Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > Ваҳдати миллӣ — пояи суботи ҷомеа
single-product

Ваҳдати миллӣ — пояи суботи ҷомеа

2025-06-13 15:45:09

Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои муқаддас ва бунёдии ҳар як миллату давлат мебошад. Миллате, ки ваҳдату якдилиро асос қарор додааст, метавонад дар роҳи тараққиёт, истиқлолият ва шукуфоии зиндагӣ қадамҳои устувор гузорад. Барои миллати тоҷик, ки таърихи пуршебуфароз ва мардуми пордагӯйи дорои фарҳанги бой аст, ваҳдати миллӣ ба унвони кохи умеди нав ва сарчашмаи суботи давлатдорӣ арзи вуҷуд кард.

Тоҷикистони азизи мо дар солҳои 90-уми асри гузашта ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки дар натиҷа ҳазорҳо ҳамватан ҷони худро аз даст доданд, ҳазорон кӯдак ятим ва ҳазорон модар ғамдида гардид. Сарзамини ободу зебои мо ба саҳнаи хоку хун мубаддал гашта буд. Аммо маҳз ба шарофати иродаи қавии фарзандони асили миллат ва раҳбарии оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу субот ба Ватан баргашт ва роҳи ваҳдат боз шуд.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 марҳалаи наве дар таърихи Тоҷикистони муосир гардид. Он на танҳо ба ҷанги дохилӣ нуқта гузошт, балки заминаи рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро фароҳам овард. Аз он рӯз то имрӯз, Ваҳдати миллӣ рамзи ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстиву бародарӣ ва ҳамзистии осоиштаи тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад.

Имрӯз мо дар як кишваре зиндагӣ мекунем, ки дар он тамоми миллату халқиятҳо, новобаста ба забон, мазҳаб ва миллат, зери як парчам, бо як ормон ва бо як умед ба фардои дурахшон дар канори ҳам қарор доранд. Ин ҳама маҳз натиҷаи ваҳдати миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ мебошад.

Ваҳдати миллӣ беҳтарин неъмат ва бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Онро бояд ҳамчун гаҳвораи умед, ҳамчун чароғи роҳнамо ва ҳамчун қалби тапандаи миллат ҳифз кунем. Чунки миллате, ки ваҳдат дорад, оянда дорад.

Ҷаҳонгири АБДУЛВОҲИД,

омӯзгори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ