Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ
single-product

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ

2025-06-14 19:58:42

Бо дарназардошти он, ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва маънавӣ, муттаҳидии табақаҳои гуногуни ҷомеаро дар атрофи ҳадафҳои ягонаи миллӣ — таъмини истиқлолият, амнияти миллӣ, рушди иқтисодӣ ва суботи ҷомеа дар назар дорад.

Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории милли тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад , зеро барои амалигардидани ормонҳои халқамон , ки бо қалби пур аз умед интизори суҳу оромӣ ва дустиву ҳамдигарфаҳмӣ буд, заминаи воқеи гузошт.

Баҳри расидан ба ваҳдати миллӣ, ҳар давлат ва ҷомеа ба раҳбари хирадманд ва дорои иродаи қавӣ ниёз дорад. Дар таҷрибаи сиёсати дохилии Тоҷикистон нақши Эмомалӣ Раҳмон — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, беназир ва сарнавиштсоз аст. Ӯ дар шароити ниҳоят вазнини сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ раҳнамоии миллатро ба ӯҳда гирифта, тавонист кишварро аз вартаи ҷанг наҷот бахшад ва заминаи ваҳдати миллӣ ва давлатдории устуворро гузорад.

Талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ва иродаи матини ӯ дар музокирот бо мухолифин, ниҳодҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кафил ба он овард, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Москва ба имзо расад. Ин рӯйдоди таърихӣ на танҳо поёни ҷанги шаҳрвандиро эълон кард, балки оғози марҳилаи нави ҳаёти осоишта ва бунёдкориро барои Тоҷикистон таъмин намуд.

Имрӯз Рӯзи Ваҳдати миллӣ (27 июн) ҳамчун яке аз санаҳои муқаддаси тақвими миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мешавад ва мардум бо ифтихор аз раҳнамои сулҳ ва ваҳдати худ ёд мекунанд.

Пас аз истиқрори сулҳ, Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус ба рушди фарҳанги миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихӣ ва забони давлатӣ зоҳир намуд. Таъсиси ниҳодҳои иҷтимоӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ваҳдат, пуштибонии рушди минтақавӣ ва сиёсати «дарҳои боз» – ҳама аз сиёсати ваҳдатофарини ӯ маншаъ мегиранд.

Ҳамзамон, Пешвои миллат бо сиёсати хирадмандона дар арсаи байналмилалӣ низ мавқеи Тоҷикистонро устувор кард ва муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҷаҳонро таҳким бахшид, ки ин низ ба оромии дохилӣ ва ваҳдати ҷомеа мусоидат намуд.

Хулоса саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон беназир ва таърихӣ аст. Ӯ на танҳо ҷанги шаҳрвандиро хотима дод, балки ба кишвар неруи нав бахшид ва барои наслҳои оянда заминаи зиндагии осоиштаву ободро муҳайё сохт. Имрӯз, вақте Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ рушд мекунад, ин ҳама натиҷаи заҳматҳои Пешвои миллат ва якпорчагии мардуми ватандӯст мебошад.

Саидҷамол Зайдулоев, корманди Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз