои барои миллат пурдаҳшат
қариб, ки ба ояндаи нек боварии касе намонда буд. Хушбахтона, дар чунин давраи
ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва баруманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба
сари қудрат омад ва дар назди халқу миллат бо дили пур ваъда доданд: «Ман ба
Шумо сулҳ меорам» ва иқболи баланди халқи мутамаддини мо ҳамин хел ҳам шуд.
Кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи
миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсози мо, ки парешону
сарсон шуда буд, сарҷамъ шуд. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд. Миллат ба
ваҳдат омад.
Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва
монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари
азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон, «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба
ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Меваи
ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардида, мо ҳаргиз роҳ
намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Он дарахте, ки Пешвои муаззами миллат ба
сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширини бисёре ба самар оварда
истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем. Муносибати нави давлатӣ,
сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ
ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Қӯрғонтеппа
- Кӯлоб, сохтмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба сӯйи уқёнуси ҷаҳон,
роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин аҳвол боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи
бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон
мепайвандад.
Шоири ваҳдатсаро Сафар Амирхон дар шеъри
«Шукри Ваҳдат» моро огаҳ месозад, ки ҳамаи хушбахтиҳои рӯзгор, комёбиҳои мо ва
рӯзгори босаодати мардум бо шарофати Истиқлолу Ваҳдати миллӣ ба даст омадаву
поянда мемонад:
Шукри бахту сулҳу истиқлолу давлат
мекунем,
Шукри фардои саодатбори миллат мекунем.
Бо талошу ҷонфишонӣ сулҳ шуд моро насиб,
Мо ба сулҳи пойдевори хеш савлат
мекунем.
Ҳақиқатан, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан
аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то
рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва
ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти
кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод
шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту
хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.
Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати
соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Даҳр бинмояд ситоиш, мардуми барнодилам.
Хулоса, чун як фарзанди бонангу номус ва
баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва бо ифтихор
метавонам гӯям, ки пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди
бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди фарзонаи миллат устуворӣ бахшида,
такягоҳ аст. Мо ҳамеша бояд кӯшиш намоем, ки ин неъмати бебаҳо доиман пойдору бардавом
дар Ватани мо боқӣ монад ва ба ақидаи Сомеъ Одиназода, онро ба ояндагону
фарзандон низ талқин намоем:
Сарбаландӣ боядат, хоҳӣ, ки бошӣ
муътабар,
Ҷуръае аз ҷоми ваҳдат нӯш кун, ҷони
падар.
АШУРОВА Моҳира, муовини директор оид ба корҳои тарбиявии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб