Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ПЕШВОИ МИЛЛАТ - КАФИЛИ СУЛҲУ ВАҲДАТ
single-product

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - КАФИЛИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

2025-06-13 15:42:29

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронааш Тоҷикистонро дар интиҳои асри ХХ ва ибтидои асри ХХI аз фоҷиаи миллӣ раҳо кард ва миллати тоҷик баъд аз ҳазорсол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

Ҷаҳду талошҳои Сарвари давлат барои ободиву шукуфоии Ватан ва таҳкими Ваҳдати миллӣ барои ҷавонон, манбаи аст. Ҷавонон бояд аз ҳамаи имкониятҳо самаранок ва оқилона истифода баранд ва барои дар оянда боз ҳам ободу зебо шудани Тоҷикистони азиз саҳм гузоранд.

Вақте ки сухан аз Ваҳдати миллӣ меравад, бемуҳобот пеши назари мо хизматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷилвагар мешавад.

Ба ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саранҷом хираду фитрати неку азалии ин мардум як бори дигар ба тоҷики некусиришт имконият дод, то ки дар гирди мизи ҳамдигарфаҳмӣ қарор гиранд ва аз тафаккури дастнигар гузашта, манфиати миллиро аз манфиати шахсии худ болотару волотар гузоранд. Вазифаи пуршарафи насли имрȳзаи мардуми Тоҷикистон хусусан ҷавонон аз он иборат аст, ки пойдевори истиқлолият ва ваҳдати миллии давлатамонро мустаҳкам намуда, шоҳроҳи пешрафти халқро ба суйи ояндаи шукуфон боз кунанд.

Ваҳдати миллӣ ва баҳамоии тоҷикон аз фарҳангу хиради азалӣ ва сулҳпарваронаи ин миллат гувоҳӣ дода, аз муқаддасоттарин арзишҳое мебошад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба даст омадааст. Сарвари давлат бар дӯши худ вазифаи басо пурмасъулият – хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандиро бар зимма гирифтанд ва хушбахтона, онро бо сарбаландӣ иҷро намуданд. Ғояи сулҳ, оштии миллӣ ва авфу ҳамдигарбахшӣ аз муҳимтарин паёмҳое буданд, ки Сарвари давлат ҳанӯз дар рӯзи аввали интихобшуданашон ба миён гузошта буд ва ин паёмҳо ҷавҳари тамоми барномаю фаъолияти баъдии ӯро ташкил намуданд.

Миллати тоҷик дар симои Пешвои миллат ба оламиён исбот намуд, ки сулҳу субот ва оромию амнияти тамоми оламро аз ҳаргуна ҷангу довариҳо боло медонад. Аз талошҳои Президенти кишвар бармеояд, ки барои дӯстию рафоқати байниҳамдигарӣ, меҳру садоқат, эҳтироми арзишҳои бузурги инсон дар миқёси ҷаҳон ва кишвар нақши арзанда бояд дошт. Натиҷаҳои фаъолият ва ҷонбозиҳои содиқонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвар пойдор гардида, давлату миллат аз хавфи нобудӣ наҷот дода шуд. Минбаъд тавассути ҷасорату заковат ва хираду адолатпешагии ин марди хирад муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, тамоми гурезаҳо ба кишвари азизамон бар гардонида шуданд, оилаҳо сарҷамъ шуда, кишвари маҳбубамон ба маҷрои ҳаёти осоишта ва созандагиву бунёдкорӣ қадам ниҳод.

Ба шарофати саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи Ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт. Он баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллат, ҷомеа ва давлатдории тоҷикон заминаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ ба вуҷуд овард.

Ғояи ваҳдати миллӣ, ки решааш сулҳу осудагӣ мебошад, назар ба иқтисодиёт ва сатҳи моддии рӯзгори мардум пеш рафт ва халқро бештар фаро гирифт. Фурӯ нишонидани ҷанги дохилӣ ва ҳифзи якпорчагии мамлакат қадами ҷиддие ба сӯи ваҳдати миллӣ буд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ изҳор доштанд: «Имрӯз дар арафаи яксолагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ман ба халқи худам гуфта метавонам, ки ҳарчанд зисту зиндагонии мардум беҳбудӣ наёфта бошад, ҳарчанд мушкилоти азими иқтисодӣ пешорӯи мо бошад, вале дар бобати хотима бахшидан ба ҷангҳои бародаркушӣ, нигоҳ доштани якпорчагии Ватани азиз ва таъмини сулҳу осоиш барои шаҳрвандон, мо вазифаи аввалиндараҷаи худро иҷро кардем».

Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Боиси сарфарозист, ки тайи солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила роҳи рушдро тай мекунад ва сол то сол ба хазинаи кишвари азизи мо дастоварде зам шуда истодааст. Фароҳам омадани заминаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва рукнҳои асосии давлатдорӣ, пуриқтидор гаштани Артиши миллӣ, таъмини амнияти комил, бунёди иншоот ва инфрасохтори таъиноташ гуногун, азнавсозӣ ва бунёди роҳҳо, ба миён омадани корхонаҳои хурду бузург, рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илму маориф, соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, варзишу саёҳӣ, қабул ва амалигардонии даҳҳо барномаҳои давлатӣ ва ҳазорҳо дастовардҳои дигар ҳамагӣ аз самари бобаракати Ваҳдати миллии тоҷикон гувоҳӣ медиҳанд.

Барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ боис гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун давлат аз хатари нестшавӣ наҷот ёфта, миллати сарбаланди тоҷик соҳиби давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гардид. Бо ин ҳама хизматҳои шоён ва содиқ будан ба ин халқу Ватан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалби хурду бузурги мардуми тоҷик маскан гирифта, қуввату марҳам ба қалби пурэҳсоси онҳо гаштаанд. Аз сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар мардуми тоҷик сарфароз гашта, бо чунин сарвари адолатпарвар мефахранд ва доимо дуогӯю шукргузор аз он ҳастанд, ки чунин Сарвари хирадманд, оқил ва пуштибонро насиб гардонидааст.

Бошад, ки дар ватани маҳбуби мо, Тоҷикистони азиз фазои сулҳу субот ҳукмфармо бошаду мардуми шукргузори тоҷик дар зери партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон давлатдорӣ намуда, Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию ҳуқубунёд ва дунявӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи хосаро ишғол намояд.

Мо дар баробари ин ҳама хизматҳои шоёни беҳтарин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ Пешвои муаззами миллат садҳо мақола нависем, китобҳо чоп кунем вале бозҳам камаст. Умедворам, ки хизматҳои шоистаи ин абармарди арсаи сиёсат дар таърихи башар бо хатҳои заррин сабт хоҳанд шуд.

Моро зарур аст, ки шукргузорӣ аз ваҳдати комил намуда, дар кишвари азизамон бо мардуми сарбаланди он дар зери осмони софу беғубор зиндагӣ ва кору фаъолият намоем.

Дилшод ДАВЛАТШОҲЗОДА,

сармутахассиси шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои махсуси Кумита