
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ОМИЛИ ШУКУФОИВУ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ
2025-06-13 15:41:17
Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои
муҳимтарини таърихии мардуми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад.
Зеро бо имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар
Тоҷикистон, ки бо талошу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, дар китоби сарнавишти
миллати куҳанбунёди мо саҳифаи наве боз шуд, ки роҳи ояндаро ба сӯи бунёди
давлати демокративу ҳуқуқбунёд равшан сохт.
Имрӯз кишвари азизамон бо
шарофати Ваҳдати миллӣ ва ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат рӯз
аз рӯз ободу зебо ва рӯзгори мардум беҳтар гардида, баҳри сазовор истиқбол
намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми
қаламрави кишвари маҳбубамон корҳои бунёдкориву созандагӣ бомаром ҷараён
доранд.
Сулҳу ваҳдат ва ризояти миллӣ бо
қадами мубораки фарзонафарзанди ҷонфидои Ватан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ
- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар
ҷомеа устувор гардида, соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат рушд ёфта, мактабу
маориф ва илму дониш мавқеи худро боз ҳам устувор намуд.
Таҳкими Ваҳдати миллӣ ва
Истиқлоли давлатӣ – ин ду рукни асосӣ боиси рушд ва шукуфоии Тоҷикистони
соҳибистиқлол гардида, дар марҳилаи кунунӣ ваҳдат бевосита кафили рушди
устувору муътадили ҷомеа дониста мешавад. Дар ҷодаи расидан ба ин ҳадафҳои
воқеан олӣ,моро зарур аст, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиамонро
ҳамаҷониба таҳлил намоем ва ба рӯйдодҳои таърихии замони муосир баҳои воқеӣ ва
ҳақиқӣ диҳем.
Ин саннаи таърихӣ, ки бо суботи
сиёсӣ ва ваҳдату ягонагии Ватани маҳбубамон иртиботи қавӣ дорад, аз Иҷлосияи
ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон сарчашма гирифта, ҳамчун рӯйдоди муҳимму сарнавиштсоз
ба хотима ёфтани мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезиҳо, таъмин гардидани
сулҳу оромии комил, бунёди давлати демократӣ ва тантанаи адолату ҳақиқат
мусоидат намуд.
Ба даст овардани оштии миллӣ ва
ризоияти ҳамаи табақаҳои мардуми кишвар бори дигар собит намуд, ки роҳи
пешгирифтаи Сарвари хирадманд - меъмори сулҳу ваҳдат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
дуруст ва бесобиқа аст. Маҳз ваҳдат аст, ки имрӯз кишвари моро дар ҷаҳон мешиносанд
ва мо низ шукрона мекунем, ки мардуми соҳибватанем. Ваҳдат асоси пешравии
Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони миллати моро таъмин кард ва имрӯз ҳам ба
зиндагии мардум маънии тоза бахшида, саҳифаҳои нав ба наверо боз намуда
истодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати
миллии Тоҷикистонро арзиши волою муқаддас ва дар баробари Истиқлоли давлатӣ
заминаи асосии дигаргунсозиҳои демократӣ ном бурда, таъкид менамоянд: “Мо имрӯз
метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ
дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи
ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар
гардид”.
Сиёсатеро, ки Сарвари давлатамон
дар ин ҷода анҷом дода истодаанд, на танҳо байни мардуми Тоҷикистон обрӯву
манзалати зиёде пайдо карданд, балки дар тамоми дунё ҳамчун як таҷрибаи нодир
ва сулҳпарварона эътироф гардида гардида, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст.
Бинобар ин, имрӯз беш аз ҳар вақти дигар мо бояд дарк карда бошем, ки танҳо дар
сурати таҳкими ҳамаҷонибаи ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд,
рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣмеорад вакишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту
тараққиёт ворид мегардад. Бо роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро
устувор карда метавонем.
Ваҳдати миллӣ ба сатҳи худшиносии
миллӣ ва дарки амиқи моҳияти ватандорӣ вобастагии ногусастанӣ дорад. Зарурат ва
аҳамияти бузурги Ваҳдати миллӣ махсусан дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат
эҳсос мешавад. Зеро соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як халқу кишвар
кори саҳлу осон нест, ҳифзу таҳкими ин ганҷинаи бебаҳо бошад,кори мушкилтар аз
он аст. Роҳи расидан ба Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ шояд дар тасаввур
осон намояд, вале амалияи ҷамъиятӣ нишон медиҳад, ки ҳифзи истиқлол ва Ваҳдати
миллӣ аз ҳар як сокини кишвар ҷаҳду талошҳои зиёд, маърифатнокӣ ва маданияти
сиёсии устуворро тақозо менамояд.
Ҳамаи ин ободиву шукуфоӣ ва
якдилии мардуми сарбаландикишвар натиҷаи Ваҳдати миллӣ ва заҳмату талошҳои
пайдарпайи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аз ин ҷост, ки пиру
ҷавони мамлакатро зарур аст, то тамоми имконоту иқтидори мавҷударо барои ҳифзи
арзишҳои Истиқлолу озодӣ ва Ваҳдати миллӣ равона созанд ва дар бунёди ояндаи
босуботи мамлакат ҳиссаи боризи худро гузоранд.
ОДИНАЗОДА Латофат Амиршо,
директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри
Кӯлоб,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент